50 мг / 20 мг / 10 мг / 0,5 мг

Шакл "Хокаи лиоф. барои тазрик бо халкунанда"
Фаъол модда "Кокарбоксилаза хлорид / Никотинамид / Динатрий аденозинтрифосфат тригидрат / Цианокобаламин"
Шакли пешниҳод Флакон №3+3
Категорияи табобат Гурухи умуми.

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 флакон дорои лиофилизат:

    • аденозинтрифосфат динатрий тригидрат — 10,0 мг 
    • кокарбоксилаза хлорид — 50,0 мг 
    • никотинамид — 20,0 мг 
    • цианокобаламин — 0,5 мг 

Ҳалкунанда (1 ампула дар бар мегирад):

    • лидокаин гидрохлорид — 10,0 мг (2 мл).

НИШОНДОДҲО 

·  невритҳо, нейропатияҳо (аз ҷумла дар диабети қанд, камхунии пернициозӣ ва ғ.); 

·  невралгияҳои гуногун; 

·  миалгия, ишиалгия; 

·  люмбаго, радикулит; 

·  бурситҳо, тендинитҳо; 

·бемории ишемиявии дил, миокардит, кардиомиопатия.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Маводро пешаки хал карда, ба дохили мушак 1–флакон дар як рӯз як маротиба ворид карда мешавад.

Муддати табобат ва курсҳои такрорӣ аз хусусият ва вазнинии беморӣ вобаста аст.

Дар беморони гирифтори норасоии ҷигар ва гурда ислоҳи воя лозим нест.

Дар беморони аз 65-сола боло ислоҳи воя талаб намешавад.

шАКЛИ БАРОРИШ

Хокаи лиофилизатшуда барои тазриқ дар флакон №3

Ҳалкунанда 2 мл №3

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика

Дору маҷмӯи оқилона интихобшудаи моддаҳои метаболикӣ ва витаминҳо мебошад.

Кокарбоксилаза — коферментест, ки дар организм аз тиамини беруна (витамини B1) ҳосил мешавад. Дар мубодилаи карбогидратҳо нақши муҳим дорад ва қисми ферменти карбоксилаза мебошад, ки карбоксилатсия ва декарбоксилатсияи α-кетокислотаҳоро катализ мекунад. Ба таври ғайримустақим синтези кислотаҳои нуклеинӣ, сафедаҳо ва липидҳоро дастгирӣ мекунад. Сатҳи кислотаи ширӣ ва пируватро кам карда, истифодаи глюкозаро беҳтар мекунад, ғизогирии бофтаи асабро беҳтар месозад.

Никотинамид — яке аз шаклҳои витамини PP буда, дар равандҳои оксидшавӣ-барқароршавӣ иштирок мекунад ва мубодилаи карбогидрат ва нитрогенро беҳтар мекунад.

Аденозинтрифосфати динатрий тригидрат — ҳосилаи аденозин буда, равандҳои метаболикиро фаъол мекунад. Таъсири гипотензивӣ ва зиддиаритмӣ дошта, рагҳоро васеъ мекунад, аз ҷумла рагҳои коронариро.

Цианокобаламин (витамини B12) дар организм ба шаклҳои фаъол (аденозилкобаламин ё кобамамид) табдил меёбад. Синтези сафедаро зиёд карда, мубодилаи карбогидрат ва липидҳоро фаъол мекунад, холестерини хунро кам мекунад, инфилтратсияи чарбии ҷигарро пешгирӣ мекунад. Барои кори муътадили узвҳои хунсоз муҳим буда, устувории эритроситҳоро зиёд мекунад, барқароршавии бофтаҳоро метезонад ва ба кори ҷигар ва системаи асаб таъсири мусбат мерасонад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  ҳассосияти баланд ба ягон ҷузъи дору; 

·  давраи шадиди инфаркти миокард; 

·  гиперкоагулятсия (аз ҷумла тромбози шадид), эритремия, эритроцитоз; 

·  шаклҳои вазнини гипертонияи артериявӣ; 

·  гипотонияи артериявӣ; 

·  бемориҳои илтиҳобии шуш; 

·  норасоии вазнини дил; 

·  псориаз; 

·  ихтилоли вазнини гузаронандагии дил; 

·норасоии шадиди дил.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Аз ҷониби системаи масуният:

    • аксуламалҳои баландшавии ҳассосият (реаксияҳои пӯст, шоки анафилактикӣ, варами Квинке).
    •  Пеш аз ворид кардани доруи Стартум ба бемороне, ки ба ҳассосияти баланд нисбат ба компонентҳо гумонбар мешаванд, гузаронидани озмоиши дохилипӯст тавсия дода мешавад. 

Аз ҷониби системаи дилу раг:

    • варами шуш ва норасоии дил дар оғози табобат; 
    • тромбози рагҳои канорӣ. 

Аз ҷониби системаи хунсозӣ:

    • полицитемияи ҳақиқӣ. 

Аз ҷониби рӯдаи ҳозима:

    • дарунравии муваққатии сабук. 

Пӯст:

    • хориш; 
    • экзантемаи муваққатӣ. 

Аломатҳои умумӣ:

    • арақбарории ногаҳонӣ; 
    • ҳисси заъф; 
    • сарчархзанӣ. 

Ҳангоми пайдо шудани ин ё дигар таъсирҳои номатлуб бояд ба духтур муроҷиат карда шавад.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

·  Кокарбоксилаза таъсири кардиотоникии гликозидҳои дилро зиёд мекунад. 

·  Ҳангоми якҷоя истифода бурдани никотинамид бо доруҳои зиддиипилепсия (махсусан карбамазепин, диазепам ва вальпроати натрий) метавонад таъсири зиддиташаннуҷии онҳо тақвият ёбад.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

    • Пеш аз ворид кардани доруи Стартум ба бемороне, ки ба ҳассосияти баланд нисбат ба компонентҳо гумонбар мешаванд, гузаронидани озмоиши дохилипӯст тавсия дода мешавад. 
    • Ранги маҳлули тайёршуда бояд сурх бошад. 
    • Маҳлул бояд фавран пас аз тайёр кардан истифода шавад. 

Истифода дар ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ:

    • Ҳангоми ҳомиладорӣ Стартум танҳо дар ҳолате истифода мешавад, ки фоидаи эҳтимолӣ барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин зиёд бошад. 
    • Ҳангоми табобат ширдиҳиро қатъ кардан тавсия дода мешавад.