САРПАЛ
Бозгашт ба маҳсулот500 мг / 160 мг / 267 мг
| Шакл | Ҳабҳои хоиданӣ |
|---|---|
| Фаъол модда | "Натрий алгинат / Калсий карбонат / Натрий гидрокарбонат" |
| Шакли пешниҳод | 12-то ҳабҳои хоиданӣ |
| Категорияи табобат | Системаи хозима |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 ҳаб барои хоидан:
- натрий алгинат — 500 мг
- калсий карбонат — 160 мг
- натрий гидрокарбонат — 267 мг.
НИШОНДОДҲО
Табобати нишонаҳои рефлюкси гастроэзофагеалӣ, ба монанди оригирии турш, сӯзиши дил ва диспепсия (вобаста ба туршии муҳтавои меъда, ки ба сурхрӯда бармегардад), масалан пас аз хӯрок, дар давраи ҳомиладорӣ ё дар беморони дорои нишонаҳои марбут ба эзофагити рефлюксӣ.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Ҳабҳо пас аз хуб хоидан ба таври даҳонӣ қабул карда мешаванд.
Ба калонсолон ва кӯдакони аз 12-сола боло 1–2 ҳаб пас аз хӯрок ва пеш аз хоб таъин карда мешавад.
Ба кӯдакони то 12-сола — танҳо бо тавсияи духтур.
Дар беморони синни калон тағйири воя лозим нест.
шАКЛИ БАРОРИШ
Ҳабҳои хоиданӣ №12.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Ҳангоми қабули даҳонӣ Сарпал зуд бо муҳтавои турши меъда реаксия мекунад. Дар натиҷаи таъсири гели алгинатӣ ба рН он қариб нейтрали мешавад, ки дар сатҳи муҳтавои меъда қабати муҳофизатӣ ташкил дода, пайдоиши рефлюкси гастроэзофагеалиро пешгирӣ мекунад.
Ҳангоми регургитатсия гел ба сурхрӯда ворид мешавад, ки дар он ҷо ангезиши луобпардаро кам мекунад.
Механизми таъсири дору ба равандҳои физикӣ-химиявӣ асос ёфта, ба ҷаббида шудан ба гардиши системавӣ вобаста нест.
ЗИДНИШОНДОДҲО
Ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Дар ҳолатҳои нодир (ё ҳангоми зиёд кардани воя) мумкин аст сардард, чарх задани сар, бехобӣ, ихтилоли ҳозима ё дигар реаксияҳои гастроинтестиналӣ ба вуҷуд оянд.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Азбаски карбонати калсий, ки дар таркиби дору мавҷуд аст, таъсири антацидӣ дорад, байни қабули Сарпал ва дигар доруҳо бояд ҳадди ақал 2 соат фосила бошад, махсусан ҳангоми ҳамзамон истифода бурдан бо блокаторҳои ретсепторҳои H2-гистамин, антибиотикҳои гурӯҳи тетрациклин, дигоксин, фторхинолонҳо, намакҳои оҳан, кетоконазол, нейролептикҳо, тироксин, пеницилламин, β-блокаторҳо (атенолол, метопролол, пропранолол), глюкокортикостероидҳо, хлорохин ва дифосфонатҳо.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Аз сабаби мавҷудияти аспартам, ин дору набояд ба беморони гирифтори фенилкетонурия таъин карда шавад.
Имконияти кам шудани самаранокӣ дар беморони дорои сатҳи хеле пасти кислотаи меъда вуҷуд дорад.
Ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ
Таҷрибаи ҷамъшуда ягон таъсири манфии назаррас ба ҷараёни ҳомиладорӣ ё саломатии ҷанин ва навзодро нишон надодааст. Дору метавонад дар давраи ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ истифода шавад. Бо вуҷуди ин, бо назардошти мавҷудияти карбонати калсий, тавсия дода мешавад, ки давомнокии табобат то ҳадди имкон кӯтоҳ бошад.
Истифода дар педиатрия
Дору дар амалияи кӯдакона истифода мешавад. Дар кӯдакони то 12-сола танҳо бо тавсияи духтур истифода мешавад.