ДЕРИЛАЙФ МАЛӼАМ
Бозгашт ба маҳсулот0,5 мг/ г
| Шакл | Малӽам |
|---|---|
| Фаъол модда | Клобетазол пропионат |
| Шакли пешниҳод | Малӽами 0,05% - 50 г. |
| Категорияи табобат | Беморихои пуст |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 г малхам:
клобетазол пропионат — 0,5 мг.
НИШОНДОДҲО
- псориаз;
- экзема (шаклҳои гуногун);
- лишайи сурхи ҳамвор;
- сурхчабемории дискоидӣ;
- бемориҳои пӯст, ки ба табобат бо глюкокортикостероидҳои камфаъол барои истифодаи маҳаллӣ тобовар мебошанд.
Дору барои осебҳои пӯст, ки бо таршавӣ ва илтиҳоби шадид ҳамроҳанд, тавсия дода мешавад.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Креми Дерилайф барои истифодаи берунӣ пешбинӣ шудааст.
Кремро бо қабати тунук ба ҷойҳои осебдидаи пӯст 1–2 маротиба дар як шабонарӯз то ба даст омадани таъсири табобатӣ мемоланд. Давомнокии табобат бе арзёбии зарурати идомаи он набояд аз 4 ҳафта зиёд бошад.
Барои табобати авҷгирии бемориҳои пӯст метавон курсҳои кӯтоҳи такрории табобат бо Дерилайф гузаронд. Агар идомаи табобат бо глюкокортикостероидҳо зарур бошад, истифодаи доруҳои камфаъолтар тавсия дода мешавад.
Дар ҳолатҳои махсусан тобовар, хусусан ҳангоми мавҷудияти гиперкератоз, таъсири зиддиилтиҳобии креми Дерилайфро метавон бо гузоштани бандинаи окклюзионии плёнкаи полиэтиленӣ ба минтақаи истифодаи дору дар шаб тақвият дод. Минбаъд таъсири бадастомадаро одатан бе истифодаи бандинаи окклюзионӣ нигоҳ доштан мумкин аст.
шАКЛИ БАРОРИШ
Малхам барои истифодаи берунӣ, 50 г.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Дерилайф — глюкокортикостероид барои истифодаи берунӣ мебошад. Клобетазол пропионат таъсири зиддиилтиҳобӣ, зиддихориш ва рагтангкунанда дорад.
Таъсири зиддиилтиҳобии глюкокортикостероидҳо ба фурӯнишонии омилҳои гуногуни илтиҳобӣ асос ёфтааст: кам шудани хориҷшавии моддаҳои вазоактивӣ ва хемоаттрактантҳо, кам шудани секрецияи липазаҳо ва протеазаҳо, кам шудани муҳоҷирати лейкоцитҳо ба маркази илтиҳоб ва ҷамъшавии онҳо, инчунин равандҳои фиброз.
Бо индуксияи липокортинҳо глюкокортикостероидҳо фосфолипазаи A2-ро бозмедоранд ва озодшавии кислотаи арахидониро кам мекунанд, ки боиси кам шудани синтези простагландинҳо ва лейкотриенҳо мегардад. Инчунин синтези ситокинҳои зиддиилтиҳобӣ (интерлейкин-1, интерлейкин-6, фактори некрози омос алфа ва дигарон) ва сафедаҳои марҳилаи шадиди илтиҳоб фурӯ нишонда мешавад.
Ҳангоми молидан ба пӯст клобетазол пропионат зуд нишонаҳои илтиҳоб (эритема, варам, лихенификатсия) ва аломатҳои субъективӣ (хориш, ангезиш, дард)-ро коҳиш медиҳад. Он ба гурӯҳи глюкокортикостероидҳои пурқуввати маҳаллӣ дохил мешавад.
Фармакокинетика:
Консентратсияи максималии миёнаи клобетазол пропионат дар плазма (0,63 нг/мл) пас аз 13 соат баъд аз аввалин молидан ва 10 соат баъд аз такрори истифодаи 30 г дору ба пӯсти солим ба даст меояд. Метаболизми системавии он пас аз ҷаббиши трансдермалӣ омӯхта нашудааст.
