ИНСУПРИД
Бозгашт ба маҳсулот2мг/4мг
| Шакл | Ҳабҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | Глимепирид |
| Шакли пешниҳод | 30-то ҳаб |
| Категорияи табобат | Мубодилаи моддахо |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
1 ҳаб дар бар мегирад:
Моддаи фаъол:
- глимепирид — 2 мг, ё 4 мг.
НИШОНДОДҲО
Диабети қанди навъи II дар беморони калонсол, агар сатҳи глюкоза дар хун танҳо бо риояи парҳез, фаъолияти ҷисмонӣ ва кам кардани вазни бадан ба таври кофӣ назорат карда нашавад.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Дору барои қабул аз роҳи даҳонӣ пешбинӣ шудааст.
Табобати муваффақонаи диабети қанд аз риояи парҳез, фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ ва назорати доимии сатҳи глюкоза дар хун ва пешоб вобаста аст.
Миқдори дору вобаста ба натиҷаҳои таҳлили глюкоза дар хун ва пешоб муайян карда мешавад.
Миқдори ибтидоии глимепирид 1 мг як маротиба дар як шабонарӯз мебошад.
Ҳангоми нокифоя будани назорати гликемия, миқдор тадриҷан то 2 мг, ё 4 мг дар як шабонарӯз бо фосилаи 1–2 ҳафта зиёд карда мешавад.
Миқдори максималии тавсияшаванда 6 мг дар як шабонарӯз мебошад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Ҳабҳо №30
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Инсуприд — доруи гипогликемикии даҳонӣ, ҳосилаи сулфонилмочевинаи насли III.
Инсуприд сатҳи глюкозаро дар хун асосан тавассути ангезиши ҷудошавии инсулин аз β-ҳуҷайраҳои гадуди зери меъда паст мекунад. Таъсири он бо беҳтар шудани ҷавобгӯии β-ҳуҷайраҳо ба ангезиши физиологии глюкоза вобаста мебошад..
ЗИДНИШОНДОДҲО
· Ҳассосияти баланд (гиперҳассосият) ба глимепирид ё ягон ҷузъи дору, инчунин ба ҳосилаҳои сулфонилмочевина ё доруҳои сулфаниламидӣ;
· Диабети қанд навъи 1;
· Кетоацидози диабетӣ, прекома ва комаи диабетӣ;
· Вайроншавии вазнини кори ҷигар ва гурдаҳо;
· Ҳомиладорӣ ва давраи ширдиҳӣ;
·Кӯдакон ва наврасони то 18-сола.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Аксуламалҳо дар шакли хориш, крапивница (уртикария) ва ҳассосият ба рӯшноӣ (фотосенсибилизатсия) метавонанд ба вуҷуд оянд.
Нодир: тромбоцитопения, лейкопения, гранулоцитопения, агранулоцитоз, эритроцитопения, анемияи гемолитикӣ ва панцитопения, ки одатан баъди қатъ кардани истеъмоли дору баргарданда мебошанд.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Дар беморони гирифтори диабети қанд, ки назорати нокифояи глюкозаи хун доранд, ҳангоми истифодаи глимепирид ё метформин дар вояи максималии шабонарӯзӣ метавонад табобати якҷоя бо ин ду дору оғоз карда шавад.
Ҳангоми истифодаи глимепирид дар вояи максималии шабонарӯзӣ метавонад ҳамзамон инсулин таъин карда шавад. Дар ин ҳолат табобати инсулин бо вояи паст оғоз шуда, зери назорати сатҳи глюкоза дар хун тадриҷан зиёд карда мешавад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Агар хӯрок дар фосилаҳои номуназзам қабул карда шавад ё комилан гузаронида шавад, дар беморе, ки глимепирид мегирад, метавонад гипогликемия (пастшавии сатҳи глюкозаи хун) ба вуҷуд ояд.