50 мг/850 мг, 50/1000 мг

Шакл Ҳабҳо
Фаъол модда Ситаглиптин / Метформин
Шакли пешниҳод 60-то ҳаб
Категорияи табобат Мубодилаи моддахо

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

1 ҳаб дорои:

    • ситаглиптин 50 мг
    • гидрохлориди метформин 850 мг ё 1000 мг.

НИШОНДОДҲО 

Барои беморони гирифтори диабети қанди навъи 2 дору ҳамчун илова ба парҳез ва машқҳои ҷисмонӣ барои беҳтар намудани назорати гликемия истифода мешавад:

    • дар бемороне, ки ҳангоми монотерапия бо метформин назорати кофии сатҳи глюкозаи хун ба даст наомадааст; 
    • дар бемороне, ки аллакай бо омезиши ситаглиптин ва метформин табобат мегиранд.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Вояи доруро бояд ба таври инфиродӣ бо дарназардошти нақшаи ҷории табобат, самаранокӣ ва таҳаммулпазирии дору аз ҷониби бемор интихоб намуд. Вояи максималии тавсияшудаи шабонарӯзии 100 мг ситаглиптин набояд зиёд карда шавад.

Батмалия бояд 2 маротиба дар як шабонарӯз ҳангоми хӯрокхӯрӣ қабул карда шавад, то хавфи пайдоиши таъсирҳои номатлуб аз ҷониби роҳи меъдаю рӯда, ки бо истифодаи метформин вобастаанд, кам карда шавад.

шАКЛИ БАРОРИШ

Ҳабҳо №60

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Батмалия омезиши ду доруи гипогликемикӣ бо механизмҳои якдигарро пурракунандаи таъсир мебошад, ки барои беҳтар намудани назорати гликемия дар беморони гирифтори диабети қанди навъи 2 пешбинӣ шудааст: фосфати ситаглиптин — ингибитори дипептидилпептидаза-4 (ДПП-4), ва гидрохлориди метформин — намояндаи гурӯҳи бигуанидҳо.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  ҳассосияти баланд ба моддаҳои фаъол ё ягон моддаи ёрирасони дору; 

·  лактоацидоз; 

·  кетоацидози диабетӣ; 

·  прекомаи диабетӣ; 

·вайроншавии шадиди фаъолияти гурдаҳо (суръати филтратсияи клубочагӣ (СКФ) <30 мл/дақ); 

·ҳолатҳои шадид, ки метавонанд боиси вайроншавии фаъолияти гурда шаванд: дегидратация, инфаркти миокарди ба наздикӣ гузаронидашуда, сирояти шадид, шок; 

·вайроншавии фаъолияти ҷигар; 

·заҳролудшавии шадиди спиртӣ; 

·  майзадагӣ; 

·  давраи синамаконӣ; 

·кӯдакони то 10-сола.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Аз ҷониби роҳи меъдаю рӯда:

    • дилбеҳузурӣ; 
    • қайкунӣ; 
    • дарунравӣ; 
    • дарди шикам; 
    • дамидани шикам; 
    • кам шудани иштиҳо; 
    • таъми металлӣ дар даҳон; 
    • хушкшавии даҳон. 

Аз ҷониби мубодилаи моддаҳо ва ғизогирӣ:

    • гипогликемия (махсусан ҳангоми истифодаи якҷоя бо инсулин ё доруҳои гурӯҳи сулфонилмочевина); 
    • лактоацидоз (нодир, вале мушкилии ҷиддии истифодаи метформин мебошад); 
    • паст шудани сатҳи витамини B12 ҳангоми истифодаи дарозмуддати метформин. 

Аз ҷониби системаи асаб:

    • дарди сар; 
    • чарх задани сар; 
    • хоболудӣ. 

Аз ҷониби системаи масуният ва пӯст:

    • аксуламалҳои ҳассосияти баланд (доначахои пӯст, хориш, крапивница); 
    • варами ангионевротикӣ; 
    • аксуламалҳои шадиди пӯст (нодир). 

Аз ҷониби ғадуди зери меъда:

    • панкреатити шадид (нодир). 

Аз ҷониби ҷигар:

    • баланд шудани фаъолияти ферментҳои ҷигар; 
    • вайроншавии фаъолияти ҷигар (нодир).

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Метформин

    • Истифодаи якҷоя бо доруҳое, ки метавонанд фаъолияти гурдаро халалдор кунанд ё хориҷшавии метформинро тағйир диҳанд (масалан, моддаҳои контрастии дорои йод), метавонад хавфи пайдоиши лактоацидозро зиёд намояд. 
    • Ҳангоми истифодаи якҷоя бо доруҳое, ки сатҳи глюкозаро дар хун зиёд мекунанд (глюкокортикостероидҳо, диуретикҳо, симпатомиметикҳо), эҳтиёткорӣ лозим аст, зеро ислоҳи вояи доруҳои гипогликемикӣ метавонад зарур шавад. 
    • Ингибиторҳои карбоангидраза (масалан, топирамат) метавонанд хавфи лактоацидозро зиёд намоянд. 
    • Машрубот таъсири метформинро ба мубодилаи лактат зиёд карда, хавфи лактоацидозро баланд мекунад, бинобар ин истеъмоли аз ҳад зиёди машрубот тавсия дода намешавад. 

Ситаглиптин

    • Ҳангоми истифодаи ситаглиптин бо аксари доруҳо таъсири мутақобилаи аз ҷиҳати клиникӣ муҳим муайян нашудааст. 
    • Ҳангоми истифодаи якҷоя бо доруҳои пасткунандаи сатҳи қанд (масалан, инсулин ё доруҳои гурӯҳи сулфонилмочевина) метавонад ислоҳи воя барои кам кардани хавфи гипогликемия талаб карда шавад.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

·  Пеш аз оғози табобат ва мунтазам дар давраи табобат фаъолияти гурдаҳоро назорат кардан лозим аст. 

·  Хавфи пайдоиши лактоацидоз ҳангоми истифодаи метформин бояд ба назар гирифта шавад, махсусан дар беморони дорои вайроншавии фаъолияти гурда, дегидратация, сироятҳои вазнин, норасоии дил ё истеъмоли зиёди машрубот. 

·Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои лактоацидоз (сустии шадид, душвории нафаскашӣ, дарди шикам, хоболудӣ, пастшавии ҳарорати бадан) истифодаи дору бояд қатъ карда шуда, ба духтур муроҷиат намуд. 

·Пеш аз гузаронидани ташхисҳо бо истифодаи моддаҳои контрастии дорои йод доруро муваққатан қатъ кардан лозим аст. 

·Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои панкреатити шадид (дарди доимии шадиди шикам, баъзан бо паҳншавӣ ба пушт, ҳамроҳ бо дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ) истифодаи дору бояд қатъ карда шавад. 

·  Истифодаи дору дар давраи ҳомиладорӣ ва синамаконӣ тавсия дода намешавад. 

·Беморон бояд парҳез ва тавсияҳои фаъолияти ҷисмонии духтурро риоя намоянд.