СПИЛАКТОН
Бозгашт ба маҳсулот25 мг
| Шакл | Ҳабҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | Спиронолактон |
| Шакли пешниҳод | 20-то ҳаб |
| Категорияи табобат | Системаи дилу рагҳо |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 ҳаб:
Спиронолактон 25 мг мебошад.
НИШОНДОДҲО
· алдостеронизми аввалия: барои курси кӯтоҳи пеш аз ҷарроҳӣ; барои истифодаи дарозмуддат дар ҳолати ғайриимкон будани ҷарроҳӣ ё рад кардани бемор аз ҷарроҳӣ;
· синдроми варам (эдема) дар норасоии музмини дил (ҳам ҳамчун монотерапия ва ҳам дар таркиби табобати якҷоя);
· синдроми нефротикӣ ҳангоми ғайриэффектив будани табобати бемории асосӣ, истифодаи диуретикҳо ва маҳдуд кардани истеъмоли намак;
· гипертонияи эссенсиалӣ (дар табобати якҷоя);
· гипокалиемия ҳангоми имконнопазирии дигар табобат;
·ташхиси гиперальдостеронизми аввалия.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Спилактон ба таври даҳонӣ қабул карда мешавад. Вояи дору инфиродӣ бо назардошти дараҷаи вайроншавии тавозуни обу электролитҳо ва ҳолати гормоналии бемор муайян карда мешавад. Вояи шабонарӯзиро метавон як маротиба ё ба якчанд қабул тақсим кард.
Алдостеронизми аввалия: баъд аз ташхис — 100–400 мг/рӯз ҳамчун омодагӣ ба ҷарроҳӣ.
Дар ҳолати ғайриқобили ҷарроҳӣ будан табобати дарозмуддат бо вояи ҳадди ақали самараноки инфиродӣ интихобшуда мумкин аст. Дар чунин ҳолатҳо ҳар 14 рӯз вояи ибтидоӣ тадриҷан кам карда мешавад то расидан ба вояи ҳадди ақали самаранок. Ҳангоми табобати дарозмуддат тавсия мешавад, ки дору бо дигар диуретикҳо якҷоя истифода шавад барои кам кардани таъсирҳои номатлуб.
Синдроми варам (норасоии дил, сиррози ҷигар, синдроми нефротикӣ): вояи ибтидоӣ барои калонсолон 100 мг/рӯз (25–200 мг/рӯз), ба 2 қабул тақсим карда мешавад. Ҳангоми истифодаи вояҳои баланд тавсия мешавад якҷоя бо диуретикҳои таъсиркунанда ба қисмҳои проксималии найчаҳои гурда истифода бурда шавад, дар ҳоле ки вояи Спилактон тағйир намеёбад.
Ба кӯдакон 3 мг/кг вазни бадан дар як рӯз таъин карда мешавад, як маротиба ё ба 2 қабул тақсим карда мешавад.
Гипертонияи эссенсиалӣ: дар якҷоягӣ бо дигар диуретикҳо истифода мешавад; вояи ибтидоӣ 50–100 мг/рӯз ба 2 қабул тақсим карда мешавад. Табобат бояд на камтар аз 2 ҳафта давом кунад, зеро таъсири максималии гипотензивӣ баъд аз ин муҳлат пайдо мешавад.
Гипокалиемия: 25–100 мг/рӯз ҳангоми нокифоя будани ислоҳи калий бо роҳи даҳонӣ ё дигар усулҳои нигоҳдорандаи калий.
Ташхиси алдостеронизми аввалия: 400 мг/рӯз дар давоми 4 рӯз, ба чанд қабул тақсим карда мешавад. Агар сатҳи калий дар хун ҳангоми қабул зиёд шуда, баъд аз қатъ паст шавад, ин метавонад ба алдостеронизми аввалия ишора кунад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Ҳабҳо №20.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Спиронолактон — диуретики нигоҳдорандаи калий бо таъсири миёнаи натрийуретикӣ мебошад. Таъсири диуретикии он бо антагонизми гормони қишри ғадуди болои гурда — алдостерон вобаста аст. Ин таъсир дар найчаҳои дисталии гурда зоҳир мешавад: дору ихроҷи ионҳои калийро кам намуда, ихроҷи ионҳои натрий ва обро зиёд мекунад, бе вайрон кардани тавозуни электролитӣ; кислотаи титршавандаи пешобро кам мекунад ва ихроҷи мочевинаро паст менамояд. Бандшавии алдостеронро бо ретсепторҳои сафедагӣ дар ҳуҷайраҳо манъ мекунад.
