БЕКЛОМИЛ
Бозгашт ба маҳсулот100 мкг / воя
| Шакл | Спрей |
|---|---|
| Фаъол модда | Беклометазон дипропионат |
| Шакли пешниҳод | Спрейи бинӣ бо 200 воя |
| Категорияи табобат | Системаи узвхои нафаскаши |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 вояи дору:
Беклометазон дипропионат — 0,1 мг.
НИШОНДОДҲО
Пеш аз истифода флаконро бояд такон дод ва то пайдо шудани аэрозол ба ҳаво пошидан лозим аст. Спрейи Бекломил танҳо барои истифодаи дохилибинӣ (интраназалӣ) пешбинӣ шудааст.
Барои калонсолон ва кӯдакони аз 6-сола боло — 1 пошидани дозадор (100 мкг) ба ҳар як сӯрохи бинӣ 1–2 маротиба дар як рӯз таъин карда мешавад. Миқдори максималии шабонарӯзӣ — 400 мкг.
Бояд ҳадди ақали самаранок истифода бурда шавад, ки назорати аломатҳои клиникӣ таъмин гардад. Пас аз ба даст овардани таъсири табобатӣ, дору тадриҷан бо кам кардани воя қатъ карда мешавад.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Пешгирӣ ва табобати ринити аллергии давомдор ва мавсимӣ, аз ҷумла ринит ҳангоми табларзаи алаф (сенная лихорадка) ва ринити вазомоторӣ.
шАКЛИ БАРОРИШ
Спрейи бинӣ бо вояи ченшуда 100 мкг/воя. 200 вояи суспензия дар флакони пластикии ранги зард бо дастгоҳи дозакунанда.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Бекломил — глюкокортикостероид барои истифодаи маҳаллӣ буда, таъсири зиддиилтиҳобӣ ва зиддиаллергӣ дорад. Он озодшавии миёнаравҳои илтиҳобро бозмедорад ва истеҳсоли липокортин (аннексин) — ингибитори фосфолипазаи A2-ро зиёд мекунад, ки боиси кам шудани ҳосилшавии кислотаи арахидонӣ ва маҳсулоти метаболикии он мегардад.
Зери таъсири беклометазон шумораи ҳуҷайраҳои тучӣ дар луобпардаи ковокии бинӣ кам мешавад, ҷамъшавии канории нейтрофилҳо коҳиш меёбад, экссудати илтиҳобӣ ва истеҳсоли ситокинҳо кам мегардад. Инчунин муҳоҷирати макрофагҳо боздошта шуда, шиддати равандҳои инфилтратсия ва гранулятсия коҳиш меёбад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
- Ҳассосияти баланд ба ҳар як ҷузъи дору
- Сил (туберкулёзи) шуш
- Кӯдакони то 4-сола
- Беклометазон бо вояи 250 мкг дар 1 доз барои истифодаи педиатрӣ (то 18-сола) пешбинӣ нашудааст
Бо эҳтиёт:
Ҳангоми глаукома, сироятҳои системавӣ (бактериявӣ, вирусӣ, замбӯруғӣ, паразитарӣ), остеопороз, сиррози ҷигар, гипотиреоз, ҳомиладорӣ ва давраи ширмаконӣ истифода бурда шавад.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Параметрҳои басомади таъсирҳои номатлуби зерин чунин муайян карда мешаванд: зуд-зуд (аз >1/100 то <1/10), хеле кам (<1/10 000).
Аз тарафи системаи нафаскашӣ:
Зуд-зуд — хунравии бинӣ, хушкӣ ва таҳрики луобпардаи ковокии бинӣ ва гулӯ;
Хеле кам — сӯрохшавии пардаи бинӣ.
Аз тарафи узвҳои ҳис:
Зуд-зуд — таъми нохуш дар даҳон;
Хеле кам — глаукома, баландшавии фишори дохили чашм, катаракта.
Реаксияҳои аллергӣ:
Зуд-зуд — доначаҳои пӯст, крапивница, хориш, эритема;
Хеле кам — варами ангионевротикӣ, бронхоспазм, реаксияҳои анафилактикӣ.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
«Бекломил» (моддаи фаъол — беклометазон) глюкокортикостероиди маҳаллӣ мебошад. Ҳангоми истифодаи ингалятсионӣ ё интраназалӣ таъсири системавии он хеле кам аст, бинобар ин шумораи таъсири мутақобилаи клиникии муҳим маҳдуд мебошад.
Бо вуҷуди ин, баъзе хусусиятҳои истифодаи якҷоя мавҷуданд:
Қувват гирифтани таъсири бета-адреномиметикҳо:
Беклометазон ҳассосияти бронхҳоро ба бета-адреномиметикҳо (масалан, салбутамол, фенотерол) барқарор мекунад, ки метавонад ниёз ба истифодаи зуд-зудро кам кунад.
Хатари фурӯнишонии ғадудҳои болои гурда:
Ҳангоми истифодаи якҷоя бо дигар глюкокортикостероидҳои системавӣ ё интраназалӣ мумкин аст фишори кори қабати ғадуди болои гурда зиёд гардад.
Таъсири доруҳои ферментӣ:
Доруҳое, ки ба ферментҳои ҷигар таъсир мерасонанд (масалан, ритонавир, итраконазол), метавонанд назариявӣ мубодилаи беклометазонро тағйир диҳанд, вале ҳангоми истифодаи маҳаллӣ ин кам аҳамияти клиникӣ дорад.
Коҳиши таъсир:
Фенобарбитал, фенитоин ва рифампицин метавонанд самаранокии беклометазонро паст кунанд.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Ҳангоми истифодаи дарозмуддати дору дар вояҳои баланд мумкин аст таъсирҳои системавӣ инкишоф ёбанд. Бемороне, ки глюкокортикостероид мегиранд, дорои пастшавии эҳтимолии реактивнокии масуният мебошанд, бинобар ин ҳангоми тамос бо беморони дорои бемориҳои сироятӣ (обакча, сурхча) хатари сироят зиёд мешавад.
Глюкокортикостероидҳои бинӣ метавонанд боиси инкишофи глаукома ва катаракта гарданд, аз ин рӯ назорати бодиққат дар беморони дорои вайроншавии биноӣ, баландшавии фишори дохили чашм ё таърихи катаракта зарур аст.
Глюкокортикостероидҳо метавонанд дар кӯдакон сабаби таъхири афзоиш шаванд, бинобар ин назорати мунтазами рушди ҷисмонӣ зарур аст.
Дар беморони дорои норасоии ғадудҳои болои гурда дору бояд бо эҳтиёт ва таҳти назорати духтур истифода шавад.
Бемориҳои илтиҳобию сироятии ковокии бинӣ ва ҷавфҳои атрофи бинӣ ҳангоми таъини табобати мувофиқ монеаи истифодаи беклометазон нестанд.