1000 мг / 2500 ВБ / 500 мг / 100 мг

Шакл Капсулаҳо
Фаъол модда "Шири мода занбӯри асал (лиофилизат) / Бета-каротин (провитамини витамини А) / Равғани сабзаи гандум / Хокаи сирпиёз"
Шакли пешниҳод 10-то капсула
Категорияи табобат Мубодилаи моддахо

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар як капсула:

Моддаҳои фаъол:

Шири модарии занбӯри асал (лиофилизат; HAD 5,8%) — 1000 мг

Бета-каротин (провитамини витамини А) — 2500 воҳиди байналмилалӣ

Равғани навдаҳои гандум — 500 мг

Хокаи сирпиёз — 100 мг

НИШОНДОДҲО 

·  ҳолати хастагӣ, паст шудани қобилияти зеҳнӣ ва ҷисмонӣ; 

·  давраи барқароршавӣ пас аз бемориҳои сироятӣ, ҷарроҳӣ, ҷароҳатҳо, табобати нурӣ ва химиотерапия; 

·  барои баланд бардоштани қобилияти ҷисмонӣ (масалан, дар варзишгарон); 

·  давраи климактерӣ; 

·  безурётӣ; 

·  паст шудани қобилияти ҷинсӣ; 

·  ғизои номутавозин; 

·  бемориҳои дегенеративии буғумҳо; 

·  бемориҳои пӯст; 

·  вайроншавии биноӣ; 

·табобати маҷмӯии бемориҳои музмин.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Ба калонсолон ва кӯдакони аз 12-сола боло 1 капсула як маротиба  (дар нимаи аввали руз) дар як шабонарӯз ҳангоми ё фавран пас аз хӯрок таъин карда мешавад.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Капсулаҳо №10.

 2 блистер дар қуттии картонӣ. 

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Голд Рэй маҷмӯи моддаҳои фаъол мебошад, ки бо таври илмӣ интихоб шудаанд ва ба нигоҳдорӣ ва беҳтар намудани фаъолияти организм мусоидат мекунанд. Компонентҳои он ба ҳолати умумии организм таъсири мусбат расонида, таҳаммулпазириро ба фишорҳои ҷисмонӣ ва равонӣ баланд мекунанд ва фаъолияти узвҳо ва системаҳои алоҳидаро дастгирӣ менамоянд.

Шири модарии табиии занбӯри асал дорои витаминҳо, минералҳо, сафедаҳо ва аминокислотаҳо мебошад. Он истеҳсоли гормонҳои ҷинсиро таҳрик медиҳад, фаъолияти репродуктивиро дар мардон ва занон муътадил мегардонад ва фаъолияти ҷинсиро баланд мекунад. Таъсири оромбахш ва иммуномодуляторӣ дорад, хобро беҳтар намуда, изтиробро кам мекунад. Коллаген ба ҳолати пӯст ва буғумҳо таъсири мусбат мерасонад. Хосияти зиддибактериявии сабук дорад.

Бета-каротин провитамини витамини А буда, дар ҷигар ба шакли фаъол табдил меёбад. Ба узви биноӣ таъсири мусбат мерасонад, фаъолияти системаи масуниятро дастгирӣ мекунад ва муқовимати организмро ба сироятҳо баланд мекунад. Хосияти антиоксидантӣ дорад, дар пешгирии бемориҳои дилу рагҳо ва саратон нақши муҳим мебозад ва сатҳи липопротеинҳои зичии баландро зиёд мекунад.

Равғани навдаҳои гандум манбаи витамини Е мебошад, ки антиоксиданти қавӣ аст. Он ҳуҷайраҳоро аз зарари радикалҳои озод муҳофизат мекунад, раванди пиршавиро суст менамояд, ташаккули тромбҳоро пешгирӣ мекунад ва таъсири зиддисаратонӣ дорад. Ба ҳолати рагҳо ва фаъолияти репродуктивӣ мусоидат мекунад.

Хокаи сирпиёз дорои таъсири пасткунандаи холестерин мебошад, ташаккули тромбҳоро пешгирӣ мекунад, фишори хунро ба эътидол меорад, таъсири зиддисаратонӣ дорад ва муқовимати организмро ба сироятҳои бактериявӣ ва занбӯруғӣ зиёд мекунад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  ҳассосияти баланд ба ҳар як ҷузъи дору; 

·  давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ; 

·барои кӯдакони то 12-сола истифода тавсия дода намешавад.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Ҳангоми истифодаи дору дар вояҳои тавсияшуда таъсирҳои номусоид мушоҳида нашудаанд. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

.

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Истифодаи дору дар нимаи дуюми рӯз тавсия дода намешавад.

Шароити нигоҳдорӣ:

Дар ҷои барои кӯдакон дастнорас, дар ҳарорати на зиёд аз 30 °C нигоҳ доред.

Мӯҳлати истифода:

 3 сол аз санаи истеҳсол.

 Пас аз анҷоми мӯҳлати дар баста нишон додашуда истифода набаред.