ТОЛКИМАДО
Бозгашт ба маҳсулот100 мг/ 2,5 мг - мл
| Шакл | Маҳлул барои тазриқ |
|---|---|
| Фаъол модда | Толперизон гидрохлорид / Лидокаин гидрохлорид |
| Шакли пешниҳод | 5-то ампула 1 мл |
| Категорияи табобат | Системаи такягоху харакат |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 ампула (1 мл):
- толперизон гидрохлорид — 100 мг;
- лидокаин гидрохлорид — 2,5 мг.
НИШОНДОДҲО
- табобати фаврӣ ё дарозмуддати баландшавии ғайримуқаррарии тонуси мушакҳои скелетӣ ҳангоми бемориҳои органикии асаб (осеби роҳҳои пирамидалӣ, склерози сершумор, ихтилоли гардиши хуни майна, миелопатия, энсефаломиелит);
- табобати гипертонус ва спазмҳои мушакӣ ҳангоми бемориҳои дастгоҳи такягоҳу ҳаракат (спондилёз, спондилоартрит, синдромҳои гардан ва миён, артрози буғумҳои калон);
- табобати барқарорсозӣ баъд аз ҷарроҳиҳои ортопедӣ ва осебшиносӣ;
- ҳамчун қисми табобати маҷмӯӣ барои бемориҳои облитератсионии рагҳо (атеросклерози облитератсионӣ, ангиопатияи диабетӣ, тромбангиити облитератсионӣ, бемории Рейно, склеродермияи паҳншуда), инчунин бемориҳое, ки бо вайроншавии иннерватсияи рагҳо алоқаманданд (акросианоз, дисбазияи ангионевротикии фосилавӣ).
Дар педиатрия:
- бемории Литтл ва дигар энсефалопатияҳое, ки бо дистонияи мушакӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Толкимадо барои воридкунии дохилимушакӣ ва дохиливаридӣ пешбинӣ шудааст.
Барои калонсолон: 100 мг ба дохили мушак 2 маротиба дар як рӯз ё 100 мг ба дохили варид бо суръати суст 1 маротиба дар як рӯз.
Барои кӯдакон:
аз 3-моҳа то 6-сола — ба дохили мушак ё дохили варид бо суръати суст 5 мг/кг вазни бадан дар як шабонарӯз;
аз 7 то 14-сола — ба дохили мушак ё дохили варид бо суръати суст 2–4 мг/кг вазни бадан дар як шабонарӯз, дар 3 қабул тақсим карда мешавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Маҳлул барои тазриқ дар ампулаҳо 1 мл, №5.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Толкимадо маҷмӯи толперизон гидрохлорид ва лидокаин гидрохлорид мебошад.
Толперизон миорелаксанти таъсири марказӣ аст. Механизми таъсири он пурра омӯхта нашудааст. Он ба бофтаҳои асаб майли баланд дошта, бештар дар пояи майна, ҳароммағз ва системаи асаби канорӣ ҷамъ мешавад.
Таъсири асосии толперизон ба боздоштани камонҳои рефлектории ҳароммағз вобаста мебошад. Якҷоя бо коҳиш додани гузариши импулсҳо дар роҳҳои поёнраванда, ин таъсири табобатии онро таъмин мекунад.
Аз ҷиҳати сохтори химиявӣ толперизон ба лидокаин монанд аст. Он таъсири устуворкунандаи мембрана дошта, ангезишпазирии барқии нейронҳои ҳаракатӣ ва нахҳои афферентии аввалияро коҳиш медиҳад, инчунин каналҳои натрии вобаста ба шиддатро бозмедорад, ки боиси кам шудани амплитуда ва басомади потенсиали амал мегардад.
Инчунин таъсири боздоранда ба каналҳои калсийи вобаста ба шиддат исбот шудааст. Гумон меравад, ки ғайр аз таъсири устуворкунандаи мембрана, толперизон хориҷшавии миёнаравҳои асабро низ коҳиш медиҳад.
Толперизон дорои хусусиятҳои сусти α-адреноблокаторӣ ва таъсири зиддимускаринӣ мебошад.
Лидокаин гидрохлорид таъсири маҳаллиибеҳиссозӣ дорад. Ҳангоми истифодаи Толкимадо дар вояҳои тавсияшуда, таъсири системавии лидокаин ба назар намерасад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба толперизон ё ягон ҷузъи ёридиҳандаи дору (аз ҷумла ба лидокаин);
· миастения;
· кӯдакони то 3-моҳа;
·давраи ширдиҳӣ.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Аз тарафи хун ва системаи лимфа:
- хеле кам — камхунӣ, лимфаденопатия.
Системаи масуният:
- кам — реаксияҳои ҳассосият, реаксияҳои анафилактикӣ;
- хеле кам — шоки анафилактикӣ.
Метаболизм ва ғизо:
- кам нест (унвонан) — анорексия;
- хеле кам — полидипсия.
Психика:
- кам нест — бехобӣ, ихтилоли хоб;
- кам — пастшавии фаъолият, депрессия.
Системаи асаб:
- кам нест — дарди сар, чарх задани сар, хоболудӣ;
- кам — ихтилоли диққат, ларзиш, ташаннуҷ, паст шудани ҳассосият, парестезия, сахтии патологӣ;
- хеле кам — нофаҳмиши шуур.
Чашм:
- кам — тирашавии биниш.
Гӯш ва мувозинат:
- кам — садо дар гӯш, чарх задани сар.
Дил:
- кам — стенокардия, тахикардия, эҳсоси тапиши дил;
- хеле кам — брадикардия.
Рагҳо:
- кам нест — гипотензия;
- кам — сурхшавии ғайримуқаррарӣ.
Системаи нафас:
- кам — нафастангӣ, хунравии бинӣ, нафаскашии тез.
Руда ва меъда:
- кам нест — нороҳатӣ дар шикам, дарунравӣ, хушкшавии даҳон, диспепсия, дилбеҳузурӣ;
- кам — дарди эпигастрий, қабзият, газнокӣ, қайкунӣ.
Ҷигар:
- кам — ихтилоли сабуки ҷигар.
Пӯст:
- кам — дерматити аллергӣ, арақкунии зиёд, хориш, крапивница, донача.
Гурда:
- кам — энурез, протеинурия.
Системаи устухон ва мушак:
- кам нест — заъфи мушак, миалгия, дарди дасту по;
- кам — нороҳатӣ дар дасту по;
- хеле кам — остеопения.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
· Таъсири гликозидҳои дил (масалан, дигоксин) метавонад зиёд шавад.
· Ҳангоми якҷоя истифода бурдан бо доруҳои зиддиипилепсия (карбамазепин, диазепам, вальпроати натрий) таъсири зиддиташаннуҷӣ метавонад тақвият ёбад.
· Бо дигар доруҳои таъсиркунанда ба системаи асаби марказӣ эҳтимоли таъсири ҷамъшаванда вуҷуд дорад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
· Аз сабаби набудани маълумоти кофии клиникӣ, истифодаи Толкимадо ҳангоми ҳомиладорӣ (махсусан дар семоҳаи якум) тавсия дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки фоидаи интизоршаванда барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин зиёд бошад.
·Азбаски маълумот оид ба гузаштани толперизон ба шири модар вуҷуд надорад, истифодаи дору дар давраи ширдиҳӣ манъ аст.