АРТРОКОЛ АМПУЛЫ
Бозгашт ба маҳсулот100 мг
| Шакл | Маҳлул барои тазриқ |
|---|---|
| Фаъол модда | Кетопрофен |
| Шакли пешниҳод | 5-то ампула 2 мл |
| Категорияи табобат | Системаи такягоху харакат |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 ампула:
Кетопрофен 100 мг\2 мл.
НИШОНДОДҲО
Табобати симптоматикӣ (нишонавӣ) барои равандҳои илтиҳобии дардноки пайдоиши гуногун:
- Артрити ревматоидӣ
- Спондилити анкилозкунанда
- Артрити псориатикӣ
- Артрити реактивӣ
- Подагра, псевдоподагра
- Остеоартроз
- Ревматизми берун аз буғумҳо (тендинит, бурсит, капсулити китф)
Синдроми дард (аз ҷумла дардҳои баъдиҷарроҳӣ ва баъд аз осеб, алгоменорея, дард ҳангоми метастазҳои омосҳо).
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Дору ба миқдори 2 мл (100 мг) 1–2 маротиба дар як шабонарӯз ворид карда мешавад.
Миқдори максималии шабонарӯзӣ набояд аз 300 мг зиёд бошад.
Давомнокии истифода чанд рӯзро ташкил медиҳад..
шАКЛИ БАРОРИШ
Маҳлули тазриқӣ дар ампулаҳои шишагии зард, ҳаҷмашон 2 мл, №5
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Артрокол — доруи зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ буда, ҳосилаи кислотаи пропионӣ мебошад. Таъсири бедардкунанда, зиддиилтиҳобӣ ва пасткунандаи ҳарорат дорад. Механизми таъсир ба боздории циклооксигеназа (ЦОГ-1 ва ЦОГ-2) ва кам шудани синтези простагландинҳо вобаста аст.
Кетопрофен таъсири бедардкунандаро тавассути механизмҳои периферӣ ва марказӣ таъмин намуда, ба медиаторҳои дард таъсир мерасонад, фаъолияти зиддибрадикининӣ дорад, мембранаҳои лизосомиро устувор мекунад ва фаъолияти нейтрофилҳоро коҳиш медиҳад. Ҳамчунин, агрегацияи тромбоцитҳоро паст мекунад.
Фармакокинетика:
Биодастрасӣ — тақрибан 90%. Консентратсияи максималӣ пас аз 30 дақиқа ба даст меояд. Пайвастшавӣ бо сафедаҳо — то 99%. Нимҳаети хориҷшавӣ — тақрибан 2 соат. Ба моеъи синовиалӣ ворид шуда, дар он ҷо дарозтар нигоҳ дошта мешавад. Аслан тавассути пешоб хориҷ мешавад..
ЗИДНИШОНДОДҲО
- Ҳассосияти баланд ба кетопрофен, кислотаи ацетилсалицилӣ ё дигар доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ;
- Бемориҳои узвҳои ҳозима (ЖКТ) дар марҳилаи шиддатёбӣ;
- Норасоии шадиди фаъолияти ҷигар ва гурдаҳо;
- Ихтилолҳои хун (лейкопения, тромбоцитопения, ихтилоли системаи лахташавии хун);
- Норасоии дил дар марҳилаи декомпенсатсия;
- Давраи баъдиҷарроҳӣ пас аз шунтгузории аортокоронарӣ;
- Дар анамнез мавҷуд будани астмаи бронхиалӣ, крапивница ё ринит, ки бо қабули кислотаи ацетилсалицилӣ ё дигар НПВС вобаста аст;
- Семоҳаи сеюми ҳомиладорӣ;
- Давраи ширмаккони;
- Кӯдакони то 15-сола.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Эҳтимол дорад дарди меъда, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарунравӣ ва бодгири ба амал оянд; дар ҳолатҳои нодир — хунравӣ дар узвҳои ҳозима. Ҳамчунин, кам-кам сустӣ, дарди сар, сарчархӣ, дизурияи муваққатӣ ва доначаҳои пӯст мушоҳида мешаванд.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Азбаски кетопрофен ба сафедаҳои плазмаи хун ба таври назаррас пайваст мешавад, миқдори доруҳои ҳамзамон истифодашаванда, аз ҷумла антикоагулянтҳо, дифенилгидантоин ё доруҳои дорои сулфур, ҳангоми истифода бо Артрокол бояд кам карда шаванд.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Воридкунии дохилимушакӣ бояд зери назорати духтур гузаронида шавад. Истифодаи дарозмуддати дору танҳо дар шароити беморхона иҷозат дода мешавад.
Артрокол бояд бо эҳтиёт ҳамзамон бо кислотаи ацетилсалицилӣ ва дигар доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ, доруҳои литий, воситаҳои зиддифишорбаландӣ, диуретикҳо, метотрексат ва доруҳои зиддидиабетӣ истифода бурда шавад.
Истифода ҳангоми ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ
Истифодаи дору дар семоҳаҳои I ва II ҳомиладорӣ танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки фоидаи эҳтимолӣ барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин зиёдтар бошад.