КЛАВОМЕД СУСП.
Бозгашт ба маҳсулот156.25 мг/5 мл
| Шакл | Хока б/сусп. |
|---|---|
| Фаъол модда | Амоксициллин / Кислотаи клавуланӣ |
| Шакли пешниҳод | Флакон 80 мл |
| Категорияи табобат | Маводхои зидиинфектсиони |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 5 мл суспензия:
амоксициллин/кислотаи клавуланӣ 156,25 мг (125 мг/31,25 мг) мавҷуд аст.
НИШОНДОДҲО
· Сироятҳои роҳҳои нафас ва узвҳои ЛОР (синусити шадид ва музмин, отити миёнаи шадид ва музмин, тонзиллофарингит, бронхити шадид ва музмин, пневмония);
· Сироятҳои роҳҳои пешоб (аз ҷумла цистит, уретрит ва пиелонефрит);
· Сироятҳои устухон ва бофтаҳои пайвасткунанда, аз ҷумла остеомиелити музмин;
· Сироятҳои пӯст ва бофтаҳои нарм, аз ҷумла флегмона ва сирояти захмҳо;
· Сироятҳои роҳҳои талхагузар (холецистит ва холангит);
· Бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда (гонорея ва шанкроид);
· Сироятҳои одонтогенӣ (марбут ба дандон ва бофтаҳои атрофи он);
·Пешгирии сироятҳо ҳангоми мудохилаҳои ҷарроҳӣ.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Барои истеъмоли даҳонӣ.
Барои навзодон ва кӯдакони то 3-моҳа вояи стандартӣ 30 мг амоксициллин ба ҳар 1 кг вазни бадан дар як шабонарӯз мебошад, ки ба 2 қабул тақсим карда мешавад.
Вояҳои стандартӣ барои кӯдакони аз 3-моҳа боло вобаста ба вазни бадан муайян карда мешаванд.
| Синну сол ва вазни бемор | Суспензия 156,25 мг/5 мл |
| Кӯдакони 10–12 сола, вазн 29–31 кг | 15 мл 3 маротиба дар як шабонарӯз |
| Кӯдакони 6–9 сола, вазн 19–28 кг | 10 мл 3 маротиба дар як шабонарӯз |
| Кӯдакони 1–5 сола, вазн 10–18 кг | 5 мл 3 маротиба дар як шабонарӯз |
| Кӯдакони аз 3-моҳа то 1-сола, вазн 5–9 кг | 2,5 мл 3 маротиба дар як шабонарӯз |
| Кӯдакони аз 3-моҳа то 1-сола, вазн 2–4 кг | 2,5 мл 1–2 маротиба дар як шабонарӯз |
шАКЛИ БАРОРИШ
хока барои тайёр кардани суспензия барои истеъмоли даҳонӣ, дар флакони 80 мл.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика ва фармакокинетика
Клавомед маҷмӯи амоксициллин — пенициллини нимсинтетикӣ бо доираи васеи таъсири зиддибактериявӣ ва кислотаи клавуланӣ — ингибитори бебозгашти β-лактамазаҳо мебошад.
Кислотаи клавуланӣ бо ин ферментҳо маҷмааи устувори ғайрифаъол ташкил намуда, амоксициллинро аз гум шудани фаъолияти зиддибактериявӣ, ки дар натиҷаи ҳосил шудани β-лактамазаҳо аз ҷониби микроорганизмҳои бемориовар, ҳамроҳбемориовар ва шартан бемориовар ба вуҷуд меояд, муҳофизат мекунад. Худи кислотаи клавуланӣ фаъолияти сусти зиддибактериявӣ дорад.
Пас аз истеъмоли даҳонӣ ҳар ду ҷузъи дору зуд аз роҳи меъдаю рӯда ҷаббида мешаванд. Истеъмоли ҳамзамони ғизо ба ҷаббиш таъсир намерасонад. Дастрасии биологӣ тақрибан 90%-ро ташкил медиҳад. Консентратсияи максималӣ дар плазмаи хун баъди 45 дақиқа ба даст меояд. Давраи нимхориҷшавии амоксициллин 88 дақиқа ва кислотаи клавуланӣ 60 дақиқаро ташкил медиҳад. Дору дар консентратсияи баланд дар узвҳо ва моеъҳои гуногуни организм муайян карда мешавад.
Дар давоми 24 соати аввал 68% вояи кислотаи клавуланӣ бо пешоб, 17% тавассути ҳавои нафасбарорӣ ва 8% бо наҷосат хориҷ мегардад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· Зардпарвин ё вайроншавии фаъолияти ҷигар, ки қаблан ҳангоми истифодаи дору ба вуҷуд омадааст;
· Ҳассосияти баланд ба антибиотикҳои β-лактамӣ (аз ҷумла пенициллинҳо ва цефалоспоринҳо);
·Мононуклеози сироятӣ.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Дар аксари ҳолатҳо таъсирҳои номатлуб сабук буда, хусусияти муваққатӣ доранд.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Истифодаи ҳамзамони Клавомед бо пробенецид тавсия дода намешавад. Пробенецид секресияи найчавии амоксициллинро дар гурдаҳо кам намуда, метавонад боиси зиёд шудани консентратсияи он дар хун гардад.
Ҳангоми истифодаи ҳамзамони аллопуринол ва амоксициллин хавфи пайдоиши аксуламалҳои аллергӣ зиёд мешавад.
Мисли дигар антибиотикҳои дорои доираи васеи таъсир, Клавомед метавонад самаранокии контрасептивҳои даҳониро коҳиш диҳад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Доруро ба бемороне, ки ба аксуламалҳои аллергӣ майл доранд, бо эҳтиёт таъин мекунанд.
Ҳангоми истифодаи ҳамзамони Клавомед ва антикоагулянтҳо назорати мувофиқ зарур аст, зеро мумкин аст вақти протромбин зиёд гардад.
Ҳангоми истифодаи дору дар беморони дорои вайроншавии фаъолияти ҷигар эҳтиёткорӣ лозим аст.
Истифодаи дору ҳангоми ҳомиладорӣ танҳо дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки манфиати интизоршаванда барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин ё кӯдак бештар бошад.