0.4 мг

Шакл Ҳабҳо
Фаъол модда Моксонидин
Шакли пешниҳод 30-то ҳаб
Категорияи табобат Системаи дилу рагҳо

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 ҳаб мавҷуд аст: 

моксонидин — 0,4 мг.

НИШОНДОДҲО 

Барои истифода дар калонсолони аз 18-сола боло ҳангоми табобати:

Гипертензияи артериалӣ ҳамчун монотерапия ё дар якҷоягӣ бо дигар доруҳои зиддигипертензивӣ. 

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Дар аксари ҳолатҳо, вояи ибтидоии доруи Медонеп 0,2 мг дар як шабонарӯз мебошад. Вояи максималии якдафъаина 0,4 мг аст. Вояи максималии шабонарӯзӣ, ки бояд ба 2 қабул тақсим карда шавад, 0,6 мг мебошад.

Ислоҳи инфиродии вояи шабонарӯзӣ вобаста ба таҳаммулпазирии бемор ба табобати гузаронидашаванда зарур аст.

Барои бемороне, ки гемодиализ мегиранд, вояи ибтидоӣ 0,2 мг дар як шабонарӯз мебошад. Дар ҳолати зарурат ва ҳангоми таҳаммулпазирии хуб вояи шабонарӯзӣ метавонад то ҳадди максималии 0,4 мг зиёд карда шавад.

Ба беморони гирифтори норасоии гурда интихоби эҳтиёткоронаи воя, махсусан дар оғози табобат, тавсия дода мешавад. Вояи ибтидоӣ бояд 0,2 мг дар як шабонарӯз бошад. Дар ҳолати зарурат ва ҳангоми таҳаммулпазирии хуб вояи шабонарӯзии дору метавонад то ҳадди максималии 0,4 мг барои беморони гирифтори норасоии миёнаи гурда зиёд карда шавад.

шАКЛИ БАРОРИШ

Хабхо №30

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Ҳавасмандкунии ин ретсепторҳо фаъолияти системаи симпатикиро паст намуда, муқовимати канории рагҳо ва фишори артериалиро (ФА) коҳиш медиҳад. Ҳамзамон, ин дору аз доруҳои таъсиркунандаи марказӣ (масалан, клонидин) бо эҳтимолияти камтари пайдоиши таъсири оромбахш (седативӣ) ва хушкшавии даҳон фарқ мекунад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

Ҳассосияти баланд нисбат ба моддаи фаъол; синдроми заъфи гиреҳи синусӣ; брадикардия камтар аз 50 зарба/дақиқа; блокадаи AV дараҷаи II–III; норасоии декомпенсатсионии дил; норасоии шадиди гурда; синни то 18-солагӣ; ҳомиладорӣ ва давраи ширмаконӣ.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Хушкшавии даҳон, чарх задани сар, хоболудӣ/астения, дарди сар, дилбеҳузурӣ, дарунравӣ, гипотензияи ортостатикӣ, брадикардия, доғҳои пӯст, хориш.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Таъсири дигар доруҳои зиддигипертензивиро пурзӯр мекунад; ҳангоми истифодаи якҷоя бо машрубот таъсири оромбахш (седативӣ) метавонад зиёд шавад; антидепрессантҳои сесиклагӣ (ТЦА) метавонанд таъсири пасткунандаи фишори хунро коҳиш диҳанд.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Назорати фишори артериалӣ зарур аст; ҳангоми истифода дар беморони гирифтори норасоии гурда эҳтиёткорӣ лозим аст; ҳангоми қатъ намудани табобат вояи дору бояд тадриҷан кам карда шавад.