1,94×10⁹ КТҲ/ 65 мг/ 50 мг/ 200 мг

Шакл Капсулаҳо
Фаъол модда "Lactobacillus rhamnosus / Lactobacillus plantarum / Lactobacillus acidophilus / Bifidobacterium spp. / Saccharomyces boulardii / Streptococcus thermophilus / Экстракти хушки бобуна/ Инулин"
Шакли пешниҳод 28-то капсула
Категорияи табобат Системаи хозима

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Ҳар як капсула дорои:

Бактерияҳои лиофилизатшуда — 1,94 × 10⁹ КОЕ:

    • Lactobacillus rhamnosus — 0,5 × 10⁹ КОЕ
    • Lactobacillus plantarum — 0,2 × 10⁹ КОЕ
    • Streptococcus thermophilus — 0,5 × 10⁹ КОЕ
    • Lactobacillus acidophilus — 0,5 × 10⁹ КОЕ
    • Bifidobacterium spp. — 0,24 × 10⁹ КОЕ

Дигар ҷузъҳои фаъол:

    • Saccharomyces boulardii — 65 мг
    • экстракти хушки ромашкаи доруворӣ — 50 мг
    • инулин — 200 мг.

НИШОНДОДҲО 

·  барқарорсозӣ ва ба эътидол овардани микрофлораи рӯда, беҳтар намудани ҳозима; 

·  табобати гастроэнтерит ва диспепсия; 

·  пешгирӣ ва табобати дарунравии вобаста ба истифодаи антибиотикҳо, инчунин дарунравии беморхонагӣ; 

·  табобати ихтилолҳои муваққатии фаъолияти рӯда (дарунравӣ ё қабзият), ки бо тағйирёбии ғизо, сафар ва дигар сабабҳо вобастаанд; 

·  табобати норасоии лактаза; 

·  пешгирӣ ва табобати бемориҳои атопӣ (ринити аллергӣ, астмаи бронхӣ ё экзема) дар таркиби табобати комплексӣ; 

·баланд бардоштани масуният ва муқовимати умумии организм ба бемориҳо.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Опефераро ба таври даҳонӣ баъд аз хӯрок қабул карда мешавад ва бо миқдори ками моеъ фурӯ бурда мешавад.

    • Кӯдакони аз 1 то 3-сола: 1 капсула 2 маротиба дар як рӯз
    • Кӯдакони аз 3 то 12-сола: 1 капсула 3 маротиба дар як рӯз
    • Калонсолон ва наврасони аз 12-сола боло: 1–2 капсула 3 маротиба дар як рӯз

Давомнокии табобат аз сабаби пайдоиши дисбактериоз ва хусусиятҳои инфиродии организм вобаста аст.

шАКЛИ БАРОРИШ

Капсулаҳо №28

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Опефера — пробиотики омехташуда буда, ба беҳтар шудани фаъолияти организм мусоидат мекунад, тавозунро танзим намуда, таркиби микрофлораи рӯдаро ба эътидол меорад.

Лактобактерияҳое, ки ба таркиби Опефера дохил мешаванд, карбогидратҳоро таҷзия намуда, кислотаи ширӣ ҳосил мекунанд. Муҳити туршие, ки онҳо ба вуҷуд меоранд, барои афзоиши бифидобактерияҳо мусоидат мекунад, ки 85–95% микрофлораи рӯдаи инсонро ташкил медиҳанд.

ЗИДНИШОНДОДҲО

Ҳассосияти баланд ба ҳар кадоме аз ҷузъҳои таркибии дору.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Хеле кам мумкин аст аксуламалҳои аллергӣ вобаста ба ҳассосияти баланд ба ҳар кадоме аз ҷузъҳои таркибии дору ба вуҷуд оянд.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Маълумот оид ба таъсирҳои номатлуб ё аксуламалҳои манфӣ ҳангоми ҳамкорӣ бо доруҳои дигар мавҷуд нест.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Табобат бо пробиотикҳо дар гурӯҳҳои зерини беморон бояд танҳо таҳти назорати духтур гузаронида шавад:

    • беморони дорои системаи масунияти сустшуда ё фурӯнишондодашуда, махсусан: 
    • беморони дар марҳилаҳои охири СПИД қарордошта; 
    • беморони баъди аллотрансплантатсия; 
    • бемороне, ки химиотерапия мегиранд; 
    • беморони дорои вайроншавии шадиди фаъолияти гадуди зери меъда, аз ҷумла беморони гирифтори диабети қанд, ки ба инсулин вобастаанд. 

Пробиотикҳо метавонанд ҷабби шакарро беҳтар намуда, ба талаботи организм ба инсулин таъсир расонанд. Ҳангоми қабули пробиотикҳо сатҳи глюкоза дар хун бояд мунтазам назорат карда шавад ва дар ҳолати зарурӣ вояи инсулин ислоҳ карда шавад.