250 мг/4 мг/250мг/1500мкг

Шакл Маҳлул барои тазриқ
Фаъол модда "Витамини B1 / Витамини B2 / Витамини B6 / Витамини B12 "
Шакли пешниҳод 5-то ампула 3 мл
Категорияи табобат Мубодилаи моддахо

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

1 ампула дору дар бар мегирад:

    • тиамин гидрохлорид (витамини B1) — 250 мг 
    • рибофлавин дар шакли рибофлавин фосфати натрий (витамини B2) — 4 мг 
    • пиридоксин гидрохлорид (витамини B6) — 250 мг 
    • сианокобаламин (витамини B12) — 1500 мкг.

НИШОНДОДҲО 

·  гипо- ва авитаминози витаминҳои B1, B2, B6 ва B12; 

·  табобати симптоматии бемориҳои системаи асаб: неврит ва полиневритҳои периферӣ, невралгия, парез ва фалаҷи периферӣ, неврити решагӣ, неврити ретробулбарӣ, герпеси зостер (лишайи камарбанд), лумбаго, плексит, невралгияи байниқабурғавӣ, парези асаби рӯй, невралгияи асаби сегона ва рӯй, склерози амиотрофии паҳлӯӣ, фалаҷи мағзи кӯдакон, осебҳои системаи марказӣ ва периферии асаб; 

·  энцефалопатияҳо (диабетикӣ, алкоголӣ, пас аз осеб); 

·  камхунӣ (анемия) бо пайдоиши гуногун; 

·  бемориҳои меъдаю рӯда: захми меъда ва дувоздаҳангушта, гастрити музмин, энтероколит, гепатит, сиррози ҷигар; 

·  бемориҳои пӯст: экзема, дерматозҳои пайдоиши асабӣ, дерматит, нейродерматит, псориаз; 

·  бемориҳои буғумҳо: артрит, остеоартроз, ревматизм, артрити ревматоидӣ; 

·  бемориҳои чашм: гемералопия, конъюнктивит, кератит, ирит, катаракта, захми қарния; 

·  сарбории зиёди ҷисмонӣ; 

·пешгирӣ ва ислоҳи таъсирҳои номатлуби доруҳои зиддисилсилаи изониазид ва антибиотикҳо.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Маҳлул барои тазриқи дохилимушакӣ.

Давомнокии истифодаи доруи Беневрон Б аз ҷониби духтур муайян карда мешавад.

Калонсолон ва кӯдакони аз 10-сола боло: дору ба таври дохилимушакӣ бо вояи 3 мл (як ампула) як маротиба дар як рӯз таъин карда мешавад. Маҳлул бояд ба мушак чуқур ворид карда шавад.

Бо тавсияи духтур, доруро метавон як ампула ҳар 2–3 рӯз истифода бурд.

Кӯдакон:

 Маълумот оид ба самаранокӣ ва бехатарии дору барои кӯдакони то 10-сола мавҷуд нест.

шАКЛИ БАРОРИШ

Маҳлул барои тазриқ, 3 мл дар ампулаҳои шишагии ранги зард.

Дар як баста 5 ампула мавҷуд аст.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Беневрон Б — доруи таркибӣ буда, дорои витаминҳои гурӯҳи В мебошад, ки таъсири он бо иштирокашон дар равандҳои мубодилавӣ ва фаъолияти системаи асаб вобаста аст.

Тиамин (витамини В1) дар мубодилаи карбогидратҳо, сафедаҳо ва чарбҳо иштирок намуда, гузариши импулсҳои асабро таъмин мекунад ва фаъолияти миокардро беҳтар менамояд.

 Рибофлавин (витамини В2) равандҳои оксидшавӣ-барқароршавиро танзим карда, дар нафаскашии бофтаҳо, синтези гемоглобин ва фаъолияти узви биноӣ иштирок мекунад.

 Пиридоксин (витамини В6) дар мубодилаи аминокислотаҳо ва липидҳо иштирок намуда, фаъолияти системаи асаб ва хунсозиро дастгирӣ мекунад.

