ПОЛИЖЕН
Бозгашт ба маҳсулот"Маҷмӯи 12 витамин,12 биоэлемент, 15 минералу микроэлемент"
| Шакл | Капсулаҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | "Маҷмӯи 12 витамин, 12 биоэлемент, 15 минерал ва микроэлемент" |
| Шакли пешниҳод | 12-то капсула |
| Категорияи табобат | Гурухи умуми. |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 капсула:
Компонентҳои гиёҳӣ ва адаптогенҳои табиӣ:
• Экстракти решаи женьшень: 40 мг
• Шираи модазанбур (хушккардашуда): 20 мг
• Леситин: 90 мг
• Равғани сабзаи гандум: 50 мг
• Равғани сафлор: 30 мг
• Гарди гул: 25 мг
• Битартрат диметиламиноэтанол: 25 мг
Витаминҳо:
• Витамини А (ретинол): 5000 IU
• Витамини D3 (холекальциферол): 400 IU
• Витамини Е (токоферол ацетат): 100 мг
• Витамини С (кислотаи аскорбин): 150 мг
• Витамини РР (никотинамид): 20 мг
• Витамини B1 (тиамин): 5 мг
• Витамини B2 (рибофлавин): 5 мг
• Витамини B5 (пантотенати калсий): 10 мг
• Витамини B6 (пиридоксин): 4 мг
• Витамини B9 (кислотаи фолий): 0,5 мг
• Витамини Н (биотин): 150 мкг
• Витамини B12 (сианокобаламин): 8 мкг
• Витамини B13 (кислотаи оротикӣ): 10 мг
Аминокислотаҳо:
• L-лизин 20 мг
• L-аргинин 20 мг
• Метионин 74 мкг
Макро ва микроэлементҳо:
• Калсий 50,0 мг
• Фосфор 38,71 мг
• Руҳ 15,0 мг
• Оҳан 14,0 мг
• Калий 8,0 мг
• Марганец 2,5 мг
• Мис 2,0 мг
• Магний 1,0 мг
• Фтор 0,2 мг
• Молибден 186,0 мкг
• Йод 150,0 мкг
• Бор 130,0 мкг
• Хром 100,0 мкг
• Селен 50,0 мкг
• Никел 4,0 мкг
НИШОНДОДҲО
· табобат ва пешгирии гиповитаминоз ва авитаминоз дар калонсолон ва кӯдакони аз 12-сола боло;
· паст шудани қобилияти зеҳнӣ ва ҷисмонӣ, ҳолати хастагӣ, суст шудани диққат;
· суръат бахшидан ба раванди барқароршавӣ, аз ҷумла баъди бемориҳои вазнин, ҷарроҳӣ ё табобати радиатсионӣ;
· камхунӣ (анемия) бо сабабҳои гуногун;
· баланд бардоштани тобоварии ҷисмонӣ дар варзишгарон;
· пешгирии оқибатҳои стресс;
· давраи климакс дар занон;
· нотавонии ҷинсӣ (импотенсия) дар мардон;
· астенияи ҷинсӣ ва безурётӣ;
· зиёд шудани эҳтиёҷ ба витаминҳо дар давраи балоғат;
· барои шахсоне, ки парҳези қатъиро риоя мекунанд;
· ҳангоми ғизои номутавозин ва нокифоя;
· ҳангоми рехтан ва шикананда шудани мӯй;
· ҳангоми неврозҳо, диабети қанд, бемориҳои илтиҳобии буғумҳо, бемориҳои чашм ва пӯст, инчунин дигар бемориҳои музмин;
·барои баланд бардоштани муқовимати умумии организм.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Пас аз наҳорӣ 1 капсула дар як рӯз ё як рӯз дар миён қабул карда шавад.
Давомнокии тавсияшавандаи табобат 2–3 ҳафта мебошад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Капсулаҳо №12
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Полижен маҷмӯи мутавозини витаминҳо, минералҳо ва аминокислотаҳоро дар бар мегирад, ки барои фаъолияти муқаррарии организм заруранд. Инчунин дорои моддаҳои фаъоли биологӣ мебошад, ки муқовимати организмро ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла шамолхӯрӣ, таъсири номусоиди муҳити зист зиёд намуда, таъсири умумии қувватбахш доранд.
Маҷмӯи дуруст интихобшудаи витаминҳо, ки дар равандҳои гуногуни биохимиявӣ фаъолона иштирок мекунанд, ба организм таъсири мусбати ҳамаҷониба мерасонанд. Моддаҳои минералӣ тавозуни табиии кимиёвии организмро нигоҳ медоранд.
Аминокислотаҳои таркиби дору маводи асосии сохтмонӣ барои синтези сафедаҳои бофтаҳо, ферментҳо, гормонҳо ва дигар пайвастагиҳои муҳими биологӣ мебошанд.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба ягон ҷузъи таркибии дору;
- дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ
·кӯдакони то 12-сола.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Ҳангоми истифода дар вояҳои тавсияшуда таъсирҳои номатлуб кам ба назар мерасанд.
Дар ҳолатҳои алоҳида мумкин аст мушоҳида шаванд:
- дарди сар;
- чархзании сар;
- тахикардия (тез задани дил);
- аксуламалҳои аллергӣ (аз ҷумла занбӯруғак/крапивница).
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
То имрӯз таъсири мутақобилаи аз ҷиҳати клиникӣ аҳамиятноки доруи Полижен бо дигар доруҳо муайян карда нашудааст.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Истифодаи доруи Полижен дар нимаи дуюми рӯз, инчунин тавсия дода намешавад.