ФЕРСИНОЛ
Бозгашт ба маҳсулот100 мг/ 2мл
| Шакл | Маҳлул барои тазриқ |
|---|---|
| Фаъол модда | Комплекси полималтозии гидроксиди оҳани (III) |
| Шакли пешниҳод | 5-то ампула 2 мл |
| Категорияи табобат | Системаи хунофари |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 ампула (2 мл):
Комплекси полималтозии гидроксиди оҳан (III) — 100 мг.
НИШОНДОДҲО
- камхунии шадиди пас аз хунравӣ;
- камхунии норасоии оҳан бо пайдоиши гуногун дар калонсолон ва кӯдакон ҳангоми бесамар будан ё ғайриимкон будани истифодаи доруҳои оҳандори даҳонӣ.
Ферсинол танҳо ҳангоми ҳолатҳои норасоии оҳан, ки бо таҳқиқоти дахлдори лабораторӣ тасдиқ шудаанд, истифода бурда мешавад.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Дору танҳо барои воридкунии дохилимушакӣ пешбинӣ шудааст. Барои воридкунии дохиливаридӣ пешбинӣ нашудааст.
Техникаи воридкунӣ
Маҳлули тазриқии Ферсинолро ба минтақаи китф ё ҷойҳои осебдидаи пӯст ворид кардан мумкин нест. Воридкунии нодуруст метавонад боиси дард ва тағйир ёфтани ранги пӯст дар ҷойи тазриқ гардад.
Техникаи вентро-глютеалӣ нисбат ба усули маъмулии воридкунӣ ба қисми болоии берунии сурин тавсия дода мешавад:
a) Дарозии сӯзан бояд на камтар аз 5–6 см бошад. Қутри дохилии сӯзан набояд хеле калон бошад.
b) Ҷойи тазриқ чунин муайян карда мешавад: аввал нуқтаи А, ки ба минтақаи буғуми миёни устухони кос ва камар мувофиқат мекунад, муайян карда мешавад. Агар бемор ба паҳлӯи рост хобида бошад, ангушти миёнаи дасти чап дар нуқтаи А гузошта мешавад. Ангушти ишоратӣ ба самти теғаи устухони кос бурда шуда, дар нуқтаи В ҷойгир карда мешавад. Минтақаи секунҷашакли байни ангуштони миёна ва ишоратӣ ҷойи тазриқ мебошад. Пеш аз тазриқ пӯст бо усули стандартӣ безарар гардонида мешавад.
c) Пеш аз ворид кардани сӯзан пӯстро тақрибан 2 см ба поён мекашанд, то роҳи каҷшакл ҳосил шавад ва аз баромадани маҳлул ба бофтаҳои зери пӯст ва ранг гирифтани пӯст пешгирӣ шавад.
d) Сӯзан амудӣ нисбат ба сатҳи пӯст ворид карда мешавад ва бештар ба самти буғуми кос равона карда мешавад.
e) Пас аз ворид кардани дору сӯзан оҳиста хориҷ карда шуда, дар давоми як дақиқа ба ҷойи тазриқ фишор дода мешавад.
f) Баъди тазриқ ба бемор тавсия дода мешавад, ки ҳаракат кунад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Маҳлул барои тазриқи д/м дар ампула (2 мл) №5.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Ферсинол доруи зиддикамхунӣ мебошад.
Интиқоли оҳан дар плазмаи хун тавассути γ-глобулини трансферрин, ки дар ҷигар синтез мешавад, амалӣ мегардад. Оҳани севалента дар ташаккули гем иштирок намуда, боиси баланд шудани сатҳи гемоглобин мегардад.
Оҳане, ки ба таркиби дору дохил мешавад, қисми таркибии гемоглобин буда, ҳангоми ҳолатҳои норасоии оҳан эритропоэзро ҳавасманд мекунад.
Оҳан дар таркиби дору дар шакли комплекси гидроксиди оҳан (III) ва полималтоза мавҷуд аст. Ин комплекс аз сохтори марказӣ иборат мебошад, ки аз ядроҳои оҳани севалента ташкил ёфта, бо миқдори зиёди молекулаҳои полималтоза иҳота шудааст.
Консентратсияи максималӣ (Cmax) баъд аз 24 соат ба даст меояд. Метаболизм тавассути оксидшавӣ сурат мегирад.
Дар гардиши хун оҳан бо трансферрин пайваст мешавад, дар бофтаҳо ҳамчун ферритин захира мегардад ва дар мағзи устухон ба таркиби гемоглобин дохил шуда, дар раванди эритропоэз истифода мешавад.
Камтар аз 1% тавассути гурдаҳо хориҷ мегардад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба компонентҳои дору;
· камхуниҳое, ки бо норасоии оҳан алоқаманд нестанд;
· вайроншавии эритропоэз;
· гипоплазияи мағзи устухон;
· зиёдатии оҳан дар организм (гемохроматоз, гемосидероз ва ғайра);
· вайроншавии истифодаи оҳан дар организм;
· синдроми Ослер–Рандю–Вебер;
· полиартрити музмин;
· астмаи бронхиалӣ;
· бемориҳои сироятии гурда дар марҳилаи шадид;
· гиперпаратиреози идоранашаванда;
· сиррози декомпенсатсионии ҷигар;
· синни барвақти кӯдакон (то 4-моҳагӣ);
· семоҳаи якуми ҳомиладорӣ;
·гепатити сироятӣ.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Дар ҳолатҳои нодир: артралгия, калоншавии гиреҳҳои лимфавӣ, таб, дарди сар, заъф, диспепсия, таъми металлик дар даҳон.
Хеле кам — аксуламалҳои аллергӣ.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Ингибиторҳои АПФ таъсирҳои системавиро зиёд мекунанд. Истифодаи ҳамзамон бо доруҳои оҳандори даҳонӣ тавсия дода намешавад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Ҳангоми воридкунии дохилимушакӣ дар бемор метавонад аксуламалҳои анафилактикӣ, ки бо ҳассосияти баланд вобастаанд, ба вуҷуд оянд.
Бо эҳтиёт истифода бурда шавад дар ҳолатҳои: норасоии ҷигар ва/ё гурда, бемориҳои дилу рагҳо ва бемориҳои аллергӣ.