125 мг / 375 мг / 3000 ВБ

Шакл Гранулаҳо
Фаъол модда "Фитати калсий-магний / Глюконати калсий / Витамини Д₂"
Шакли пешниҳод Флакон 75 г.
Категорияи табобат Гурухи умуми.

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 5 г гранула:

фитати калсий-магний – 125 мг;

глюконати калсий – 375 мг;

витамин D2 – 3000  ВБ (МЕ).

НИШОНДОДҲО 

Пешгирӣ ва табобати рахит; ихтилоли мубодилаи калсий, ки бо остеопатия, спазмофилия, вайроншавии равандҳои ташаккули устухон, таъхири баромадани дандонҳо ва сустшавии рушд дар давраи инкишофи босуръати организм ҳамроҳ мешаванд.

Пешгирии остеопорози пайдоиши гуногун.

Ҳолатҳое, ки талабот ба витамини D ва калсий зиёд мегардад:

    • кӯдаконе, ки бо шири модар ғизо мегиранд ва/ё кам дар ҳавои тоза қарор доранд; 
    • кӯдаконе, ки бо ғизои сунъӣ ғизо мегиранд ва норасоии витамини D доранд; 
    • синдроми малабсорбсия, дарунравии музмин, гастрэктомия; 
    • фарсудашавии системаи асаб; 
    • стеаторея; 
    • бемороне, ки терапияи гормонӣ, доруҳои зиддикашанда, иммунодепрессантҳо, антацидҳои дорои алюминий ё диуретикҳоро қабул мекунанд.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Д-Кальцин ба таври даҳонӣ истифода мешавад.

Пешгирии остеопороз: 1000–2000 МЕ дар як шабонарӯз (¼–½ косаи ченкунанда).

Пешгирии рахит ва остеомаляция: 400 МЕ дар як шабонарӯз (1 қошуқи қаҳвагӣ).

Табобати норасоии витамини D дар ғизо, рахит ва остеомаляция:

    • Калонсолон: 1000–2000 МЕ дар як шабонарӯз (¼–½ косаи ченкунанда). 
    • Кӯдакон: 1000–4000 МЕ дар як шабонарӯз (¼–1 косаи ченкунанда). 

Табобат бояд дар давоми чанд моҳ идома ёбад. Пас аз анҷоми курси табобат, дар ҳолати зарурат, ба вояҳои профилактикии витамини D (400 МЕ) ҳам барои калонсолон ва ҳам барои кӯдакон гузаронида мешавад.

Табобати остеомаляция дар бемороне, ки доруҳои зиддикашанда (антиконвульсантҳо)-ро муддати дароз қабул мекунанд:

    • Калонсолон: 1000–4000 МЕ дар як шабонарӯз (¼–1 косаи ченкунанда). 
    • Кӯдакон: 1000 МЕ дар як шабонарӯз (¼ косаи ченкунанда). 

Азбаски ҳассосият ба таъсири витамини D метавонад гуногун бошад, миқдор бояд мувофиқи ҷавоби клиникӣ танзим карда шавад. Тибқи меъёри умумӣ, нишондиҳандаи хуноба Ca × P (мг/дл) набояд аз 58 зиёд бошад.

шАКЛИ БАРОРИШ

 75 г гранула дар зарф бо сарпӯши печдор.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика:

 Д-Кальцин маҷмӯи минералҳо ва витамини D2 буда, танзимкунандаи мубодилаи калсий ва фосфор мебошад.

Фитати калсий-магний (фитин) пайвастагии мураккаби органикии фосфор буда, омехтаи намакҳои калсий ва магнийро дар бар мегирад. Он рушд ва инкишофи бофтаи устухонро тақвият медиҳад. Фосфор унсури муҳиме мебошад, ки ба таркиби сафедаҳо, кислотаҳои нуклеинӣ ва бофтаи устухон дохил мешавад. Пайвастагиҳои фосфор дар мубодилаи энергия иштирок мекунанд (кислотаи аденозинтрифосфат ва креатин-фосфат захираи энергия мебошанд); фаъолияти мушакӣ, зеҳнӣ ва фаъолияти ҳаётии организм бо табдилёбии онҳо вобаста аст. Фосфор инчунин ба фаъолияти дил ва гурдаҳо таъсир мерасонад.

Глюконати калсий, ки ба таркиби дору дохил мешавад, норасоии калсийро дар организм ҷуброн мекунад. Калсий асоси бофтаи устухонро ташкил медиҳад, фаъолияти як қатор ферментҳои муҳимро фаъол мегардонад, дар нигоҳ доштани тавозуни ионӣ дар организм иштирок мекунад ва ба равандҳои системаи асабу мушак ва дилу рагҳо таъсир мерасонад.

