УЛСЕПАН
Бозгашт ба маҳсулот40 мг
| Шакл | Хокаи лиоф. б/тазр. |
|---|---|
| Фаъол модда | Пантопразол |
| Шакли пешниҳод | Флакон №1 |
| Категорияи табобат | Системаи хозима |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 флакон дорои лиофилизат:
пантопразол — 40 мг.
НИШОНДОДҲО
· захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта;
· осебҳои эрозивӣ ва захмии меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, ки бо истифодаи доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ (НПВС) вобастаанд;
·бемории рефлюксии гастроэзофагӣ (ГЭРБ):
- табобати эзофагити эрозивӣ;
- табобати симптоматикии бемории рефлюксии ғайриэрозивӣ (НЭРБ);
· ҳолатҳои гиперсекретории патологӣ, аз ҷумла синдроми Золлингер–Эллисон;
·нест кардани (эрадикацияи) Helicobacter pylori (дар якҷоягӣ бо табобати антибактериалӣ).
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
- Хокаро дар 10 мл маҳлули 0,9%-и натрий хлорид ҳал мекунанд.
- Маҳлули ҳосилшударо метавон бевосита ворид намуд ё дар 100 мл маҳлули 0,9%-и натрий хлорид ё 5%-и глюкоза иловатан ҳал кард.
- Маҳлули тайёршуда то 12 соат дар ҳарорати на бештар аз 25°С устувор аст, вале тавсия мешавад фавран пас аз тайёркунӣ истифода шавад.
- Бо дигар ҳалкунандаҳо омехта кардан мумкин нест.
- Ба дохили варид дар давоми 2–15 дақиқа ворид карда мешавад.
- Флакон танҳо барои як маротиба истифода пешбинӣ шудааст.
- Пеш аз истифода маҳлул бояд аз ҷиҳати тағйири ранг ва мавҷудияти таҳшин санҷида шавад.
- Маҳлули тайёр бояд беранг ё каме зардтоб бошад.
- Барои кӯдакони то 18-сола тавсия дода намешавад, зеро маълумоти кофӣ оид ба бехатарӣ ва самаранокӣ мавҷуд нест.
шАКЛИ БАРОРИШ
Хокаи лиофилизатшуда 40 мг барои тазриқ дар флакон №1.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Улсепан ба гурӯҳи доруҳои зиддизахмӣ дохил мешавад. Моддаи фаъол — пантопразол, ингибитори насоси протонӣ мебошад, ки ферменти H⁺/K⁺-АТФаза-ро бозмедорад ва истеҳсоли кислотаи меъдаро кам мекунад.
Пантопразол дар ҳуҷайраҳои париеталии меъда ҷамъ шуда, ба шакли фаъол табдил меёбад ва насоси протониро ба таври бебозгашт маҳкам мекунад. Дар натиҷа, ҳам секресияи асосӣ ва ҳам секресияи ангезишёфтаи кислотаи меъда коҳиш меёбад.
Инчунин Улсепан бар зидди Helicobacter pylori фаъол буда, самаранокии табобати антибактериалиро ҳангоми нест кардани ин бактерия зиёд мекунад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
- ҳассосияти баланд ба пантопразол;
- гепатит ё сиррози ҷигар бо норасоии шадиди фаъолияти ҷигар.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
- мумкин аст — дарунравӣ, дарди сар;
- кам — дилбеҳузурӣ, дарди қисми болоии шикам, газнокӣ, доначаи пӯст, хориш, сустӣ, чарх задани сар;
- дар ҳолатҳои алоҳида — варам, баланд шудани ҳарорати бадан.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Ҳангоми истифодаи якҷоя бо доруҳое, ки ҷаббиши онҳо аз сатҳи кислотнокии (pH) меъда вобаста аст (масалан, кетоконазол), Улсепан метавонад ҷаббиши онҳоро тағйир диҳад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
· Пеш аз оғози табобат бояд мавҷудияти омосҳои бадсифати меъда ва сурхрӯда истисно карда шавад.
· Ташхиси эзофагити рефлюксӣ бояд бо ташхиси эндоскопӣ тасдиқ карда шавад.
·Дар беморони гирифтори норасоии фаъолияти ҷигар ҳангоми табобат бояд сатҳи ферментҳои ҷигар мунтазам назорат карда шавад.