"Маҷмӯи 12 витаминҳо, 8 микроэлементҳо ва 10 аминокислотаҳо"

Шакл Ҳабҳо
Фаъол модда "Маҷмӯи 12 витаминҳо, 8 микроэлементҳо ва 10 аминокислотаҳо"
Шакли пешниҳод 30-то ҳаб
Категорияи табобат Гурухи умуми.

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1ҳаб:

Витаминҳо

    • витамини A (ретинол ацетат) — 800 мкг; 
    • витамини B1 (тиамин нитрат) — 3,3 мг; 
    • витамини B2 (рибофлавин) — 4,2 мг; 
    • витамини B3 (никотинамид) — 48 мг; 
    • витамини B5 (калсий пантотенат) — 8 мг; 
    • витамини B6 (пиридоксин гидрохлорид) — 4,2 мг; 
    • витамини B9 (кислотаи фолий) — 400 мкг; 
    • витамини B12 (сианокобаламин 0,1% дар маннитол) — 3 мкг; 
    • витамини C (кислотаи аскорбин) — 160 мг; 
    • витамини D3 (холекалсиферол) — 5 мкг; 
    • витамини E (dl-α-токоферол ацетат) — 15 мг; 
    • витамини H (биотин) — 150 мкг. 

Микро ва макроэлементҳо

    • оҳан (дар шакли фумарати оҳан) — 14 мг; 
    • магний (дар шакли оксиди магний) — 56,25 мг; 
    • марганетс (дар шакли сулфати марганетси моногидрат) — 2 мг; 
    • молибден (дар шакли молибдати натрий дигидрат) — 50 мкг; 
    • мис (дар шакли сулфати мис пентагидрат) — 1 мг; 
    • селен (дар шакли хамиртуруши селендор) — 55 мкг; 
    • руҳ (дар шакли сулфати руҳи моногидрат) — 10 мг; 
    • хром (дар шакли хлориди хром гексагидрат) — 40 мкг. 

Аминокислотаҳо

    • L-лейсин — 19,5 мг; 
    • L-лизин (дар шакли гидрохлориди L-лизин) — 15 мг; 
    • L-изолейсин — 11,5 мг; 
    • L-валин — 10,5 мг; 
    • L-фенилаланин — 10 мг; 
    • L-тирозин — 9,5 мг; 
    • L-цистеин (дар шакли гидрохлориди L-цистеин моногидрат) — 6,3 мг; 
    • L-треонин — 8,5 мг; 
    • L-гистидин (дар шакли гидрохлориди L-гистидин моногидрат) — 6 мг; 
    • L-метионин — 3,2 мг.

НИШОНДОДҲО 

Барои пешгирии гиповитаминоз, норасоии моддаҳои минералӣ ва аминокислотаҳо:

    • ҳангоми ҳолатҳои астеникӣ бо пайдоиши гуногун, сустии умумӣ ва хастагии зиёд, паст шудани масуният ва хастагии музмин; 
    • дар давраи барқароршавӣ баъд аз бемориҳои тӯлонӣ, аз ҷумла бемориҳои мавсимӣ, дар давраи баъдиҷарроҳӣ, баъд аз антибиотикотерапия ва табобати махсус; 
    • дар давраи сарбории зиёди фикрӣ ва ҷисмонӣ; 
    • ҳангоми ғизогирии нокифоя ва номутавозин; 
    • барои шахсоне, ки дар минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ номусоид зиндагӣ мекунанд.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Лувитан Лонг Акшн дарун қабул карда мешавад, субҳ ҳангоми хӯрокхӯрӣ бо миқдори кофии моеъ.

Ба калонсолон ва кӯдакони аз 8-сола боло 1 ҳаб як маротиба дар як шабонарӯз таъин карда мешавад.

Аз вояи тавсияшудаи шабонарӯзӣ зиёд истифода набаред.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Ҳабҳо №30

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика

Лувитан Лонг Акшн маҷмӯи витаминҳо, моддаҳои минералӣ ва аминокислотаҳои ивазнашаванда мебошад, ки барои мубодилаи муътадили моддаҳо, рушду инкишофи организм, муҳофизат аз бемориҳо ва омилҳои зараровари муҳити зист, инчунин барои таъмини ҳамаи вазифаҳои ҳаётан муҳими организм заруранд. Дору муқовимати организмро нисбат ба бемориҳои гуногун баланд мебардорад.

Витаминҳо дар равандҳои мубодилаи моддаҳо ҳамчун катализатор ва танзимкунандаи равандҳои биохимиявӣ ва физиологӣ иштирок мекунанд.

Моддаҳои минералӣ унсурҳои ҳаётан муҳим барои равандҳои мубодилавӣ дар организми инсон мебошанд. Онҳо дар ташаккули ҳуҷайраҳо ва бофтаҳо, инчунин дар фаъолияти системаҳои ферментӣ иштирок мекунанд.

Аминокислотаҳо воҳидҳои сохтории кимиёвӣ мебошанд, ки сафедаҳоро ташкил медиҳанд. Сафедаҳо дар равандҳои ҳаётии организм нақши муҳим доранд ва аз аминокислотаҳое синтез мешаванд, ки ҳангоми таҷзияи сафедаҳои ғизоӣ ҳосил мегарданд. Аминокислотаҳо ба витаминҳо ва минералҳо барои иҷрои пурраи вазифаҳои худ мусоидат мекунанд. Баъзе аминокислотаҳо мустақиман бофтаҳои мушакро бо энергия таъмин менамоянд.

Лувитан Лонг Акшн ҳамаи витаминҳо, минералҳо ва аминокислотаҳоро якбора озод намекунад, балки онҳоро тадриҷан дар давоми муддати тӯлонӣ (на камтар аз 8 соат) хориҷ менамояд.

Фармакокинетика

Таъсири Лувитан Лонг Акшн бо маҷмӯи хусусиятҳои ҳамаи ҷузъҳои таркиби он вобаста мебошад, бинобар ин гузаронидани таҳқиқоти фармакокинетикӣ имконнопазир аст.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои таркибии дору; 

·  ҳомиладорӣ; 

·  давраи ширмаконӣ; 

·кӯдакони то 8-сола.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

·  эҳтимоли пайдо шудани реаксияҳои аллергӣ ба ҷузъҳои таркибии дору; 

·  вайроншавии хоб

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Таъсири мутақобила бо дигар доруҳо муайян карда нашудааст.

Доруи Лувитан Лонг Акшн набояд ҳамзамон бо дигар маҷмӯаҳои поливитаминӣ қабул карда шавад, то аз зиёдшавии воя пешгирӣ гардад.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Агар бемор доруҳое қабул кунад, ки лахташавии хунро бозмедоранд, зарур аст бо духтур машварат карда шавад.

Истифода дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ

 Истифодаи дору дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ манъ аст.

Истифода дар педиатрия

 Истифодаи дору дар кӯдакони то 8-сола манъ аст.

Таъсир ба қобилияти идоракунии нақлиёт ва механизмҳо

 Дору ба қобилияти идоракунии автомобил ва механизмҳои эҳтимолан хатарнок таъсир намерасонад.