Таъсири спиронолактон дар гурда тақрибан баъд аз 7 соат ба ҳадди максималӣ мерасад ва ҳадди ақал 24 соат давом мекунад. Зиёд шудани диурез метавонад таъсири гипотензивӣ диҳад, ки устувор нест. Таъсири диуретикӣ дар 2–5 рӯзи табобат пайдо мешавад.
Фармакокинетика
Пас аз истеъмоли даҳонӣ спиронолактон зуд аз рӯдаи меъдаю рӯда ҷаббида мешавад. Тақрибан 90% дору бо сафедаҳои плазма пайваст мешавад. Биодастрасӣ 92–99% буда, ҳангоми истеъмол бо ғизо зиёд мешавад. Дар ҷигар, гурдаҳо, ғадудҳои болои гурда ва ғадудҳои ҷинсӣ паҳн мешавад.
Спиронолактон дар ҷигар зуд метаболизм мешавад. Метаболитҳои асосии фаъол — 7α-тиоспиронолактон, 7α-тиометилспиронолактон ва канренон мебошанд. Таъсири зидди алдостеронӣ асосан ба канренон вобаста аст, ки тақрибан 50% ҳамаи метаболитҳоро ташкил медиҳад. Консентратсияи максималии канренон дар хун 2–4 соат баъд аз қабул ба даст меояд, давраи нимхориҷшавӣ ба ҳисоби миёна 12,5 соат аст.
Дору аз плацента мегузарад ва ба шири модар мегузарад. Бо пешоб ва наҷосат хориҷ мешавад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору;
· гиперкалиемия;
· гиперкальциемия;
· гипонатриемия;
· анурия;
· шаклҳои вазнини норасоии музмини гурда;
· ҳомиладорӣ;
·давраи ширдиҳӣ.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Дар заминаи қабули доруи Спилактон метавонад гинекомастия инкишоф ёбад. Одатан пас аз қатъ кардани дору ин реаксия аз байн меравад. Дар ҳолатҳои нодир каме калоншавии ғадудҳои сина метавонад боқӣ монад.
Имконпазир аст: бадҳолӣ, дилбеҳузурӣ, вайроншавии тавозуни электролитҳо, гиперкалиемия, кашиши мушакҳои пой, хоболудии зиёд.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Истифодаи якҷоя бо индометацин, ингибиторҳои АПФ ва доруҳои дорои калий метавонад ба гиперкалиемия оварда расонад. Барои пешгирии гиперкалиемия спиронолактонро якҷоя бо амилорид ё триамтерен истифода бурдан мумкин нест. Ҳангоми истифодаи якҷоя бо карбеноксолон таъсири табобатии спиронолактон коҳиш меёбад, зеро карбеноксолон нигоҳдории натрийро дар организм зиёд мекунад. Спиронолактон ҳассосияти рагҳоро ба норадреналин кам мекунад, ки ҳангоми наркози умумӣ ва маҳаллӣ бояд ба инобат гирифта шавад. Кислотаи ацетилсалицилӣ таъсири диуретикии спиронолактонро суст мекунад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Дар ҳолатҳои мавҷуд будани бемориҳое, ки ба рушди ацидоз ва/ё гиперкалиемия мусоидат мекунанд, эҳтиёткории махсус лозим аст.
Ҳангоми паст шудани фаъолияти гурда ва гиперкалиемия мумкин аст афзоиши муваққатии нитрогени мочевина дар хун ба амал ояд. Инчунин ацидози метаболикии гиперхлоремии баргардшаванда имконпазир аст. Дар бемориҳои гурда, ҷигар ва дар пиронсолон назорати электролитҳои хун ва фаъолияти гурда зарур аст.
Спилактон дар давраи ҳомиладорӣ манъ аст.
Ҳангоми истифода дар давраи ширдиҳӣ бояд синамаконӣ қатъ карда шавад, зеро эҳтимоли хориҷ шудани спиронолактон ба шири модар вуҷуд дорад.
Истифода дар педиатрия
Спилактон барои истифода дар кӯдакон аз рӯзҳои аввали ҳаёт иҷозат дода шудааст.