Витамини D2 мубодилаи Ca2+ ва фосфорро дар организм танзим мекунад. Метаболитҳои фаъоли он (аз ҷумла калситриол) ба осонӣ аз мембранаҳои ҳуҷайра гузашта, бо ретсепторҳои махсус дар ҳуҷайраҳои узвҳои ҳадаф пайваст мешаванд, ки ин ба фаъолшавии синтези сафедаҳои пайвасткунандаи калсий, беҳтар шудани ҷаббиши калсий ва фосфор дар рӯда, зиёд шудани реабсорбсияи онҳо дар найчаҳои проксималии гурда ва афзоиши ҷамъшавии онҳо дар бофтаи устухон мусоидат намуда, резорбсияи устухонро пешгирӣ мекунад.

Фармакокинетика:

 Таъсири дору бо хусусиятҳои маҷмӯии ҷузъҳои он вобаста аст, бинобар ин гузаронидани таҳқиқоти фармакокинетикӣ имконнопазир мебошад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

Ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору, остеодистрофияи гурда бо гиперфосфатемия, норасоии шадиди гурда, майл ба тромбоз, гиперкалсемияи шадид, гипервитаминози D, гиперпаратиреоз.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Дору одатан хуб таҳаммул карда мешавад.

Ҳангоми истифодаи дору таъсирҳои номатлуби зерин метавонанд ба вуҷуд оянд: дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарунравӣ, брадикардия ва реаксияҳои аллергӣ. Ҳангоми истифодаи дарозмуддат эҳтимоли пайдоиши гиперкалсемия вуҷуд дорад. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Таъсири заҳролудкунанда тавассути витамини A, токоферол, кислотаи аскорбин, кислотаи пантотен, тиамин ва рибофлавин суст карда мешавад.

Ҳангоми гипервитаминози D эҳтимоли пурзӯр шудани таъсири гликозидҳои дил ва зиёд шудани хатари аритмия вобаста ба рушди гиперкалсемия вуҷуд дорад; бинобар ин ислоҳи вояи гликозидҳои дил мувофиқи мақсад мебошад.

Зери таъсири барбитуратҳо (аз ҷумла фенобарбитал), фенитоин ва примидон эҳтиёҷ ба эргокалсиферол метавонад ба таври назаррас зиёд гардад, зеро суръати метаболизм афзоиш меёбад.

Табобати дарозмуддат ҳангоми истифодаи ҳамзамон бо антацидҳои дорои Al3+ ва Mg2+ консентратсияи онҳоро дар хун зиёд намуда, хатари заҳролудшавиро баланд мебардорад.

Калситонин, ҳосилаҳои кислотаҳои этидрон ва памидрон, пликамицин, нитрати галлий ва воситаҳои глюкокортикоидӣ таъсири доруро коҳиш медиҳанд.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Дору бояд бо эҳтиёт дар беморони гирифтори норасоии гурда истифода бурда шавад.

Бояд ба назар гирифта шавад, ки ҳассосият ба витамини D дар беморон гуногун аст ва дар баъзе шахсон ҳатто вояҳои табобатӣ метавонанд нишонаҳои гипервитаминозро ба вуҷуд оранд. Ҳассосияти навзодон ба витамини D низ метавонад фарқ кунад; баъзе онҳо ҳатто ба вояҳои хеле кам ҳассос мебошанд.

Дар шахсони солхӯрда эҳтиёҷ ба витамини D метавонад зиёд гардад, ки ин ба коҳиш ёфтани ҷаббиши витамини D, кам шудани вақти дар офтоб будан ва зиёд шудани басомади норасоии гурда вобаста аст.

Дору бояд бо эҳтиёт дар беморони гирифтори шаклҳои фаъоли сил ва саркоидоз истифода шавад, зеро эҳтимоли калсификатсияи гранулёмаҳо вуҷуд дорад.

Истифода дар ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ:

 Дар давраи ҳомиладорӣ истифодаи витамини D дар вояҳои баланд тавсия дода намешавад, зеро ҳангоми воязиёдкунӣ эҳтимоли таъсири тератогенӣ вуҷуд дорад.

Д-Кальцин бояд бо эҳтиёт ба занони ширдеҳ таъин карда шавад, зеро доруе, ки модар дар вояҳои баланд қабул мекунад, метавонад дар кӯдак нишонаҳои воязиёдкуниро ба вуҷуд орад.

Истифода дар педиатрия:

 Дору метавонад дар амалияи педиатрӣ истифода шавад.