2,0 г/ 10 мл

Шакл Маҳлул барои истеъмоли даҳонӣ
Фаъол модда Левокарнитин
Шакли пешниҳод Флакон 10мл - №10
Категорияи табобат Гурухи умуми.

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 флакон (10 мл):

 Левокарнитин- 2,0 г.

НИШОНДОДҲО 

·  норасоии ибтидоӣ ва дуюмдараҷаи карнитин; 

·  норасоии карнитин дар беморони марҳилаи терминалии норасоии гурда, ки гемодиализ мегиранд; 

·  вайроншавии мубодилаи миокард дар заминаи бемории ишемикии дил (инфаркти миокард, ҳолатҳои баъди инфаркт, гипоперфузия ҳангоми шоки кардиогенӣ); 

·  пешгирии кардиотоксикӣ ҳангоми истифодаи цитостатикҳо; 

·  ҳолатҳое, ки бо камшавии иштиҳо ва рефлексҳои ғизоӣ, камшавии вазн ва лоғаршавӣ ҳамроҳӣ мешаванд (анорексияи неврогенӣ, бемориҳои рӯҳӣ, энцефалопатияи диссиркуляторӣ ва травматикӣ; гастрити музмин бо пастшавии секреция, панкреатити музмин бо норасоии экзокринӣ; давраи барқароршавӣ пас аз бемориҳои вазнин ва ҷарроҳиҳо; бармаҳал таваллуд шудан, осеби таваллуд, синдроми дистресси нафасии навзодон; синдроми ба синдроми Рей монанд, ки дар кӯдакон ҳангоми истифодаи вальпроат ба вуҷуд меояд; таъхири рушд ва камвазнӣ дар кӯдакон ва наврасони то 16-сола); 

·  шакли сабуки тиреотоксикоз дар кӯдакон ва наврасони то 16-сола; 

·  дар таркиби табобати маҷмӯии бемориҳои пӯст (псориаз, экземаи себорей, склеродермияи маҳдуд, лупуси дискоидӣ); 

·машқҳои варзишии тӯлонӣ ва вазнини ҷисмонӣ (ҳамчун анаболик ва адаптоген.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Танҳо барои истеъмоли дарунӣ. Метакартинро метавон мустақим ё дар об ё шарбати мева ҳал карда қабул кард. Дору дар фосилаҳои баробар 2–4 маротиба дар як рӯз, новобаста аз хӯрок қабул карда мешавад.

Ба калонсолон ва кӯдакони аз 12-сола боло: 2–6 г дар як рӯз.

Вояи тавсияшаванда тақрибан 1 г ба 50 кг вазни бадан 2–3 маротиба дар як рӯз мебошад. Вояи ибтидоӣ — 50 мг/кг дар як рӯз, ба 2–3 қабул ҷудо карда мешавад. Баъдан воя метавонад вобаста ба таъсир ва таҳаммул тадриҷан зиёд карда шавад.

Кӯдакони то 12 сола ва навзодон: 50–100 мг/кг дар як рӯз, аммо на бештар аз 3 г дар як рӯз.

Ҳангоми норасоии ибтидоӣ ё дуюмдараҷаи карнитин: 100–200 мг/кг дар як рӯз дар 2–4 қабул. Дар сурати набудани таъсир воя муваққатан зиёд карда мешавад.

Ҳангоми декомпенсатсияи шадиди метаболикӣ — то 400 мг/кг дар як рӯз.

Беморони гемодиализ: 1 г дар як рӯз (пас аз диализ қабул карда мешавад).

Ҳангоми анорексияи асабӣ ва давраи барқароршавӣ — 2 г 2 маротиба дар як рӯз (1–2 моҳ).

Ҳангоми борҳои вазнини ҷисмонӣ — 1–2 г 2–3 маротиба дар як рӯз.

Барои беҳтар кардани иштиҳо — 500 мг 2 маротиба дар як рӯз (1–1,5 моҳ).

Бемориҳои пӯст — 1 г 2 маротиба дар як рӯз (2–4 ҳафта).

Таъхири рушд ва гипертиреоз — 250 мг 2–3 маротиба дар як рӯз (20 рӯз).

Давомнокии табобат: аз 1 то 12 моҳ, дар ҳолати зарурӣ — то умр.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Маҳлул барои истифодаи дохилӣ 10 мл/2 г, дар флакон №10

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика

Метакартин — дору барои танзими равандҳои мубодилаи моддаҳо.

Левокарнитин — моддаи табиӣ, ба витаминҳои гурӯҳи B монанд аст. Дар мубодилаи моддаҳо ҳамчун интиқолдиҳандаи кислотаҳои равғанӣ аз цитоплазма ба митохондрия иштирок мекунад, ки дар он ҷо β-оксидшавӣ бо ҳосилшавии энергия (АТФ) ба амал меояд.

Бо озод кардани коэнзим A, левокарнитин воридшавии метаболитҳоро ба давраи Кребс зиёд мекунад. Ҳамчунин фаъолияти пируватдегидрогеназа ва оксидшавии аминокислотаҳоро фаъол мекунад.

Дору мубодилаи сафеда ва чарбро ба танзим медарорад, захираи ишқории хунро барқарор мекунад, ташаккули кетокислотаҳоро кам мекунад, гликолизи анаэробиро паст мекунад, лактацидозро коҳиш медиҳад, фаъолияти ҷисмониро беҳтар мекунад ва таҳаммули борҳои ҷисмониро зиёд мекунад.

Фармакокинетика

Ҳангоми истеъмоли даҳонӣ биодастрасии левокарнитин 15,9% мебошад. Он ба ҳамаи бофтаҳои организм паҳн мешавад, консентратсияи баланд дар ҷигар, мушакҳои скелетӣ ва миокард ба вуҷуд меояд.

Консентратсияи максималӣ дар хун баъд аз 3,3 соат мерасад ва таъсири табобатӣ то 9 соат давом мекунад.

Аз бадан асосан тавассути гурдаҳо дар шакли эфирҳои ацилӣ хориҷ мешавад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

Ҳассосияти баланд (гиперҳассосият) ба компонентҳои дору.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Дард дар минтақаи эпигастрий, зуҳуроти диспепсия, эҳтимоли пайдо шудани бӯи махсуси бадан. Дар беморони дорои таърихи синдроми кашиш (судорожный синдром) пайдо шудани судоргаҳо ё зиёдшавии басомади онҳо қайд шудааст. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Ҳамкории доруии Метакартин бо дигар доруҳо тавсиф нашудааст.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Таъин кардани Метакартин ба беморони гирифтори диабети қанд метавонад ба гипогликемия оварда расонад, зеро азхудкунии глюкоза беҳтар мешавад. Бинобар ин дар давраи истифодаи дору назорати мунтазами сатҳи глюкоза дар хун зарур аст ва дар ҳолати лозимӣ дозаи доруҳои пасткунандаи қанд ва инсулин ислоҳ карда мешавад.

Таъсир ба қобилияти ронандагӣ ва идоракунии механизмҳо

Дору ба қобилияти ронандагӣ ва идоракунии механизмҳо таъсир намерасонад.

Истифода ҳангоми ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ

Метакартин ҳангоми ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ танҳо дар ҳолате истифода мешавад, ки фоидаи эҳтимолӣ барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин ё кӯдак зиёд бошад.