200 мг / мл

Шакл Суспензия
Фаъол модда Вальпроати натрий
Шакли пешниҳод Флакон 40 мл
Категорияи табобат Системаи асаб

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 мл маҳлул барои истеъмоли даҳонӣ: 

валпроати натрий 200 мг мебошад.

НИШОНДОДҲО 

Дору барои табобати ташаннуҷҳои генерализатсияшуда ё фокалӣ дар калонсолон ва кӯдакон таъин карда мешавад:

    • Ташаннуҷҳои генерализатсияшуда: абсансӣ, клоникӣ, тоникӣ, тоникӣ-клоникӣ, миоклоникӣ, атоникӣ ва синдроми Леннокс–Гасто. 
    • Ташаннуҷҳои фокалӣ: сода ё мураккаб. 
    • Ташаннуҷҳои парсиалӣ бо генерализатсияи дуюмдараҷа ё бе он (ҳамчун монотерапия ё дар якҷоягӣ бо дигар доруҳои зиддиэпилептикӣ). 

Дар кӯдакон дору барои пешгирии такроршавии хуруҷҳо пас аз як ё якчанд ташаннуҷи табдор истифода мешавад, агар пешгирии фосилавӣ бо бензодиазепинҳо самара надода бошад ва меъёрҳои ташаннуҷҳои мураккаби табдор муайян шуда бошанд.

Инчунин дору барои табобати эпизодҳои маниакӣ, ки бо ихтилоли дуқутба алоқаманданд, ҳангоми манъ будан ё таҳаммулнопазирии литий нишон дода шудааст.

Дар бемороне, ки ба валпроат ҳангоми манияи шадид ҷавоб додаанд, идома додани табобат пас аз бартараф шудани эпизоди маниакӣ мумкин аст баррасӣ карда шавад. 

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Вояи ибтидоии шабонарӯзӣ одатан 10–15 мг/кг вазни бадан мебошад ва баъдан тадриҷан то расидан ба вояи оптималӣ зиёд карда мешавад. Вояи оптималӣ одатан 20–30 мг/кг вазни бадан дар як шабонарӯз мебошад. Агар бо ин вояҳо назорати хуруҷҳо таъмин нашавад, вояро зиёд кардан мумкин аст. Ҳангоми истифодаи вояи шабонарӯзии зиёда аз 50 мг/кг вазни бадан назорати дақиқи бемор зарур аст.

    • Калонсолон: вояи оптималӣ 20–30 мг/кг дар як шабонарӯз мебошад. 
    • Навзодон ва кӯдакон: вояи маъмулӣ 30 мг/кг вазни бадан дар як шабонарӯз мебошад. 
    • Барои кӯдакони то 11-сола шаклҳои мувофиқи доруворӣ барои табобати эпилепсия шарбат, маҳлули даҳонӣ ва гранулаҳо мебошанд. 
    • Наврасон ва калонсолон: вояи маъмулӣ 20–30 мг/кг вазни бадан дар як шабонарӯз мебошад. 

Оғози табобат бо валпроати натрий (истеъмоли даҳонӣ)

    • Дар бемороне, ки қаблан дигар доруҳои зиддиэпилептикӣ қабул накардаанд, воя бояд ҳар 2–3 рӯз тадриҷан зиёд карда шавад, то дар давоми тақрибан 1 ҳафта ба вояи оптималӣ расанд. 
    • Дар бемороне, ки қаблан дигар доруҳои зиддиэпилептикӣ қабул мекарданд, гузариш ба валпроати натрий бояд тадриҷан, дар давоми тақрибан 2 ҳафта, ҳамзамон бо кам кардани воя ва қатъ намудани доруи қаблӣ анҷом дода шавад. 
    • Ҳангоми зарурати табобати якҷоя бо дигар доруҳои зиддиэпилептикӣ, вояи он низ бояд тадриҷан зиёд карда шавад. 

Тарзи истифода

Дору беҳтар аст ҳангоми хӯрокхӯрӣ қабул карда шавад:

    • барои кӯдакони то 1-сола — дар 2 қабул; 
    • барои беморони аз 1-сола боло — дар 3 қабул. 

Маҳлулро бо об ё афшураи бенӯшокии газдор омехта намуда, ба таври даҳонӣ истеъмол мекунанд.

Дар бастаи Валлортус маҳлули даҳонӣ шприци дараҷабандии ченкунанда мавҷуд аст, ки танҳо барои истифода бо доруи Валлортус пешбинӣ шудааст.

Шприци даҳонӣ дорои тақсимоти 50 мг аз 50 мг то 400 мг, инчунин тақсимоти иловагии 25 мг мебошад.

