2,5 мг/г

Шакл Малӽам
Фаъол модда Тиоколхикозид
Шакли пешниҳод Малхам 0,25% - 30 г.
Категорияи табобат Системаи такягоху харакат

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 г малхам:

Тиоколхикозид -2,5 мг.

НИШОНДОДҲО 

Табобати симптоматикии спазмҳои дардноки мушакҳо.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Креми Мускомед барои истифодаи берунӣ мебошад.

Дар калонсолон ва кӯдакони аз 15-сола боло креми Мускомед 2–3 маротиба дар як рӯз зери назорати духтур истифода мешавад. Як навори крем ба пӯст гузошта шуда, сабук молиш дода мешавад. Миқдори дору вобаста ба андозаи минтақаи дарднок муайян карда мешавад.

Пас аз истифода дастҳоро шустан лозим аст.

Давомнокии табобат вобаста ба нишондод ва самаранокии терапия муайян карда мешавад.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Малӽам  30 г дар тубаи алюминийӣ.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика

Мускомед ҳамчун моддаи фаъол тиоколхикозид дорад — миорелаксантии нимсинтетикӣ, ки аз гликозиди табиии колхикозид ҳосил мешавад. Он ба ретсепторҳои кислотаи гамма-аминобутирӣ (ГАМК) ва глицин интихобан наздикӣ нишон медиҳад, ки таъсири онро дар сатҳҳои гуногуни системаи асаб ҳангоми спазмҳои ҳам марказӣ ва ҳам маҳаллӣ шарҳ медиҳад.

Дору спазмҳои мушакҳоро, ки аз таъсири системаи марказии асаб ба вуҷуд меоянд, кам ё бартараф мекунад. Ҳангоми гипертонияи спастикии мушакҳо муқовимати ғайрифаъоли мушакро ҳангоми кашиш коҳиш медиҳад ва спазмҳои дардноки ғайриихтиёриро кам мекунад.

Мускомед таъсири кураремонанд надорад, фалаҷ ба вуҷуд намеорад ва ба системаи дилу раг ва нафаскашӣ таъсир намерасонад.

Фармакокинетика

Ҳангоми истифодаи маҳаллӣ қариб ба ҷараёни системавии хун намегузарад. Тақрибан 70% моддаи фаъол дар ҷои истифода мемонад. Пайвастшавӣ бо сафедаҳо (асосан бо альбумин) 13% мебошад. Тиоколхикозид ва метаболитҳои он асосан бо наҷосат хориҷ мешаванд.

ЗИДНИШОНДОДҲО

    • ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору; 
    • вайроншавии якпорчагии пӯст; 
    • гипотонияи мушакҳо; 
    • фалаҷи сабук; 
    • ҳомиладорӣ; 
    • давраи ширдиҳӣ; 
    • кӯдакони то 15-сола.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Ҳангоми истифодаи дарозмуддат мумкин аст реаксияҳои ҳассосияти баланд инкишоф ёбанд (дерматити тамосӣ, доначаҳои пӯст, крапивница, астмаи бронхӣ, ангиоэдема). 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Маълумот дар бораи таъсири мутақобилаи доруӣ вуҷуд надорад. Аммо ҳангоми истифодаи якҷоя бо дигар миорелаксантҳо эҳтиёткорӣ тавсия дода мешавад.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Ҳангоми пайдо шудани реаксияҳои ҳассосияти баланд табобат бо дору бояд қатъ карда шавад.

Креми Мускомед танҳо ба пӯсти солим истифода бурда мешавад, бояд аз расидани он ба захмҳои кушода худдорӣ кард. Пас аз истифода бастаи окклюзивӣ гузоштан мумкин нест. Бояд аз расидани дору ба чашмҳо ва луобпардаҳо пешгирӣ карда шавад.