САРПАЛ
Бозгашт ба маҳсулот500 мг / 160 мг / 267 мг- 10 мл
| Шакл | Суспензия |
|---|---|
| Фаъол модда | "Натрий алгинат / Калсий карбонат / Натрий гидрокарбонат" |
| Шакли пешниҳод | Флакон 200 мл |
| Категорияи табобат | Системаи хозима |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 10 мл суспензия:
- натрий алгинат — 500 мг
- калсий карбонат — 160 мг
- натрий гидрокарбонат — 267 мг.
НИШОНДОДҲО
Бартараф кардани нишонаҳои рефлюкси гастроэзофагеалӣ, ба монанди орукзании турш, сӯзиши сари меъда ва диспепсия (вобаста ба туршии мундариҷаи меъда, ки ба сурхрӯда бармегардад), масалан пас аз хӯрок, дар давраи ҳомиладорӣ ё дар беморони дорои нишонаҳои марбут ба эзофагити рефлюксӣ.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Суспензияи Сарпал барои истифодаи даҳонӣ пешбинӣ шудааст. Пеш аз истифода суспензияро бояд хуб таконид.
Ба калонсолон ва кӯдакони аз 12-сола боло 10–20 мл (2–4 қошуқи чойӣ) суспензия пас аз хӯрок ва пеш аз хоб (то 4 маротиба дар як рӯз) таъин карда мешавад.
Ба кӯдакони то 12-сола — мувофиқи тавсияи духтур.
Дар беморони синни калон тағйири воя лозим нест.
шАКЛИ БАРОРИШ
Суспензия барои истифодаи даҳонӣ 200 мл.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Ҳангоми қабули даҳонӣ дору зуд бо муҳтавои турши меъда реаксия мекунад. Дар натиҷа гели алгинатӣ бо қариб нейтрали рН ҳосил мешавад, ки дар сатҳи муҳтавои меъда қабати муҳофизатӣ ташкил дода, пайдоиши рефлюкси гастроэзофагеалиро то 4 соат пешгирӣ мекунад.
Ҳангоми регургитатсия гел ба сурхрӯда ворид мешавад, ки дар он ҷо ангезиши луобпардаро кам мекунад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
Ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Реаксияҳои аллергӣ
Хеле нодир — реаксияҳои анафилактикӣ, доғ, крапивница.
Аз ҷониби системаи ҳозима
Дар ҳолатҳои нодир мумкин аст спазми рӯдаҳо ё қабзият ба вуҷуд ояд.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Байни қабули Сарпал ва дигар доруҳо бояд ҳадди ақал 2 соат фосила бошад, махсусан ҳангоми ҳамзамон истифода бурдани тетрациклин, дигоксин, фторхинолонҳо, намакҳои оҳан, кетоконазол, нейролептикҳо, гормонҳои ғадуди сипаршакл, пеницилламин, β-блокаторҳо (атенолол, метопролол, пропранолол), глюкокортикоидҳо, хлорохин, дифосфонатҳо ва эстрамустин.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Суспензияи Сарпал маҳсулоти дорои миқдори баланди натрий мебошад. Инро ҳангоми риояи парҳези камнамак, масалан дар норасоии музмини дил ва вайроншавии фаъолияти гурдаҳо, ба назар гирифтан лозим аст.
Ҳар 10 мл суспензия 160 мг (1,6 ммол) карбонати калсий дорад. Ҳангоми табобати беморони гирифтори гиперкальсемия, нефрокальциноз ва пайдоиши такрории сангҳои гурда, ки дорои калсий мебошанд, бояд эҳтиёт шуд.
Ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ
Тадқиқотҳои клиникӣ дар зиёда аз 500 зани ҳомиладор ва маълумоти постмаркетингӣ таъсири тератогенӣ ё заҳролудии фето-/неонаталиро нишон надодаанд.
Сарпал метавонад ҳангоми ҳомиладорӣ бо нишондоди тиббӣ истифода шавад.
Ҳангоми истифода дар давраи ширдиҳӣ таъсири манфӣ ба навзодон/тифлони ширхора мушоҳида нашудааст. Сарпал метавонад дар давраи ширдиҳӣ истифода шавад.
Истифода дар педиатрия
Дору дар амалияи кӯдакона истифода мешавад. Дар кӯдакони то 12-сола танҳо бо тавсияи духтур истифода мешавад.