40 мг

Шакл Хокаи лиоф. б/тазр.
Фаъол модда Эзомепразол
Шакли пешниҳод Флакон №1
Категорияи табобат Системаи хозима

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

1 флакон бо хокаи лиофилизатшуда дорои:

Моддаи фаъол: эзомепразол (дар шакли натрии эзомепразол) — 40 мг.

1 капсула дорои:

Моддаи фаъол: эзомепразол — 40 мг.

НИШОНДОДҲО 

Дар калонсолон:

    • бемории рефлюкси гастроэзофагеалӣ (БРГЭ) дар беморони гирифтори эзофагит ва/ё аломатҳои шадиди бемории рефлюкс; 
    • шифоёбии захмҳои пептикӣ, ки бо истифодаи доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ (ДЗИҒС) алоқаманданд; 
    • пешгирии пайдоиши захмҳои пептикӣ, ки бо истифодаи ДЗИҒС алоқаманданд, дар беморони гурӯҳи хавф; 
    • пешгирии такроршавии хунравӣ аз захми пептикӣ пас аз гемостази эндоскопӣ. 

Дар кӯдакони аз 1 то 18 сола:

    • бемории рефлюкси гастроэзофагеалӣ (БРГЭ) дар кӯдаконе, ки эзофагит ва/ё аломатҳои шадиди бемории рефлюкс доранд. 

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Дору ба таври парентералӣ бо вояи 20–40 мг 1 маротиба дар як рӯз таъин карда мешавад.

Одатан, давраи табобат бо шакли дору барои воридкунии дохиливаридӣ кӯтоҳмуддат мебошад. Бемор бояд ҳарчи зудтар ба қабули даҳонии дору гузаронида шавад.

шАКЛИ БАРОРИШ

Хокаи лиофилизатшуда барои тайёр намудани маҳлули тазриқӣ дар флакон №1.

Капсулаҳо №28.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика ва фармакокинетика

Эзомепразол — S-изомери омепразол, ки тавассути механизми махсуси таъсир секрецияи шарбати меъдаро коҳиш медиҳад. Он ингибитори насоси протонӣ дар ҳуҷайраҳои париеталии луобпардаи меъда мебошад.

Эзомепразол ҳам секрецияи базалӣ ва ҳам секрецияи ангезонидашудаи кислотаи меъдаро бозмедорад.

Эзомепразол бо сафедаҳои плазмаи хун 97% пайваст мешавад.

Дору пурра бо иштироки системаи цитохроми Р450 метаболизм мешавад.

Давраи нимбартарафшавӣ пас аз қабули такрории дору 1 маротиба дар як рӯз тақрибан 1,3 соат мебошад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  ҳассосияти баланд ба ингибиторҳои насоси протонӣ; 

·  давраи ширмаконӣ; 

·  кӯдакони то 1-сола; 

·кӯдакон ва наврасони то 18-сола барои дигар нишондодҳо, ба ғайр аз бемории рефлюкси гастроэзофагеалӣ (БРГЭ).

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

·  дарди шикам; 

·  метеоризм (варами шикам); 

·  дилбеҳузурӣ; 

·  қайкунӣ; 

·  қабзият; 

·  дарунравӣ; 

·  гипертензияи артериалӣ (баланд шудани фишори хун); 

·  тахикардия (тезшавии набзи дил); 

·  гипомагниемия (паст шудани сатҳи магний дар хун); 

·баланд шудани фаъолияти ферментҳои ҷигар.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Коҳиш ёфтани кислотаи шарбати меъда ҳангоми табобат бо эзомепразол метавонад ба тағйирёбии ҷаббида шудани доруҳое оварда расонад, ки аз сатҳи туршии муҳити меъда вобаста мебошанд.

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Дору бояд бо эҳтиёт ба беморони гирифтори норасоии шадиди гурда таъин карда шавад, зеро таҷрибаи истифодаи он дар ин гурӯҳи беморон маҳдуд мебошад.