ОРЦИПОЛ
Бозгашт ба маҳсулот500 мг / 500 мг
| Шакл | Ҳабҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | Ципрофлоксацин / Орнидазол |
| Шакли пешниҳод | 10-то ҳаб |
| Категорияи табобат | Маводхои зидиинфектсиони |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 ҳаб:
- Ципрофлоксацин — 500 мг
- Орнидазол — 500 мг.
НИШОНДОДҲО
· Бемориҳои сироятӣ-илтиҳобии узвҳои коси хурд, аз ҷумла пешгирӣ баъд аз исқоти ҳамл ва амалиёти ҷарроҳӣ;
· сироятҳои системаи пешобу таносул: пиелонефрити шадид ва музмин, цистит, уретрит, простатит, эпидидимит, аз ҷумла шаклҳои мураккаб ва такроршаванда;
· сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда: хламидиоз, микоплазмоз, гонорея, трихомониаз, сироятҳои омехта;
· сироятҳои роҳҳои нафас: бронхити шадид, авҷгирии бронхити музмин, пневмония, бронхоэктазҳои сироятёфта, абсцесси шуш, эмпиемаи плевра;
· сироятҳои ЛОР-узвҳо: синусит, отити беруна ва миёна, мастоидит;
· сироятҳои пӯст, бофтаҳои нарм, устухонҳо ва буғумҳо;
·сироятҳои дохили шикам; дарунравӣ, ки аз микроорганизмҳои бактериявӣ ё протозоӣ ба вуҷуд омадааст.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Орципол бояд ба дохили даҳон 1 ҳаб 2 маротиба дар як рӯз қабул карда шавад.
Ҳабҳо бояд пурра фурӯ бурда шаванд, бе хоидан, бо миқдори кофии моеъ. Орциполро пеш аз хӯрок ё 2 соат баъд аз хӯрок қабул кардан мумкин аст.
шАКЛИ БАРОРИШ
Ҳабҳо №10.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Орципол доруи комбинатсионии зиддимикробӣ ва зиддипротозойӣ мебошад, ки таъсири фармакологии он ба хосиятҳои компонентҳои дар таркибаш мавҷудбуда — ципрофлоксацин (ҳосилаи фторхинолони насли II) ва орнидазол (ҳосилаи 5-нитроимидазол) вобаста аст.
Орципол дорои доираи васеи таъсири зиддимикробӣ буда, нисбат ба як қатор микроорганизмҳои аэробии грамм-мусбат ва грамм-манфӣ фаъол аст.
Ципрофлоксацин аз рӯдаи ҳозима зуд ҷаббида мешавад. Консентратсияи максималӣ (Cmax) баъд аз 1–2 соат ба даст меояд ва 2,5 мг/мл-ро ташкил медиҳад. Биодастрасӣ 70–80% аст. Аз плацента мегузарад ва бо шири модар хориҷ мешавад.
Орнидазол пас аз қабули даҳонӣ зуд ҷаббида мешавад, Cmax дар плазма дар давоми 3 соат ба даст омада, 26,5 мкг/мл-ро ташкил медиҳад. Биодастрасӣ 90% аст.
ЗИДНИШОНДОДҲО
Ҳассосияти баланд ба ципрофлоксацин ё орнидазол;
ҳомиладорӣ ва давраи ширдиҳӣ;
кӯдакон ва наврасони то 15-сола;
бемориҳои системаи марказии асаб;
бемориҳои шадиди неврологӣ.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Мумкин аст дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарунравӣ, дарди шикам; дарди сар, сарчархзанӣ, ихтилоли хоб; эозинофилия, лейкопения, нейтропения, тағйир дар шумораи тромбоцитҳо; реаксияҳои аллергӣ; кам-кам — фотосенсибилизатсия.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Истифодаи якҷояи ципрофлоксацин ва теофиллин метавонад хатари таъсири заҳролудро зиёд кунад. Орнидазол таъсири антикоагулянтҳои ғайримустақимро пурзӯр намуда, давомнокии таъсири векуроний бромидро зиёд мекунад. Ҳангоми истифодаи ҳамзамони ципрофлоксацин бо варфарин хатари хунравӣ зиёд мешавад. Истифодаи якҷоя бо антацидҳо, инчунин доруҳои дорои ионҳои алюминий, руҳ, оҳан ё магний метавонад ҷаббида шудани ципрофлоксацинро кам кунад, бинобар ин фосила байни қабули доруҳо бояд на камтар аз 4 соат бошад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Дар беморони гирифтори ихтилоли функсияи гурда ислоҳи реҷаи воя зарур аст. Дар беморони синни калонсол, ҳангоми атеросклерози рагҳои мағзи сар, ихтилоли гардиши хуни мағз, эпилепсия ва инчунин синдроми судоргаҳои пайдоиши номаълум бо эҳтиёт истифода бурда шавад.