0,25 мг / 0,03 мг

Шакл Ҳабҳо
Фаъол модда Деквалиний хлорид / Дибукаин гидрохлорид
Шакли пешниҳод 20-то ҳаб
Категорияи табобат Гурухи умуми.

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 таблетка:

Деквалиний хлорид - 0,25мг

Дибукаин гидрохлорид —0,03 мг.

НИШОНДОДҲО 

Табобати маҳаллии симптоматикии бемориҳои сироятӣ ва илтиҳобии ковокии даҳон ва ҳалқ, аз ҷумла ангина, фарингит, тонзиллит, стоматит, афтоз, глоссит, гингивит, бемориҳое, ки аз микробхо, вирусхо ва занбӯруғҳои паразитӣ (микозҳо) ба вуҷуд меоянд, инчунин нигоҳубини бемор пеш аз ҷарроҳӣ ва баъд аз ҷарроҳӣ.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Хабҳо барои ҳал шудан дар ковокии даҳон пешбинӣ шудаанд. Хабҳоро бояд оҳиста, бе хоидан ҳал кард. Давомнокии табобат аз ҷониби духтур ба таври инфиродӣ муайян карда мешавад.

Ба калонсолон ва кӯдакони аз 12-сола боло 1 хаб ҳар 2 соат таъин карда мешавад; пас аз кам шудани нишонаҳои илтиҳоб — 1 хаб  ҳар 4 соат.

Ба кӯдакони аз 4-сола боло 1 хаб ҳар 3 соат таъин карда мешавад; пас аз кам шудани нишонаҳои илтиҳоб — 1 хаб ҳар 4 соат.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Ҳабҳо барои макидан №20

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Деквалиний хлорид нисбат ба микроорганизмҳое, ки сироятҳои омехтаи ковокии даҳон ва гулӯро ба вуҷуд меоранд, таъсири бактерисидӣ ва фунгистатикӣ дорад. Дору нисбат ба бактерияҳои грам-мусбат ва грам-манфӣ, занбӯруғҳо, спирохетаҳо ва дигар ангезандаҳои сироятҳои ларингофарингеалӣ спектри васеи таъсир дорад. Ба миқдори хеле кам ҷаббида мешавад.

Дибукаин гидрохлорид- анестетики маҳаллии навъи амидӣ буда, дарди ҳамроҳи равандҳои илтиҳобии ковокии даҳон ва гулӯро коҳиш медиҳад , ҳассосият ва дардро ҳангоми истифодаи маҳаллӣ кам мекунад. Таъсири бедардкунанда тақрибан баъд аз 5 дақиқа пайдо мешавад. Дар ҷигар метаболизм шуда, асосан тавассути пешоб хориҷ мегардад. Дору боиси рушди кариес намегардад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

Ҳассосияти баланд ба ҳар яке аз ҷузъҳои дору; аллергияи маълум ба анестетикҳои навъи амидӣ (лидокаин гидрохлорид) ё пайвастагиҳои чорвалентии аммоний (бензалконий хлорид); осебҳои шадиди луобпардаи ковокии даҳон, кудакон то синни 4 сола.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Хеле кам — доначаҳои пӯст ва аксуламалҳои аллергӣ, ки бо хориш ҳамроҳӣ мекунанд.

Лидокаин гидрохлорид: хеле кам — аксуламалҳои токсикӣ ҳангоми вояи аз ҳад зиёд ё осебёбии луобпардаи ковокии даҳон, аксуламалҳои ҳассосияти баланд. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Самаранокии дору ҳангоми истифодаи ҳамзамон бо тензидҳои анионӣ, ки дар хамираҳои оддии дандон мавҷуданд, коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, доруи Дебара бояд на барвақттар аз 30 дақиқа пас аз шустани дандон истифода шавад. Аз истифодаи ҳамзамон бо дигар анестетикҳо худдорӣ намудан лозим аст. 

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Азбаски дору шакар надорад, онро метавон дар беморони гирифтори диабети қанд истифода бурд. Дору сорбитол дорад, бинобар ин набояд ба беморони гирифтори бемориҳои нодири ирсӣ, аз ҷумла синдроми таҳаммулнопазирии фруктоза, таъин карда шавад.

Истифода дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ:

 Тадқиқотҳои назоратшаванда оид ба истифодаи дору ҳангоми ҳомиладорӣ гузаронида нашудаанд. Дар давраи ҳомиладорӣ доруи Дебара танҳо пас аз машварат бо духтур ва дар ҳолате истифода мешаванд, ки фоидаи интизоршаванда барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин зиёд бошад.

Маълумот оид ба гузариши моддаҳои фаъол ба шири модар мавҷуд нест, бинобар ин истифодаи дору дар давраи ширмаконӣ тавсия дода намешавад.

Истифода дар педиатрия:

 Доруи Дебара ба кӯдакони то 4-сола таъин карда намешавад.

Таъсир ба қобилияти идоракунии нақлиёт ва механизмҳо:

 Тадқиқотҳо оид ба таъсири дору ба қобилияти идора кардани нақлиёт ва механизмҳо гузаронида нашудаанд. Эҳтимоли таъсири манфии дору ба ин функсияҳо хеле кам аст.