ЛОРНАДО
Бозгашт ба маҳсулот8 мг
| Шакл | "Хокаи лиоф. б/тазрик бо халкунанда" |
|---|---|
| Фаъол модда | Лорноксикам |
| Шакли пешниҳод | Флакон №1+1 |
| Категорияи табобат | Системаи такягоху харакат |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар флакон бо хокаи лиофилизатсияшуда:
Лорноксикам – 8 мг.
Ампула бо ҳалкунанда (об барои тазриқ) – 2 мл.
НИШОНДОДҲО
· табобати кӯтоҳмуддати синдроми дардноки пайдоишаш гуногун;
· табобати симптоматикӣ ҳангоми бемориҳои ревматикӣ:
- артрити ревматоидӣ;
- остеоартроз;
- спондилити анкилозкунанда;
- синдроми буғумҳо ҳангоми авҷгирии подагра;
- осеби ревматикии бофтаҳои нарм;
· табобати кӯтоҳмуддати дарди баъдиҷарроҳӣ.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Вояи тавсияшаванда 8 мг ба дохили варид ё дохили мушак мебошад.
Вояи шабонарӯзӣ набояд аз 16 мг зиёд бошад.
Низоми воягузорӣ барои ҳар як бемор бояд бо назардошти ҷавоби инфиродӣ ба табобат интихоб карда шавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Хокаи лиофилизатшуда бо ҳалкунанда №1+1 ампула бо махлули халкунанда 2 мл
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика
Механизми таъсири лорноксикам (моддаи фаъоли дору) асосан бо боздоштани синтези простагландинҳо тавассути ингибитсия намудани ферменти циклооксигеназа (ЦОГ) алоқаманд мебошад. Ин раванд ба паст шудани ҳассосияти ретсепторҳои канории дард ва боздоштани раванди илтиҳобӣ оварда мерасонад.
Инчунин таъсири марказӣ ба ретсепторҳои дард эҳтимол дорад, ки бо таъсири зиддиилтиҳобии дору мустақиман алоқаманд нест.
Лорноксикам ба нишондиҳандаҳои муҳими ҳаётӣ таъсир намерасонад, аз ҷумла:
- ҳарорати бадан;
- басомади нафаскашӣ;
- басомади набзи дил;
- фишори артериалӣ;
- нишондиҳандаҳои ЭКГ;
- натиҷаҳои спирометрия.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба лорноксикам ё дигар доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ (ДЗИҒС);
· тромбоцитопения;
· норасоии шадиди дил;
· хунравии меъдаю рӯда;
· норасоии шадиди ҷигар;
· семоҳаи сеюми ҳомиладорӣ;
·кӯдакони то 18-сола.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Таъсирҳои номатлуби бештар мушоҳидашаванда аз ҷониби узвҳои меъдаю рӯда мебошанд, аз ҷумла:
- дилбеҳузурӣ;
- қайкунӣ;
- дарунравӣ;
- метеоризм (варами шикам);
- қабзият;
- диспепсия;
- дарди шикам.
Кам метавонанд мушоҳида шаванд:
- камхунӣ (анемия);
- тромбоцитопения;
- лейкопения;
- дароз шудани вақти хунравӣ;
- дарди сар;
- чарх задани сар.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
· Доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ (ДЗИҒС) метавонанд таъсири антикоагулянтҳо-ро пурзӯр намуда, хатари хунравиро зиёд кунанд.
· Лорноксикам метавонад самаранокии ингибиторҳои ферменти табдилдиҳандаи ангиотензин (АПФ)-ро коҳиш диҳад.
· Истифодаи ҳамзамони лорноксикам бо диуретикҳо метавонад таъсири пешобронӣ ва пасткунандаи фишори хуни онҳоро кам намояд.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
- Лорноксикам бояд бо эҳтиёт дар беморони гирифтори норасоии сабук ва миёнаи гурда истифода шавад.
- Дору бояд бо эҳтиёт ба бемороне таъин карда шавад, ки ҳамзамон доруҳои хатари пайдоиши захми меъдаю рӯда ва хунравиро зиёдкунанда қабул мекунанд.
- Истифодаи лорноксикам дар семоҳаҳои I ва II ҳомиладорӣ, инчунин ҳангоми таваллуд тавсия дода намешавад, зеро маълумоти клиникӣ оид ба бехатарии истифодаи он дар ин гурӯҳи беморон маҳдуд мебошад.