АРТРОКОЛ ШАМЧАХО
Бозгашт ба маҳсулот100 мг
| Шакл | Шамъчаҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | Кетопрофен |
| Шакли пешниҳод | 10-то шамъча |
| Категорияи табобат | Системаи такягоху харакат |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 шамча:
Кетопрофен 100 мг.
НИШОНДОДҲО
Табобати симптоматикӣ барои ҳолатҳои илтиҳобии дардноки пайдоиши гуногун:
- артрити ревматоидӣ;
- спондилити анкилозӣ;
- артрити псориатикӣ;
- артрити реактивӣ;
- подагра ва псевдоподагра;
- остеоартроз;
- ревматизми берун аз буғумҳо (тендинит, бурсит, капсулити часпаки китф).
Синдроми дард, аз ҷумла дардҳои пас аз ҷарроҳӣ, пас аз осеб, алгодисменорея (дисменореяи дарднок), инчунин дардҳои вобаста ба метастазҳои омосҳо.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Суппозиторияҳои Артрокол барои истифодаи ректалӣ пешбинӣ шудаанд.
Ба калонсолон 1 суппозитория 1–2 маротиба дар як шабонарӯз таъин карда мешавад.
Суппозиторияҳои ректалиро метавон дар якҷоягӣ бо дигар шаклҳои дорувории кетопрофен барои истифодаи системавӣ ё беруна истифода бурд. Миқдори максималии шабонарӯзии кетопрофен (аз ҷумла ҳангоми истифодаи шаклҳои гуногуни доруворӣ) 300 мг-ро ташкил медиҳад.
Суппозиторияҳоро пас аз холӣ намудани рӯда ба чуқурии рӯдаи рост ворид мекунанд.
шАКЛИ БАРОРИШ
Суппозиторияҳои ректалӣ (шамчахо) №10
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика:
Артрокол — доруи зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ (НПВС), ҳосилаи кислотаи пропионӣ мебошад. Дору таъсири дардпаноҳ (анальгетикӣ), зиддиилтиҳобӣ ва пасткунандаи ҳарорат дорад. Механизми таъсир ба боздоштани ферментҳои циклооксигеназа (ЦОГ-1 ва ЦОГ-2) ва коҳиш додани синтези простагландинҳо вобаста аст.
Таъсири дардпаноҳ бо таъсири ҳам периферӣ ва ҳам марказӣ, инчунин бо таъсир ба миёнаравҳои дард вобаста мебошад. Дору дорои фаъолияти антибрадикининӣ буда, мембранаҳои лизосомалиро устувор мегардонад ва агрегацияи тромбоцитҳоро коҳиш медиҳад.
Фармакокинетика:
Ҷаббиш (абсорбсия) зуд мебошад, дастрасии биологӣ тақрибан 90%-ро ташкил медиҳад. Консентратсияи максималӣ дар хун пас аз 1–2 соат ба даст меояд. Бо сафедаҳои плазма 99% пайваст мешавад.
Ба моеъи синовиалӣ ворид шуда, аз монеаи хун-мағз мегузарад. Дар ҷигар метаболизм мешавад ва асосан тавассути пешоб дар шакли глюкуронидҳо хориҷ мегардад. Нимаҳаёти хориҷшавӣ 2–3 соатро ташкил медиҳад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
- ҳассосияти баланд ба кетопрофен, кислотаи ацетилсалицилӣ ё дигар доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ (НПВС);
- реаксияҳои аллергӣ дар анамнез (бронхоспазм, астма, ринит, крапивница) пас аз истифодаи кислотаи ацетилсалицилӣ ё дигар НПВС;
- захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта дар марҳилаи авҷгирӣ;
- хунравии ошкори меъдаю рӯда ё мавҷудияти чунин хунравӣ дар анамнез вобаста ба истифодаи НПВС;
- вайроншавии шадиди фаъолияти ҷигар ва гурдаҳо;
- норасоии дил дар марҳилаи декомпенсатсия;
- мавҷудияти проктит ва хунравии ректалӣ дар анамнез;
- семоҳаи III ҳомиладорӣ ва давраи ширмаконӣ;
- синни кӯдакон ва наврасон то 14 сол.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Дарди шикам, диспепсия, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, қабзият, метеоризм, дарунравӣ, стоматит.
Кам ба назар мерасад: дарди сар, асабоният, бехобӣ, чарх задани сар, депрессия, хоболудӣ; хориш, крапивница, ринит, ҳисси сӯзиш, озурдашавии луобпарда.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Кетопрофен самаранокии диуретикҳо ва доруҳои зиддифишорбаландиро коҳиш медиҳад ва таъсири доруҳои гипогликемикии даҳонӣ ва баъзе доруҳои зиддиқалб (противосудорожные)-ро зиёд мекунад.
Истифодаи ҳамзамон бо дигар НПВС, салицилатҳо, глюкокортикостероидҳо (ГКС) ва этанол хатари хунравии меъдаю рӯдаро зиёд менамояд.
Ҳангоми истифодаи якҷоя бо антикоагулянтҳо, тромболитикҳо ва антиагрегантҳо хатари рушди хунравӣ зиёд мегардад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Огоҳӣ ва чораҳои эҳтиётӣ ҳангоми истифода:
Эҳтимоли ҳассосияти салибмонанд (перекрёстная чувствительность) нисбат ба кислотаи ацетилсалицилӣ ва дигар НПВС вуҷуд дорад. Артроколро бо эҳтиёт ҳангоми истифодаи ҳамзамон бо кислотаи ацетилсалицилӣ ва дигар НПВС, доруҳои литий, доруҳои зиддифишорбаландӣ, диуретикҳо, метотрексат, доруҳои зиддидиабетӣ ва антикоагулянтҳо таъин менамоянд.
Ҳангоми таъини кетопрофен бояд дар беморони дорои захми меъда ё рӯдаи дувоздаҳангушта, ё хунравии меъдаю рӯда дар анамнез, инчунин дар ҳолати вайроншавии фаъолияти гурда ё ҷигар эҳтиёткорӣ риоя карда шавад.