Цианокобаламин (витамини В12) барои синтези кислотаҳои нуклеинӣ, хунсозии муътадил, фаъолияти системаи асаб ва барқароршавии бофтаҳо зарур буда, сатҳи холестеринро дар хун коҳиш медиҳад..

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  Ҳассосияти баланд нисбат ба ҳар яке аз ҷузъҳои дору; 

·  Истифода барои табобати камхунии мегалобластӣ ҳангоми ҳомиладорӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки бо норасоии витамини В12 вобастаанд); 

·Истифода ҳангоми амблиопияи токсикӣ.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Имкони пайдоиши таъсирҳои номатлуби зерин вуҷуд дорад:

Аз ҷониби системаи масуният: басомад номаълум — реаксияҳои ҳассосияти баланд (аз

ҷумла анафилаксия, донача, уртикария).

Аз ҷониби системаи асаб: басомад номаълум — парестезия.

Аз ҷониби рагҳо: басомад номаълум — гипотензия.

Норасоиҳои умумӣ ва дар ҷои воридкунӣ: басомад номаълум — реаксияҳо дар ҷои тазриқ (аз ҷумла дард ва варам). 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Маҳлули тиамин гидрохлоридро бо маҳлулҳое, ки сулфит доранд, омехта кардан мумкин нест, зеро он пурра вайрон мешавад. Дар як шприц омехта кардани тиамин бо пенисиллин ё стрептомицин (вайроншавии антибиотикҳо), инчунин бо кислотаи никотин (вайроншавии тиамин) иҷозат дода намешавад.

Истифодаи дарозмуддати доруҳои зиддиқабзӣ (фенобарбитал, фенитоин, карбамазепин), инчунин истифодаи якҷоя бо дигоксин, индометасин ва антацидҳо метавонад ба норасоии тиамин оварда расонад.

Тиосемикарбазон ва 5-фторурасил фаъолияти тиаминро бозмедоранд. Кофеин, доруҳои дорои сулфур ва эстрогенҳо талаботи организмро ба тиамин зиёд мекунанд.

Тиамин таъсири монанд ба курареи релаксантҳои мушакиро (масалан, дитилин) суст мекунад.

Цианокобаламин бо кислотаи аскорбин ва намакҳои металлҳои вазнин фармасевтӣ номувофиқ аст (ғайрифаъолшавӣ).

Аминогликозидҳо, салицилатҳо, доруҳои зиддиэпилептикӣ, колхицин ва доруҳои калий ҷаббиши витамини B12-ро коҳиш медиҳанд.

Цианокобаламин метавонад реаксияҳои аллергии бо тиамин алоқамандро зиёд намояд.

Хлорамфеникол ҷавоби гемопоэтикиро ба витамини B12 коҳиш медиҳад.

Истифодаи якҷоя бо доруҳое, ки лахташавии хунро зиёд мекунанд, тавсия дода намешавад.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Консентратсияи ҳадди ақали спирти бензил, ки метавонад таъсири заҳролуд ба вуҷуд орад, маълум нест.

Дозаҳои баланд бояд бо эҳтиёт ва танҳо ҳангоми мавҷуд будани нишондиҳандаҳои қатъӣ истифода шаванд, махсусан дар бемороне, ки фаъолияти ҷигар ё гурдаашон вайрон аст, бинобар хавфи ҷамъшавӣ ва заҳролудшавӣ (ацидози метаболикӣ).

Гипервитаминози витамини B6 ва реаксияҳои заҳролуд (аз ҷумла нейропатияи периферӣ, ҳаракатҳои ғайриихтиёрӣ) дар бемороне, ки дар гемодиализи музмин қарор доранд ва доруҳои поливитаминиро ба таври дохиливаридӣ (бо 4 мг пиридоксин, се маротиба дар як ҳафта) мегирифтанд, мушоҳида шудааст.

Истифода ҳангоми ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ

 Истифодаи дору дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ танҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки фоидаи интизоршаванда барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин ё кӯдаки ширмак зиёд бошад.