АНУЛАКС
Бозгашт ба маҳсулот7,5 мг / мл
| Шакл | Қатраҳои даҳонӣ |
|---|---|
| Фаъол модда | Пикосулфати натрий |
| Шакли пешниҳод | Катрахои даҳони 15 мл |
| Категорияи табобат | Системаи хозима |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 мл махлул:
- Натрий пикосулфат — 7,5 мг.
НИШОНДОДҲО
· табобати кӯтоҳмуддати қабзият;
· душвории холӣ шудани рӯда;
· қабзияте, ки бо атония ё гипотонияи рӯдаи ғафс алоқаманд аст (аз ҷумла дар шахсони калонсол, беморони бистарӣ, пас аз ҷарроҳӣ, пас аз таваллуд ва дар давраи ширмаконӣ);
· қабзияте, ки аз истеъмоли доруҳо ба вуҷуд омадааст;
· танзими наҷосат ҳангоми бавосир, проктит ва шикофи мақъад (барои нарм кардани наҷосат);
· бемориҳои халтаи сафро;
· синдроми рӯдаи асабонӣ бо бартарии қабзият;
·қабзияте, ки бо дисбактериози рӯда ё вайроншавии парҳез алоқаманд аст.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Дору барои истифодаи даҳонӣ пешбинӣ шудааст.
Доруро 1 маротиба дар як шабонарӯз, беҳтараш бегоҳӣ, қабул мекунанд. Таъсири он одатан баъди 10–12 соат оғоз мешавад, бинобар ин холишавии рӯда одатан субҳи рӯзи дигар ба амал меояд.
Қатраҳоро метавон бо қошуқ ё бо миқдори ками моеъ қабул кард. Дору таъм надорад ва онро метавон бо ғизо омехта намуд.
Воя ҳангоми қабзият:
- Калонсолон: 10–20 қатра (5–10 мг натрий пикосулфат) 1 маротиба дар як шабонарӯз.
- Наврасон ва кӯдакони аз 10-сола боло: 10–20 қатра (5–10 мг) 1 маротиба дар як шабонарӯз.
- Кӯдакони 4–10-сола: 5–10 қатра (2,5–5 мг) 1 маротиба дар як шабонарӯз.
- Кӯдакони аз 0 то 4-сола: 1 қатра (0,5 мг) ба ҳар 2 кг вазни бадан 1 маротиба дар як шабонарӯз.
Давомнокии табобат
Аз истифодаи дарозмуддати дору бояд худдорӣ кард. Агар истифодаи дору зиёда аз 7 рӯз лозим бошад, идомаи табобат бояд аз ҷониби духтур муайян карда шавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Қатраҳо барои истеъмоли даҳонӣ, 15 мл
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Ҷаббшавӣ ва паҳншавӣ:
- Пас аз истеъмоли даҳонӣ, натрий пикосулфат ба рӯдаи ғафс бо ҷаббшавии хеле кам мерасад.
- Давраи энтерогепатикӣ барои он хос нест.
Биотрансформатсия:
- Дар рӯдаи ғафс зери таъсири бактерияҳо ба шакли фаъол табдил меёбад.
Хориҷшавӣ:
- Танҳо миқдори ками метаболити фаъол (БГПМ) ҷаббида мешавад.
- Он асосан ба шакли ғайрифаъол (глюкуронид) дар рӯда ва ҷигар табдил меёбад.
- Тақрибан 10,4% воя дар давоми 48 соат бо пешоб хориҷ мешавад.
- Ҳангоми вояҳои баланд хориҷшавии он кам мешавад.
Пайванди фармакокинетика ва фармакодинамика:
- Таъсир баъди ташаккули метаболити фаъол (БГПМ) ба амал меояд ва одатан дар давоми 6–12 соат оғоз мешавад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· Ҳассосияти баланд ба натрий пикосулфат ё ягон моддаи ёрирасони дору.
· Тангшавии рӯда ё баста шудани рӯда.
· Дарди шадиди шикам ё нороҳатии шадиди шикам (бо баланд шудани ҳарорати бадан ё бе он), масалан ҳангоми аппендисит, ки бо дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ ҳамроҳӣ мекунад.
· Бемориҳои шадиди илтиҳобии рӯдаву меъда.
· Беобшавии шадиди организм.
·Семоҳаи аввали ҳомиладорӣ.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Аз ҷониби системаи масуният:
- басомадаш номаълум — аксуламалҳои аллергӣ.
Аз ҷониби системаи асаб:
- баъзан — сарчархзанӣ;
- басомадаш номаълум — беҳушшавӣ.
Сарчархзанӣ ва беҳушшавӣ баъди истеъмоли натрий пикосулфат метавонад бо аксуламали вазовагалӣ (масалан, ҳангоми спазми рӯда ё вақти ҳоҷатравӣ) алоқаманд бошад.
Аз ҷониби узвҳои ҳозима:
- хеле зуд-зуд — дарунравӣ;
- зуд-зуд — нороҳатӣ дар шикам, спазм, дарди шикам, дамиши рӯда;
- баъзан — дилбеҳузурӣ, қайкунӣ.
Аз ҷониби пӯст ва бофтаҳои зери пӯст:
- басомадаш номаълум — аксуламалҳои пӯст, аз ҷумла ангиоэдема, доначаҳои доругӣ, доначаи пӯст ва хориш.
Ҳангоми истифодаи дарозмуддат ё аз ҳад зиёд:
- талафоти моеъ, калий ва дигар электролитҳо;
- сустии мушакҳо;
- ихтилоли фаъолияти дил, махсусан ҳангоми истифодаи ҳамзамон бо диуретикҳо ё кортикостероидҳо.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
· Ҳангоми истифодаи аз ҳад зиёди дору ҳамзамон бо диуретикҳо ё глюкокортикостероидҳо, хатари вайроншавии тавозуни электролитҳо (масалан, талафоти калий) зиёд мешавад.
· Истифодаи ҳамзамон бо антибиотикҳои доираи васеи таъсир метавонад таъсири исҳоловари доруро коҳиш диҳад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ
- Ҳомиладорӣ: истифодаи дору танҳо дар семоҳаи дуюм ва сеюм бо тавсияи духтур иҷозат дода мешавад.
- Ширдиҳӣ: бо назардошти хусусиятҳои фармакокинетикӣ, истифодаи он дар давраи ширдиҳӣ мумкин аст.