шАКЛИ БАРОРИШ

Маҳлул барои истеъмоли даҳонӣ, флакон 40 мл.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Доруи зиддиташаннуҷ буда, таъсири марказии сусткунандаи мушакҳо ва оромбахш дорад. Дору нисбат ба шаклҳои гуногуни эпилепсия фаъолияти зиддиэпилептикӣ нишон медиҳад. Механизми асосии таъсири он, эҳтимолан, ба таъсири кислотаи валпроат ба системаи ГАМК (кислотаи гамма-аминобутирӣ) вобаста мебошад: зиёд намудани миқдори ГАМК дар системаи марказии асаб ва тақвият додани интиқоли нейронҳои ГАМК-ергӣ.

ЗИДНИШОНДОДҲО

    • ҳассосияти баланд ба валпроат, дивалпроат, валпромид ё ягон моддаи ёрирасон дар анамнез; 
    • гепатити шадид; 
    • гепатити музмин; 
    • мавҷуд будани ҳолатҳои гепатити вазнин дар анамнези шахсӣ ё оилавӣ, махсусан вобаста ба истифодаи доруҳо (синфи C аз рӯи ҷадвали Child–Pugh); 
    • порфирияи ҷигар; 
    • норасоии ферментҳои давраи мубодилаи мочевина; 
    • норасоии ибтидоии ислоҳнашавандаи системавии карнитин; 
    • бемориҳои митохондриалӣ, ки бо мутатсияҳои гени ҳастаии рамзгузори ДНК-полимеразаи митохондриалӣ γ (POLG) алоқаманданд (масалан, синдроми Алперс–Гуттенлохер), инчунин кӯдакони то 2-сола бо гумони бемории вобаста ба POLG; 
    • истифодаи ҳамзамон бо доруҳои дорои зверобой. 

Ҳангоми табобати эпилепсия ва ихтилоли дуқутба:

    • ҳомиладорӣ, агар табобати алтернативии мувофиқ мавҷуд набошад.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

·  Аз ҷониби системаи асаб: хоболудӣ, ларзиш (тремор), чарх задани сар, дарди сар, атаксия (вайроншавии ҳамоҳангии ҳаракатҳо), нофаҳмии шуур. 

·  Аз ҷониби роҳи меъдаю рӯда: дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди шикам, дарунравӣ, қабзият, кам ё зиёд шудани иштиҳо. 

·  Аз ҷониби ҷигар: баланд шудани фаъолияти ферментҳои ҷигар; дар ҳолатҳои нодир — осеби шадиди ҷигар. 

·  Аз ҷониби системаи хун: тромбоцитопения, лейкопения, камхунӣ, вайроншавии лахташавии хун. 

·  Аз ҷониби мубодилаи моддаҳо: зиёд шудани вазни бадан, гипераммониемия. 

·  Аз ҷониби пӯст ва бофтаҳои зери пӯст: доначаи пӯст, хориш, рехтани муваққатии мӯй. 

·  Аз ҷониби ғадуди зери меъда: дар ҳолатҳои нодир — панкреатити шадид. 

·  Дигар таъсирҳо: вайроншавии давраи ҳайз, синдроми тухмдонҳои поликистозӣ, аксуламалҳои аллергӣ. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Доруҳои дорои зверобой

Хавфи паст шудани консентратсияи кислотаи валпроат дар плазмаи хун вуҷуд дорад, ки метавонад ба коҳиш ёфтани таъсири табобатии дору оварда расонад.

Комбинатсияҳои тавсиянашаванда

Ламотриджин

 Истифодаи ҳамзамон метавонад хавфи пайдоиши аксуламалҳои вазнини пӯст, аз ҷумла некролизи токсикии эпидермалиро зиёд намояд.

Илова бар ин, мумкин аст консентратсияи ламотриджин дар плазмаи хун баланд шавад, зеро валпроати натрий мубодилаи онро дар ҷигар коҳиш медиҳад. Ҳангоми истифодаи ҳамзамон назорати бодиққати клиникӣ тавсия дода мешавад.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Ҳангоми табобат назорати мунтазами фаъолияти ҷигар, махсусан дар 6 моҳи аввали табобат, инчунин назорати нишондиҳандаҳои хун, аз ҷумла шумораи тромбоцитҳо ва нишондиҳандаҳои лахташавии хун зарур аст.

Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои осеби ҷигар (сустӣ, хоболудӣ, гум шудани иштиҳо, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди шикам, зардпарвин) ё панкреатит (дарди шадиди шикам, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ) истифодаи дору бояд фавран қатъ гардида, ба духтур муроҷиат карда шавад.

Ҳангоми истифодаи дору дар беморони гирифтори бемориҳои ҷигар, вайроншавии фаъолияти гурда, лупуси сурхаки системавӣ, ихтилоли давраи мочевина ва бемориҳои митохондриалӣ эҳтиёткорӣ лозим аст.

Дар давраи табобат истеъмоли машруботи спиртӣ тавсия дода намешавад.

Дору метавонад хоболудӣ, чарх задани сар ва пастшавии суръати аксуламалҳои психомоториро ба вуҷуд оварад, бинобар ин ҳангоми идора кардани воситаҳои нақлиёт ё кор бо механизмҳо эҳтиёткор будан лозим аст.