1000 мг

Форма Капсулы вагинальные
Действующее вещество Фентиконазола нитрат
Форма выпуска 2 капсулы вагинальные
Терапевтическая категория Противоинфекционные средства

О продукте

ТАРКИБ

Дар 1 капсулаи маӽбали: 

Фентиконазол - 1000 мг.

НИШОНДОДҲО 

·  кандидози узвҳои таносул (вулвовагинит, колпит), аз ҷумла бо флораи грамм-мусбат мураккабшуда; 

·  сироятҳое, ки аз ҷониби Trichomonas vaginalis ба вуҷуд меоянд; 

·сироятҳои омехта, ки аз ҷониби Trichomonas vaginalis ва Candida albicans ба вуҷуд меоянд.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Барои истифодаи интравагиналӣ.

Барои пешгирии сирояти дубора тавсия дода мешавад, ки ҳамзамон шарик низ бо малхами Энзофен сараки узви ҷинсӣ ва пардаи пешинро табобат кунад.

Капсула дар ҳолати хобида, пеш аз хоб, чуқур ба дохили маҳбал ворид карда мешавад.

    • Сироятҳои Trichomonas vaginalis ва сироятҳои омехта (Trichomonas vaginalis ва Candida albicans): 1 капсула 1000 мг. Дар ҳолати зарурат пас аз 24 соат такрор карда мешавад. 
    • Сироятҳои Candida albicans: 1 капсула 1000 мг яккарата. Агар нишонаҳо боқӣ монанд, баъд аз 3 рӯз боз 1 капсула истифода мешавад.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Капсулаҳои махбалӣ №2

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика

Энзофен — доруи зиддизанбӯруғии васеи таъсир бо фаъолияти фунгистатикӣ ва фунгицидӣ нисбат ба дерматофитҳо (TrichophytonMicrosporumEpidermophyton), Candida albicans ва дигар сироятҳои занбӯруғии пӯст ва луобпардаҳо мебошад.

Фентиконазол инчунин таъсири зиддибактериявӣ нисбат ба микроорганизмҳои грамм-мусбат ва таъсири зиддипаразитӣ нисбат ба Trichomonas vaginalis дорад.

Таъсири зиддизанбӯруғӣ бо роҳи боздории протеиназаи кислотаии Candida albicans, вайрон кардани девори ҳуҷайра ва бастани цитохромоксидаза ва пероксидазаҳо амалӣ мешавад.

Фармакокинетика

Фентиконазол қариб ба ҷараёни системавии хун ҷаббида намешавад; ҳангоми истифодаи дарозмуддати вагиналӣ консентратсияи он дар хун муайян намешавад. Ҷаббида шудан тавассути луобпардаҳо хеле ночиз аст.

ЗИДНИШОНДОДҲО

Ҳассосияти баланд ба нитрати фентиконазол ва дигар компонентҳои дору.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Ҳангоми истифодаи Энзофен дар дозаи тавсияшуда, дору қариб ҷаббида намешавад, бинобар ин таъсирҳои системавӣ истисно мебошанд. Пас аз истифодаи маҳаллӣ мумкин аст сурхшавии сабук ё эҳсоси сӯзиш пайдо шавад.

Басомади реаксияҳои номатлуб ҳамчун хеле нодир (<1/10000) муайян карда мешавад.

Аз ҷониби пӯст ва бофтаҳои зери пӯст:

хеле нодир — эритема, хориш, донача.

Аз ҷониби узвҳои таносул ва ғадуди шир:

хеле нодир — эҳсоси сӯзиш дар ҷои истифода.

Гузориш дар бораи реаксияҳои эҳтимолии номатлуб

Гузориш дар бораи реаксияҳои эҳтимолии номатлуб пас аз бақайдгирии дору муҳим аст. Ҳангоми пайдо шудани реаксияи ҷиддӣ ё нав, бояд мувофиқи низоми миллии назорати доруҳо хабар дода шавад. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Бо дигар доруҳо ҳамкории доруӣ муайян нашудааст.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Баъзе моддаҳои ёрирасон (парагидроксибензоатҳо) метавонанд реаксияҳои аллергӣ ба вуҷуд оранд. Дар ҳолати пайдо шудани ҳассосият ё аллергия табобат бояд қатъ карда шавад.

Ба бемор тавсия дода мешавад бо духтур маслиҳат кунад:

    • агар беҳбудӣ дар давоми 1 ҳафта ба даст наояд; 
    • дар ҳолати такроршавии нишонаҳо (беш аз 2 сироят дар 6 моҳи охир); 
    • агар дар таърих сироятҳои ҷинсӣ (ИППП) ё дар шарик мавҷуд бошанд; 
    • агар синни бемор то 16 ё зиёда аз 60 сол бошад; 
    • ҳассосият ба имидазолҳо ё дигар доруҳои зиддизанбӯруғии вагиналӣ; 
    • хунравии ғайримуқаррарӣ аз маҳбал; 
    • мавҷудияти захм, булла ё осебҳои кушода; 
    • дарди поёни шикам ё дизурия; 
    • ҳама гуна реаксияҳои номатлуб (эритема, хориш, донача). 

Капсулаҳои вагиналӣ набояд бо воситаҳои контрасептивии барьерӣ якҷоя истифода шаванд.

Ҳангоми ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ фентиконазол танҳо зери назорати духтур истифода мешавад.

Истифода ҳангоми ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ

Маълумот маҳдуд аст. Азбаски ҷаббидашавӣ кам аст, аммо хатар пурра истисно намешавад, истифода танҳо зери назорати духтур иҷозат дода мешавад.

Дар давраи ширдиҳӣ низ истифода танҳо бо назорати духтур тавсия мешавад.

Истифода дар педиатрия

Самаранокӣ ва бехатарӣ то 16-солагӣ муайян нашудааст.