150 мг

Шакл Ҳабҳо
Фаъол модда Толперизон гидрохлорид
Шакли пешниҳод 30-то ҳаб
Категорияи табобат Системаи такягоху харакат

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 ӽаб:

толперизон гидрохлорид — 150 мг.

НИШОНДОДҲО 

    • табобати фаврӣ ё дарозмуддати баланд шудани тонуси мушакҳои скелетӣ ҳангоми бемориҳои органикии асаб (осеби роҳҳои пирамидӣ, склерози сершумор, ихтилоли гардиши хун дар майна, миелопатия, энцефаломиелит ва ғ.); 
    • табобати гипертонус ва спазмҳои мушакӣ ҳангоми бемориҳои дастгоҳи такягоҳу ҳаракат (спондилёз, спондилоартрит, синдромҳои гардан ва камар, артрози буғумҳои калон); 
    • табобати барқарорсозӣ пас аз ҷарроҳиҳои ортопедӣ ва осебшиносӣ; 
    • ҳамчун қисми табобати маҷмӯӣ дар бемориҳои облитератсионии рагҳо (атеросклерози облитератсионӣ, ангиопатияи диабетӣ, тромбангиити облитератсионӣ, бемории Рейно, склеродермияи паҳншуда) ва ҳолатҳое, ки бо ихтилоли иннерватсияи рагҳо вобастаанд; 
    • дар педиатрия: бемории Литтл ва дигар энцефалопатияҳо, ки бо дистонияи мушакӣ ҳамроҳӣ мекунанд.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

    • Доруро бояд пас аз хӯрок, бо як стакан об қабул кард. 
    • Истифодаи дору дар ҳолати гуруснагӣ тавсия дода намешавад, зеро ғизо ба ҷаббиши толперизон таъсир мерасонад. 

Калонсолон:

    • Вояи миёнаи шабонарӯзӣ: 150–450 мг, ба 3 қабул тақсим карда мешавад. 

Кӯдакон:

    • Танҳо барои кӯдакони вазнашон беш аз 30 кг (аз 10-сола боло). 
    • Воя: 2–4 мг/кг вазни бадан, ба 3 қабул. 
    • Тавсия мешавад истифодаи таблеткаҳои 50 мг (қисмшаванда нестанд). 

Норасоии гурда:

    • Маълумот маҳдуд аст. 
    • Хавфи таъсирҳои номатлуб зиёдтар аст. 
    • Дар ҳолати норасоии миёна — танзими воя ва назорат лозим. 
    • Дар норасоии шадид — тавсия дода намешавад. 

Норасоии ҷигар:

    • Маълумот маҳдуд аст. 
    • Хавфи таъсирҳои номатлуб зиёд аст. 
    • Дар ҳолати миёна — танзими воя ва назорат лозим. 
    • Дар ҳолати шадид — тавсия дода намешавад.

шАКЛИ БАРОРИШ

Ҳабҳо №30

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамикаи толперизон:

Толперизон як миорелаксанти таъсири марказӣ мебошад. Механизми дақиқи таъсири он пурра маълум нест. Он ба бофтаи асаб майли баланд дошта, асосан дар пояи майна, ҳароммағз ва системаи асаби канорӣ ҷамъ мешавад.

Таъсири асосӣ ба боздошти камонҳои рефлектории ҳароммағз вобаста аст. Инчунин коҳиши гузариши импулсҳо дар роҳҳои поёнраванда ба таъсири табобатии он мусоидат мекунад.

Аз ҷиҳати сохтор, толперизон ба лидокаин монанд аст. Он таъсири устуворкунандаи мембрана дошта, ангезишпазирии нейронҳои ҳаракатӣ ва нахҳои афферентиро кам мекунад.

Толперизон вобаста ба воя фаъолияти каналҳои натрии вобаста ба шиддатро бозмедорад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  ҳассосият ба толперизон ё моддаҳои химиявии монанд (масалан, эперизон), инчунин ба ҷузъҳои ёридиҳандаи дору; 

·  миастения; 

·  кӯдакони то 3-сола; 

·давраи ширдиҳӣ.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Хун ва системаи лимфа:

    • хеле кам — камхунӣ, лимфаденопатия 

Системаи масуният:

    • кам — реаксияҳои ҳассосият, реаксияҳои анафилактикӣ 
    • хеле кам — шоки анафилактикӣ 

Метаболизм ва ғизо:

    • кам нест — анорексия 
    • хеле кам — полидипсия 

Психика:

    • кам нест — бехобӣ 
    • кам — пастшавии фаъолият, депрессия 

Системаи асаб:

    • кам нест — дарди сар, чарх задани сар, хоболудӣ 
    • кам — ларзиш, ташаннуҷ, парестезия, паст шудани ҳис, ихтилоли диққат 
    • хеле кам — нофаҳмиши шуур 

Чашм:

    • кам — тирашавии биниш.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

·  Таъсири гликозидҳои дил (масалан, дигоксин) метавонад зиёд шавад. 

·  Ҳангоми якҷоя истифода бурдан бо доруҳои зиддиипилепсия (карбамазепин, диазепам, вальпроати натрий) таъсири зиддиташаннуҷӣ метавонад тақвият ёбад. 

·  Бо дигар доруҳои таъсиркунанда ба системаи асаби марказӣ эҳтимоли таъсири ҷамъшаванда вуҷуд дорад.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Аз сабаби набудани маълумоти кофии клиникӣ, истифодаи Толкимадо ҳангоми ҳомиладорӣ (махсусан дар семоҳаи якум) тавсия дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки фоидаи интизоршаванда барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин зиёд бошад. 

·Азбаски маълумот оид ба гузаштани толперизон ба шири модар вуҷуд надорад, истифодаи дору дар давраи ширдиҳӣ манъ аст.