8,0 мг / 2,5 мг / 100 мг

Шакл Суспензия
Фаъол модда "Бромгексин гидрохлорид / Тербуталин сулфат / Гвайфенезин"
Шакли пешниҳод Флакон 100 мл
Категорияи табобат Системаи узвхои нафаскаши

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар хар 10 мл шарбат:

Бромгексин гидрохлорид — 8,0 мг

Тербуталин сулфат — 2,5 мг

Гвайфенезин — 100 мг

НИШОНДОДҲО 

• Табобати симптоматикии сулфа, ки бо бронхоспазм ҳамроҳӣ мекунад;

 • Дар таркиби табобати маҷмӯии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас (ларингит, трахеобронхит, бронхити обструктивӣ, астмаи бронхиалӣ). 

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Бровенсинро ба таври даҳонӣ пас аз 30 дақиқаи хӯрок истеъмол мекунанд. Препаратро метавон бо об ё шарбати мевагӣ омехта намуд. 

Бровенсин таъин карда мешавад:

СИНУ СОЛМИҚДОРИ ДОРУ
Кӯдакони аз 2 то 6 сола:2,5 мл шарбат 3-4 маротиба дар як рӯз
Кӯдакони аз 6 то 12 сола:5 мл шарбат 3 маротиба дар як рӯз
Калонсолон ва кӯдакони аз 12 сола боло:10 мл шарбат 3 маротиба дар як рӯз

Дар марҳилаи ибтидоии табобат, миқдорро метавон ду баробар зиёд намуд.

шАКЛИ БАРОРИШ

Шарбат дар флакон 100 мл.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика

 Бровенсин доруи якҷоя буда, таъсири муколитикӣ, бронх васеъкунанда ва балғамрон дорад.

Бромгексин часпакии балғамро кам карда, хориҷшавии онро осон мекунад. Тербуталин бронхҳоро васеъ намуда, варами луобпардаҳоро кам ва тозашавии мукоцилиариро беҳтар мекунад. 

Гвайфенезин хориҷшавии балғамро осон мекунад.

Фармакокинетика

 Хусусиятҳои фармакокинетикӣ бо таъсири якҷояи компонентҳо муайян карда мешаванд.

ЗИДНИШОНДОДҲО

Ҳассосияти баланд ба компонентҳои дору; вайроншавии ритми дил; ихтилоли фаъолияти ҷигар; захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта; майл ба хунравӣ; кудакони то 2 сола, семоҳаи I ҳомиладорӣ; давраи ширмаконӣ.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, диспепсия, дарунравӣ, таппиши дил, тахикардия, чархзании сар, дарди сар, ларзиш, хоболудӣ. Хеле кам — аксуламалҳои аллергӣ.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Ҳангоми истифодаи ҳамзамон бо симпатомиметикҳо ва теофиллин таъсири тербуталин зиёд шуда, хавфи таъсирҳои номатлуб меафзояд.

Гвайфенезин таъсири доруҳои фурӯнишонандаи системаи асаби марказӣ ва этанолро тақвият медиҳад.

Бромгексин воридшавии антибиотикҳо (амоксициллин, эритромицин, цефалексин, окситетрациклин) ва сулфаниламидҳоро ба бофтаҳо беҳтар мекунад.

Истифодаи якҷоя бо гликозидҳои дил, кортикостероидҳо, бронходилататорҳо ва диуретикҳо иҷозат дода мешавад.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Бровенсинро бо доруҳои дорои кодеин якҷоя таъин кардан мумкин нест, зеро ин метавонад раванди хориҷшавии балғамро халалдор намояд.