120 мг

Шакл Капсулаҳо
Фаъол модда Орлистат
Шакли пешниҳод 42-то капсула
Категорияи табобат Системаи хозима

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар як капсула:

орлистат — 120 мг.

НИШОНДОДҲО 

Листора 120 мг дар якҷоягӣ бо парҳези камкалория барои табобати:

    • беморони гирифтори фарбеҳӣ (ИМТ ≥ 30 кг/м²); 
    • беморони дорои вазни зиёдатӣ (ИМТ ≥ 28 кг/м²) бо омилҳои хавф. 

Арзёбии табобат:

    • агар дар давоми 12 ҳафта камшавии вазн камтар аз 5% бошад, табобат бояд қатъ карда шавад.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Орлистат бо об фурӯ бурда мешавад, бевосита пеш аз хӯрок, ҳангоми хӯрок ё на дертар аз 1 соат баъди ҳар як хӯроки асосӣ. Агар хӯрок қабул нашуда бошад ё равған надошта бошад, доруро низ қабул кардан лозим нест.

Калонсолон:

    • вояи тавсияшуда барои фарбеҳӣ ё вазни зиёдатӣ — 120 мг (1 капсула) 3 маротиба дар як рӯз
    • зиёд кардани воя аз 120 мг 3 маротиба дар рӯз самаранокиро зиёд намекунад. 

Парҳез:

    • парҳези мутавозин бо калорияи миёна ва равған то 30% аз калорияи рӯзона; 
    • истеъмоли бештар мева ва сабзавот; 
    • тақсим кардани ғизо ба 3 хӯроки асосӣ.

шАКЛИ БАРОРИШ

Капсулаҳо №42.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Орлистат ингибитори пуриқтидор ва махсуси липазаҳои меъда ва ғадуди зери меъда буда, таъсири дарозмуддат дорад. Дору дар ковокии меъда ва рӯдаи борик амал карда, бо маркази фаъоли ферментҳо пайваст мешавад ва онҳоро ғайрифаъол мегардонад. Дар натиҷа, таҷзияи равғанҳои ғизоӣ (триглитсеридҳо) ба кислотаҳои равғании озод ва моноглитсеридҳо маҳдуд шуда, ҷабби онҳо дар рӯда коҳиш меёбад.

Фармакодинамика

·  зиёд шудани равған дар наҷосат баъди 24–48 соат мушоҳида мешавад; 

·баъди қатъ кардани дору, нишондиҳандаҳо одатан дар 48–72 соат ба ҳолати аввала бармегарданд.

ЗИДНИШОНДОДҲО

    • ҳассосияти баланд ба моддаи фаъол ё дигар ҷузъҳои дору; 
    • синдроми мальабсорбсияи музмин; 
    • холестаз; 
    • ҳомиладорӣ; 
    • давраи ширмаконӣ. 

Эҳтиёт

    • беморон бояд огоҳ карда шаванд, ки тавсияҳои парҳезиро қатъиян риоя кунанд.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Аз ҷониби системаи асаб:

    • хеле зиёд: дарди сар. 

Аз ҷониби системаи нафаскашӣ:

    • хеле зиёд: сирояти роҳҳои болоии нафас; 
    • зиёд: сирояти роҳҳои поёнии нафас. 

Аз ҷониби меъдаву рӯда:

    • хеле зиёд: дарди шикам, стеаторея (наҷосати равғаннок), ихроҷи равғаннок аз рӯдаи рост, газнокӣ, дарунравӣ, афзоиши шумораи ҳоҷат, даъвати шадид ба ҳоҷат; 
    • зиёд: дарди рӯдаи рост, наҷосати мулоим, бехудии наҷосат, варамшавии шикам, осеби дандон ва милки дандон; 
    • нодир/ҷиддӣ: хунравии рӯдаи рост, дивертикулит, панкреатит. 

Аз ҷониби гурда ва роҳҳои пешоб:

    • зиёд: сирояти роҳҳои пешоб; 
    • нодир: нефропатияи оксалатӣ (метавонад ба норасоии гурда оварда расонад). 

Аз ҷониби системаи масуният:

    • аксуламалҳои аллергӣ: доғ, хориш, крапивница, варами ангионевротикӣ, бронхоспазм, анафилаксия. 

Аз ҷониби ҷигар ва роҳҳои сафровӣ:

    • бемории санги талхадон; 
    • гепатит (аз ҷумла ҳолатҳои вазнин, баъзан бо марг ё ниёз ба трансплантатсияи ҷигар).

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

·  Циклоспорин: консентратсияи он дар плазма кам мешавад, таъсири иммуносупрессивӣ паст мегардад. Якҷоя истифода бурдан тавсия дода намешавад. Агар имкон набошад — назорати доимии сатҳи циклоспорин лозим аст. 

·  Акарбоза: бо сабаби набудани маълумот якҷоя истифода бурдан тавсия дода намешавад. 

·  Антикоагулянтҳо (масалан варфарин): назорати MHO/INR лозим аст. 

·  Витаминҳои ҳалшаванда дар равған (A, D, E, K): ҷаббиш кам мешавад; тавсия дода мешавад поливитаминҳо (2 соат баъд ё пеш аз хоб). 

·  Амиодарон: эҳтимоли кам шудани консентратсия; назорати ЭКГ лозим аст. 

·  Доруҳои зиддиэпилепсия: эҳтимоли судоргаҳо, назорат зарур аст. 

·  Левотироксин ва йод: эҳтимоли гипотиреоз, назорати ғадуди сипаршакл лозим аст. 

·  Доруҳои ВИЧ (антиретровирусӣ): самаранокӣ метавонад кам шавад. 

·  Антидепрессантҳо, антипсихотикҳо, бензодиазепинҳо: эҳтимоли кам шудани таъсир, бо эҳтиёт истифода бурдан лозим аст.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

·  Табобат бояд бо парҳези мутавозин ва камкалория бо маҳдуд кардани равғанҳо (то 30% калорияи рӯзона) якҷоя гузаронида шавад. 

·  Беморон бояд дар бораи эҳтимоли таъсирҳои меъдаву рӯда (стеаторея, наҷосати равғаннок ва ғайра) огоҳ карда шаванд, махсусан ҳангоми истеъмоли равғани зиёд. 

·  Тавсия дода мешавад истифодаи поливитаминҳо (A, D, E, K) аз сабаби кам шудани ҷаббиш (2 соат баъд аз орлистат ё пеш аз хоб). 

·  Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои шадиди меъдаву рӯда риояи парҳез бояд санҷида шавад. 

·  Ҳангоми истифодаи дарозмуддат назорати вазн ва омилҳои хавф зарур аст. 

·  Беморони дорои бемориҳои ҳамроҳ (гипотиреоз, эпилепсия, ВИЧ) бояд таҳти назорати духтур бошанд. 

·Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои ҷигар ё гурда бояд фавран тафтиш гузаронида шавад.