2,5 мг/г

Шакл Гел
Фаъол модда Кетопрофен
Шакли пешниҳод Гели 2,5 % - 40г.
Категорияи табобат Системаи такягоху харакат

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 100 г гел: 

Кетопрофен 2,5 г. 

НИШОНДОДҲО 

Cабук намудани ҳолатҳои шадиди дардноки системаи такягоҳу ҳаракат, ки аз осеб ба вуҷуд омадаанд, масалан, осебҳои варзишӣ, баромадан (дислокация), кашишхӯрӣ ва зарбхӯрӣ;

дард ҳангоми артрити сабук.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Дору барои истифодаи беруна пешбинӣ шудааст.

Калонсолон: дору ба пӯсти қисми дарднок ё илтиҳобёфтаи бадан 2–4 маротиба дар як шабонарӯз ба муддати то 7 рӯз молида мешавад. Онро бодиққат мемоланд ва хуб ба пӯст масҳ мекунанд, то ки гел ба пӯст беҳтар ҷаббида шавад. Миқдори тавсияшавандаи шабонарӯзии гел 15 г мебошад (7,5 г тақрибан ба 14 см гел мувофиқ аст).

Беморони пиронсол: барои беморони пиронсол тавсияҳои махсус оид ба воя муайян нашудаанд.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Гел 2,5% , дар як туба 45г.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика

Кетопрофен як доруи зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ буда, ҳосилаи гурӯҳи кислотаи пропионӣ мебошад. Механизми таъсири он бо боздории синтези простагландинҳо вобаста аст. Он таъсири бедардкунанда ва зиддиилтиҳобӣ дорад.

Фармакокинетика

Сатҳи кетопрофен дар плазмаи хун ва бофтаҳо дар 24 беморе, ки ҷарроҳии зону гузаштаанд, чен карда шудааст. Пас аз истифодаи такрории гели кетопрофен дар рӯи пӯст, сатҳи модда дар плазмаи хун тақрибан 60 маротиба пасттар (9–39 нг/г) нисбат ба як вояи даҳонӣ (490–3300 нг/г) буд. Сатҳи модда дар бофтаҳо дар маҳалли истифода дар ҳарду шакл (гел ва даҳонӣ) дар як диапазони консентратсия қарор дошт, аммо гел тағйирёбии баландтари байнифардӣ нишон дод.

Биодастрасии кетопрофен пас аз истифодаи беруна тақрибан 5% аз сатҳи баъди истеъмоли даҳонӣ арзёбӣ шудааст (дар асоси маълумоти ихроҷ бо пешоб).

Дараҷаи пайвастшавӣ бо сафедаҳои плазма тақрибан 99% мебошад. Кетопрофен асосан тавассути гурдаҳо дар шакли конъюгати глюкуронидӣ хориҷ мешавад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

    • реаксияҳои ҳассосияти рӯшноӣ (фотосенсибилизатсия) дар таърих; 
    • реаксияҳои маълуми гиперҳассосият, ба монанди нишонаҳои астма, ринити аллергӣ ба кетопрофен, фенофибрат, кислотаи тиапрофенӣ, кислотаи ацетилсалицилӣ ё дигар доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ (НПВП), ё ба ягон ҷузъи ёрирасон; 
    • реаксияҳои аллергии пӯст ба кетопрофен, кислотаи тиапрофенӣ, фенофибрат, блокаторҳои УФ ё моддаҳои хушбӯйкунанда дар таърих; 
    • бемороне, ки дар давраи табобат ва дар давоми 2 ҳафта пас аз анҷоми он ба нури офтоб, ҳатто дар ҳолати абрнокӣ, инчунин ба нури УФ дар солярий дучор мешаванд; 
    • семоҳаи сеюми ҳомиладорӣ; 
    • бемороне бо бемориҳои пӯст, ба монанди экзема ё акне. 

Дору набояд ба пӯсти сироятёфта ё захмҳои кушод, ба луобпардаҳо, минтақаи мақъад ва узвҳои таносул, чашмҳо татбиқ карда шавад ва инчунин бо бандҳои окклюзионӣ истифода нашавад.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Кам-кам – реаксияҳои маҳаллии пӯст, ба монанди сурхшавӣ, экзема, хориш ва сӯзиш;

 нодир – фотосенсибилизатсия ва крапивница. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Муносибатҳои доруӣ ғайриимкон ё хеле кам эҳтимол доранд, зеро консентратсияи дору дар зардоби хун пас аз истифодаи беруна хеле паст аст.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Баъди ҳар як истифодаи гел дастҳоро бояд бодиққат шустан лозим аст.

Ҳангоми пайдо шудани реаксияи пӯст, аз ҷумла реаксияҳои пӯст баъд аз истифодаи ҳамзамони доруҳои дорои октокрилен, табобат бояд фавран қатъ карда шавад.

Тавсия дода мешавад, ки дар тамоми давраи истифодаи гел ва дар давоми 2 ҳафта пас аз анҷоми табобат, минтақаҳои коркардшудаи пӯст бо либос пӯшонида шаванд, то хатари фотосенсибилизатсия пешгирӣ гардад.

Бояд аз тамоси гел бо луобпардаҳо ва чашмҳо худдорӣ кард.