124 мг

Шакл Ҳабҳо
Фаъол модда Сулфати рух
Шакли пешниҳод 50-то ҳаб
Категорияи табобат Гурухи умуми.

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 ҳаб:

 сулфати руҳ моногидрат 124 мг мебошад, ки ба 45 мг руҳ (цинк) баробар аст.

НИШОНДОДҲО 

    • Табобат ва пешгирии норасоии руҳ (цинк) 
    • Акнеҳои чиркдор ва флегмонозӣ дар калонсолон ва кӯдакони аз 4-сола боло 
    • Ҳолатҳои вобаста ба камбуди руҳ (масалан, ғизои нодуруст ё халал дар ҷаббиш).   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Акнеҳои чиркдор ва флегмонозӣ:

    • Калонсолон: 1–2 ҳаб дар як рӯз. 
    • Кӯдакони аз 4-сола боло: 1 ҳаб дар як рӯз.

Давомнокии табобат: 6–12 ҳафта

Норасоии руҳ (цинк):

    • Калонсолон: 1–2 ҳаб дар як рӯз. 
    • Кӯдакони аз 4-сола боло: 1 ҳаб дар як рӯз. 

Тарзи қабул:

Доруро 1 соат пеш ё 2 соат пас аз хӯрок қабул мекунанд.

Ҳангоми пайдо шудани озори меъдаву рӯда, онро метавон ҳангоми хӯрок ё пеш аз хӯрок истифода бурд.

шАКЛИ БАРОРИШ

Ҳабҳо, №50

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Сулфати руҳ манбаи руҳ мебошад — микроэлементи муҳим, ки дар бисёр равандҳои биохимиявии организм иштирок мекунад:

    • дар кори зиёда аз 200 фермент иштирок мекунад 
    • барои синтези сафедаҳо ва ДНК зарур аст 
    • системаи масуниятро дастгирӣ мекунад 
    • шифоёбии пӯст ва луобпардаҳоро метезонад 
    • кори ғадудҳои чарбиро танзим мекунад 
    • дар акне таъсири зиддиилтиҳобӣ дорад 

Истифодаи руҳ ҳангоми норасоӣ ба беҳтар шудани мубодилаи моддаҳо ва ҳолати пӯст мусоидат мекунад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  Ҳассосияти баланд ба моддаи фаъол ё ҷузъҳои дору 

·  Кӯдакони то 4-сола 

·Норасоии таҳаммулнопазирии лактоза.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

·  дилбеҳузурӣ 

·  дарунравӣ 

·  сӯзиши меъда (изжога) 

·  дарди сар 

·таъми металлик дар даҳон.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

·  Антибиотикҳои тетрациклин ва хинолонҳо (масалан, ципрофлоксацин, левофлоксацин): руҳ ҷаббида шудани онҳоро кам мекунад → бояд бо фосилаи 2–6 соат гирифта шаванд. 

·  Оҳан, калсий, магний, алюминий (антацидҳо): ҷаббидаи руҳро кам мекунанд. 

·  Пеницилламин: руҳ таъсири онро паст мекунад. 

·  Мис (медь): истифодаи дарозмуддати руҳ метавонад сатҳи мисро кам кунад. 

·  Мультивитаминҳо бо минералҳо: рақобат дар ҷаббшавӣ метавонад ба амал ояд.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ

Доруи Золидас аз монеаи плацентарӣ мегузарад, бинобар ин дар давраи ҳомиладорӣ танҳо бо тавсияи духтур ва дар ҳолате истифода мешавад, ки фоида барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин зиёд бошад.

Дору ба шири модар мегузарад, бинобар ин истифодаи он дар давраи ширдиҳӣ тавсия дода намешавад.