ЛАКТОСОФТ
Бозгашт ба маҳсулот2,5 мг
| Шакл | Капсулаҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | Пикосулфати натрий |
| Шакли пешниҳод | 50-то капсула |
| Категорияи табобат | Системаи хозима |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 капсула:
натрий пикосульфат моногидрат — 2,5 мг.
НИШОНДОДҲО
· қабзияти атоникӣ;
· танзими наҷосат ҳангоми бавосир, проктит ва шикофи мақъад;
·омодагӣ ба ҷарроҳӣ, ташхисҳои асбобӣ ва рентгенологӣ.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Доруро ба дохил қабул намуда, бо миқдори кофии об фурӯ мебаранд.
- Калонсолон ва кӯдакони аз 10-сола боло: 2–4 капсула (5–10 мг) як маротиба дар як шабонарӯз.
- Кӯдакони 4–10 сола: 1–2 капсула (2,5–5 мг) як маротиба дар як шабонарӯз.
Барои ба даст овардани таъсири исҳоловар дар субҳ, доруро шоми пеш аз хоб қабул кардан тавсия дода мешавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Капсулаҳо №50
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Натрий пикосулфат воситаи исҳоловар аз гурӯҳи триарилметанҳо мебошад. Пас аз фаъолшавӣ тавассути бактерияҳои рӯдаи ғафс, он луобпардаи рӯдаи ғафсро ҳавасманд намуда, перисталтикаро зиёд мекунад ва ба ҷамъшавии об ва электролитҳо дар рӯдаи ғафс мусоидат мекунад. Дар натиҷа хориҷшавии наҷосат осон гардида, вақти гузариши мӯҳтавои рӯда кӯтоҳ ва наҷосат мулоим мешавад.
Дору асосан дар рӯдаи ғафс таъсир мекунад ва ба ҳазми ғизо ё ҷабби моддаҳои ғизоӣ дар рӯдаи борик таъсир намерасонад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба натрий пикосулфат ё дигар ҷузъҳои дору;
· басташавии рӯда;
· чурраи фишурдашуда;
· бемориҳои шадиди илтиҳобии узвҳои холигоҳи шикам;
· перитонит;
· дарди шикам бо сабаби номаълум;
· беобшавии шадиди организм;
· хунравии меъдаю рӯда;
· метроррагия (хунравии бачадон);
· цистит;
· қабзияти спастикӣ;
· кӯдакони то 4-сола;
·семоҳаи аввали ҳомиладорӣ.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Аз ҷониби меъдаву рӯда:
- нороҳатӣ дар шикам;
- дилбеҳузурӣ, қайкунӣ;
- дард ва кашишхӯрии шикам;
- дарунравӣ;
- диспепсия;
- газнокӣ;
- дард дар меъда ва минтақаи мақъад;
- зиёд шудани ҳаракати рӯда (одатан пас аз кам кардани воя аз байн меравад).
Аз ҷониби системаи асаб:
- чарх задани сар;
- дарди сар;
- хастагӣ;
- хоболудӣ;
- судорга;
- беҳушшавӣ (метавонад бо аксуламали вазовагалӣ ҳангоми ҳоҷатравӣ алоқаманд бошад).
Аз ҷониби системаи масуният ва пӯст:
- аксуламалҳои аллергӣ;
- варами ангионевротикӣ;
- доғи пӯст;
- занбӯруғак (крапивница);
- хориш;
- дерматити аллергӣ.
Аз ҷониби мубодилаи моддаҳо:
- талафоти калий, натрий ва дигар электролитҳо;
- беобшавии организм (ҳангоми истифодаи тӯлонӣ бо вояҳои баланд).
Ҳангоми истифодаи кӯтоҳмуддат таъсири номатлуб хеле кам мушоҳида мешавад.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
· Истифодаи ҳамзамон бо диуретикҳо ё глюкокортикостероидҳо метавонад талафоти калий ва дигар электролитҳоро зиёд намуда, хатари вайроншавии мувозинати обу электролитҳоро афзоиш диҳад.
· Антибиотикҳои васеъспектр метавонанд таъсири исҳоловари доруро коҳиш диҳанд, зеро микрофлораи рӯдаро, ки барои фаъол шудани натрий пикосулфат зарур аст, тағйир медиҳанд.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
- Доруро бе машварати духтур зиёда аз 10 рӯз ҳар рӯз истифода набаред.
- Агар истифодаи ҳаррӯзаи доруҳои исҳоловар зарур бошад, сабаби қабзият бояд муайян карда шавад.
- Истифодаи тӯлонӣ метавонад ба вайроншавии мувозинати обу электролитҳо, гипокалиемия, одат кардан ба дору ва пайдоиши қабзияти такрорӣ («рикошетӣ») баъди қатъи табобат оварда расонад.
- Дору барои бартараф кардани қабзият дар беморони гирифтори саратон, ки миқдори зиёди опиоидҳо мегиранд, самаранок аст.
- Кӯдакон бояд доруро танҳо бо тавсияи духтур қабул намоянд.
- Метаболити фаъол ва глюкуронидҳои он ба шири модар намегузаранд, бинобар ин доруро ҳангоми синамаконӣ истифода бурдан мумкин аст.