АМЛИПИН ҲАБ
Бозгашт ба маҳсулот5 мг / 5мг
| Шакл | Ҳабҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | Амлодипин / Лизиноприл |
| Шакли пешниҳод | 30-то ҳаб |
| Категорияи табобат | Системаи дилу рагҳо |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 хаб:
Амлодипин 5 мг,
Лизиноприл 5 мг.
НИШОНДОДҲО
- Фишорбаландии артериалӣ
- бемории ишемикии дил (стенокардияи устувор, стенокардияи принцметал)
- норасоии музмини дил (дар таркиби табобати маҷмӯӣ)
- нефропатияи диабетӣ
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Амлипин барои истеъмоли даҳонӣ таъин карда мешавад: 1 ҳаб 1 маротиба дар як шабонарӯз. Дар ҳолати зарурӣ, вояи шабонарӯзӣ метавонад то 2 ҳаб зиёд карда шавад. Дору новобаста аз вақти қабули ғизо (ҳангоми хӯрок ё пас аз он) истифода бурда мешавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Ҳабҳо №30
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Амлипин доруи якҷояи зиддигипертониявӣ буда, таъсири фармакологии он аз якҷояшавии: амлодипин (блокатори интихобии каналҳои калсий)¸лизиноприл (ингибитори АПФ). Пас аз қабул даҳонӣ, амлодипин оҳиста ва қариб пурра (тақрибан 90%) аз роҳҳои меъдаю рӯда ҷаббида мешавад. Консентратсияи максималӣ (Cmax) пас аз 6–10 соат ба даст меояд. Нимҳаёт (T½) 35–50 соатро ташкил медиҳад.
Лизиноприл новобаста аз қабул бо ғизо аз роҳҳои меъдаю рӯда хуб ҷаббида мешавад. Биодастрасӣ 25–50% мебошад. Консентратсияи максималӣ (Cmax) пас аз 6 соат ба даст меояд. Нимҳаёт (T½) тақрибан 12 соат аст.
Гардиши дарозмуддати ҳар ду моддаи фаъол имкон медиҳад, ки дору 1 маротиба дар як шабонарӯз қабул карда шавад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
Амлипин барои бемороне, ки ба ягон ҷузъи таркибии он ҳассосияти баланд доранд, манъ аст.
Кудакони то 18 сола.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Эҳтимоли сарчархзанӣ¸ дарди сар¸ дилбеҳузурӣ¸ хастагӣ¸варам (эдема) ва аксуламалҳои аллергӣ дида мешавад. Дар ҳолатҳои хеле кам метавонад гипотензияи симптоматикӣ ба назар расад.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Ҳангоми истифода бо дигар доруҳои зиддигипертониявӣ, таъсири пасткунандаи фишори хун метавонад зиёд шавад. Доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ (НПВС) метавонанд таъсири амлодипин ва лизиноприлро коҳиш диҳанд. Ҳангоми истифода бо симпатомиметикҳо таъсири амлодипин метавонад кам шавад. Истифодаи ҳамзамон бо доруҳои литий метавонад ба нейротоксикӣ оварда расонад. Лизиноприл бо диуретикҳои нигоҳдорандаи калий метавонад гиперкалиемия ба вуҷуд орад. Лизиноприл метавонад хориҷшавии литийро аз организм суст намояд.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Бо эҳтиёт истифода бурда шавад дар ҳолатҳои: вайроншавии фаъолияти ҷигар, стенози даҳонаи аорта, норасоии музмини дил.
Маҳдудиятҳо: дору набояд дар беморони гирифтори инфаркти шадиди миокард истифода шавад, агар хавфи пайдоиши вайроншавиҳои ҷиддии гемодинамикӣ вобаста ба таъсири васодилататор вуҷуд дошта бошад, инчунин ҳангоми вайроншавии фаъолияти гурда.
Ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ: бехатарии истифодаи якҷояи амлодипин ва лизиноприл дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ муайян карда нашудааст.