ЗИДНИШОНДОДҲО
Ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору; акнеи ҷавонӣ ва роза (acne vulgaris); саратони пӯст; хориши гиреҳии Гайда; дерматити периоралӣ; хориши перианалӣ ва узвҳои таносул; бемориҳои бактериявӣ, вирусӣ ва занбӯруғии пӯст (герпеси оддӣ, обилаи бодӣ, сили пӯст, актиномикоз ва ғайра); псориази паҳншудаи бляшкӣ ва пустулёзӣ; синни то 1 сол; давраи ширмаконӣ.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Истифодаи дарозмуддати глюкокортикостероидҳои маҳаллӣ дар вояҳои баланд ё молидани онҳо ба сатҳҳои васеи пӯст метавонад бо ҷаббиши системавӣ ва пайдоиши нишонаҳои гиперкортицизм ҳамроҳ гардад. Хатари ин ҳолат дар кӯдакон баландтар аст, махсусан ҳангоми истифодаи бандинаи окклюзионӣ, ки пелёнка метавонад чунин вазифаро иҷро кунад.
Табобати дарозмуддат бо глюкокортикостероидҳои пурқуввати маҳаллӣ метавонад тағйироти атрофии пӯстро ба вуҷуд орад, аз ҷумла тунукшавии пӯст, пайдоиши стрияҳо, васеъшавии рагҳои сатҳӣ, махсусан ҳангоми истифодаи бандинаи окклюзионӣ ва дар минтақаҳои чиндор. Пигментатсияи пӯст ва гипертрихоз низ имконпазир аст.
Дар ҳолатҳои нодир табобати псориаз бо глюкокортикостероидҳои маҳаллӣ (ё қатъи онҳо) метавонад псориази пустулёзиро ба вуҷуд орад.
Баъзан доруи Дерилайф метавонад аломатҳои бемориро бадтар кунад.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Маълумот дар бораи таъсири мутақобила бо дигар доруҳо мавҷуд нест.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Истифодаи дарозмуддати глюкокортикостероидҳои маҳаллӣ бояд пешгирӣ карда шавад, махсусан дар кӯдакони хурдсол, зеро эҳтимоли фурӯнишонии фаъолияти ғадудҳои болои гурда вуҷуд дорад. Истифода дар кӯдакон назорати духтурро ҳадди ақал як маротиба дар як ҳафта талаб мекунад.
Дар пӯсти рӯй ҳангоми истифодаи дарозмуддат тағйироти атрофӣ нисбат ба дигар ҷойҳо бештар ба амал меоянд.
Ҳангоми молидан ба пилкҳо бояд аз расидани дору ба чашмҳо худдорӣ кард, зеро ин метавонад глаукомаро ба вуҷуд орад.
Табобати псориаз бо глюкокортикостероидҳои маҳаллӣ метавонад бо такроршавии беморӣ, таҳаммулпазирӣ, шакли пустулёзии паҳншуда, инчунин реаксияҳои заҳролудшавии маҳаллӣ ё системавӣ вобаста ба вайрон шудани функсияи муҳофизатии пӯст ҳамроҳ гардад, бинобар ин назорати ҷиддии бемор зарур аст.
Ҳангоми пайдо шудани сирояти дуюмдараҷа бояд табобати зиддибактериявӣ гузаронида шавад. Дар ҳолати паҳншавии сироят истифодаи глюкокортикостероидҳои маҳаллӣ қатъ карда шуда, табобати зиддибактериявӣ оғоз мегардад.
Шароити гарму намнок ҳангоми истифодаи бандинаи окклюзионӣ ба рушди сирояти бактериявӣ мусоидат мекунад, бинобар ин пеш аз иваз кардани бандина пӯст бояд тоза карда шавад.
Кремро бо дигар моддаҳо омехта (разбавлять) кардан тавсия дода намешавад.
Истифода дар ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ:
Ҳангоми ҳомиладорӣ креми Дерилайф бояд бо эҳтиёт истифода шавад. Бехатарии клобетазол пропионат дар давраи ширмаконӣ муқаррар нашудааст.
Истифода дар педиатрия:
Ба кӯдакони то 1-сола манъ аст.
Таъсир ба қобилияти идоракунии нақлиёт ва механизмҳо:
Таъсири манфии клобетазол пропионат ба ин қобилиятҳо муайян нашудааст.
Доруро дар ҷои барои кӯдакон дастнорас нигоҳ дошта, пас аз анҷоми мӯҳлати истифода истифода накунед.