БЕНЕВРОН БФ
Бозгашт ба маҳсулот"250 мг/ 15 мг/ 200 мг/ 250 мкг/ 500 мкг"
| Шакл | Ҳабҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | "Витамини B1 / Витамини B2 / Витамини B6 / Витамини B12 / Кислотаи фолатӣ" |
| Шакли пешниҳод | 20-то ҳаб |
| Категорияи табобат | Мубодилаи моддахо |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 хаб:
Витамини B1 — 250 мг
Витамини B2 — 15 мг
Витамини B6 — 200 мг
Витамини B12 — 250 мкг
Кислотаи фолий — 500 мкг.
НИШОНДОДҲО
· Пешгирӣ ва табобати гипо- ва авитаминози витаминҳои B1, B2, B6, B12 ва кислотаи фолий;
· Табобати симптоматии бемориҳои системаи асаб бо пайдоиши гуногун (неврит, невралгия, парез, радикулит, плексит, люмбаго, осеби асабҳои периферӣ);
· Энцефалопатияҳо (аз ҷумла диабетӣ ва алкоголӣ);
· Дар таркиби табобати комплексии бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд ва бемориҳои ҷигар;
· Пешгирӣ ва ислоҳи таъсирҳои номатлуби доруҳои зиддисил, антибиотикҳо ва терапияи нурӣ;
· Камхунӣ вобаста ба норасоии витамини B12 ва таъсири моддаҳои заҳрнок;
· Давраи барқароршавӣ, ҳолатҳои астеникӣ;
· Бемориҳои пӯст (дерматит, нейродерматит, псориаз);
·Бемориҳои чашм (гемералопия, кератит, ирит, катаракта).
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Беневрон БФ ба таври даҳонӣ 1 ҳаб ҳангоми хӯрок 1–3 маротиба дар як рӯз қабул карда мешавад.
Давомнокии табобат ва воя ба таври инфиродӣ вобаста ба ҳолати бемор муайян карда мешаванд.
шАКЛИ БАРОРИШ
Ҳабҳо №20
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Витаминҳои гурӯҳи B дар танзими мубодилаи моддаҳо, фаъолияти системаи асаб, хунсозӣ ва барқароршавии бофтаҳо иштирок мекунанд.
B1 (тиамин) — дар мубодилаи энергия иштирок намуда, фаъолияти системаи асаб ва мушакҳоро дастгирӣ мекунад.
B2 (рибофлавин) — равандҳои оксидшавӣ-барқароршавиро танзим карда, дар нафаскашии бофтаҳо ва хунсозӣ иштирок мекунад.
B6 (пиридоксин) — мубодилаи моддаҳоро танзим намуда, фаъолияти системаи асаб ва эндокриниро дастгирӣ мекунад.
B9 (кислотаи фолий) — барои хунсозӣ, афзоиш ва рушди бофтаҳо ва пешгирии камхунӣ зарур аст.
B12 (цианокобаламин) — дар хунсозӣ, синтези аминокислотаҳо иштирок карда, фаъолияти системаи асаб ва ҷигарро дастгирӣ мекунад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
Ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Имкони пайдоиши реаксияҳои аллергӣ ва хориши пӯст вуҷуд дорад.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Ҳангоми истифодаи якҷояи Беневрон БФ бо леводопа коҳиши таъсири зиддипаркинсонии он мушоҳида мешавад.
Этанол ҷабби тиаминро кам мекунад.
Пиридоксин метавонад таъсири гормонҳои стероидиро коҳиш диҳад. Изониазид хориҷшавии пиридоксинро бо пешоб зиёд мекунад.
Циклосерин, гидралазин ва пеницилламин антагонисти тиамин мебошанд.
Истифодаи якҷоя бо ингибиторҳои ГМГ-КоА-редуктаза (ловастатин, правастатин) тавсия дода намешавад, зеро хавфи рабдомиолиз вуҷуд дорад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Бояд ба назар гирифт, ки ҳангоми истифодаи Беневрон БФ мумкин аст пешоб ба ранги зард тағйир ёбад, ки бо мавҷудияти рибофлавин дар таркиби дору вобаста аст.
Истифода дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ:
Дору танҳо бо нишондодҳои қатъӣ ва баъд аз арзёбии дақиқи таносуби фоида ва хатар таъин карда мешавад.