40 мг / 40 мг / 30 мг / 50 мг

Шакл Капсулаҳо
Фаъол модда "Экстракти хушки решаи женьшень / Экстракти хушки барги гинкго билоба / Экстракти хушки меваи қарақоти сиёҳ / Коэнзими Q10"
Шакли пешниҳод 30-то капсула
Категорияи табобат Гурухи умуми.

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

 Дар 1 капсула:

Моддаҳои фаъол:

    • Экстракти хушк аз решаи женьшень (Panax ginseng) — 40 мг 
    • Экстракти хушк аз баргҳои гинкго билоба (Ginkgo biloba) — 40 мг 
    • Экстракти хушк аз меваи қарақоти сиёҳ (Ribes nigrum) — 30 мг 
    • Коэнзими Q10 — 50 мг 

НИШОНДОДҲО 

·  Ҳолатҳои гуногун, ки бо коҳиши диққат ва хотира, паст шудани қобилияти зеҳнӣ, эҳсоси изтироб, тарс, вайроншавии хоб, сарчархзанӣ ва садо дар гӯш ҳамроҳӣ мешаванд 

·  Барои баланд бардоштани муқовимати организм, таҳкими масуният, махсусан баъд аз бемориҳои вазнин ва ҳангоми сарбории зиёди ҷисмонӣ, ақлонӣ ва эҳсосӣ 

·Барои пешгирии пиршавии организм, пешгирии пайдоиши чинҳо ва сустшавии пӯст.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Лангенаро ба таври даҳонӣ (пероралӣ) қабул мекунанд: 1–2 капсула ҳангоми ё баъд аз хӯрок, асосан дар нимаи аввали рӯз, бо миқдори кофии об. Давомнокии курс аз 2 ҳафта то 2 моҳ мебошад. 

шАКЛИ БАРОРИШ

 Капсулаҳо №30

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Препарати «Лангена» ба нигоҳ доштани нерӯи ҳаётии оптималӣ кӯмак мекунад, аз ҷумла дар синни калонсолӣ. Фаъолияти ҷисмонӣ ва ақлиро дастгирӣ мекунад, кори системаи дилу рагҳо, микроциркулятсияи хун ва тонуси рагҳоро беҳтар менамояд. Ҳангоми истифодаи дарозмуддат ба пешгирии сустшавии пӯст ва пиршавии барвақт мусоидат мекунад.

Экстракти хушки решаи женьшень дорои гинзенозидҳо, равғанҳои эфирӣ, стиролҳо, пептидҳо, витаминҳо ва минералҳо мебошад. Ба системаи асаби марказӣ таъсири ҳавасмандкунанда дошта, қобилияти фикрӣ ва ҷисмониро зиёд мекунад, мубодилаи моддаҳо ва энергияро фаъол месозад, истифодаи оксигенро дар ҳуҷайраҳо беҳтар мекунад. Ҳамчунин кори ғадудҳои эндокриниро танзим намуда, каме фишори хунро баланд мекунад, сатҳи холестерин ва глюкозаро паст менамояд, муқовимат ба стресс ва омилҳои номусоиди муҳитро зиёд мекунад.

Экстракти баргҳои гинкго билоба рагҳоро мустаҳкам ва чандирии онҳоро зиёд мекунад, хусусиятҳои хунро беҳтар менамояд, гардиши хун ва таъминоти бофтаҳоро бо оксиген ва глюкоза беҳтар месозад. Часпиши тромбоцитҳо ва эритроцитҳоро кам мекунад, рагҳои хурдро васеъ менамояд ва тонуси венозиро баланд мекунад.

Экстракти меваи қарақоти сиёҳ дорои антиоксидантҳо, витаминҳои A, C, E, B-гурӯҳ ва кислотаҳои равғанӣ мебошад. Ба сабук шудани нишонаҳои менопауза, бемориҳои пӯст (экзема, псориаз), артритҳо мусоидат мекунад, ҳолати мӯй, дандон ва милки дандонро беҳтар мекунад ва хатари катарактаро кам карда метавонад.

Коэнзими Q10 дар истеҳсоли энергия дар ҳуҷайраҳо иштирок мекунад. Бо синну сол коҳиш меёбад. Истифодаи мунтазами он кори дил, ҷигар ва гурдаҳоро беҳтар мекунад, муқовимат ба стрессро зиёд намуда, раванди пиршавиро суст мекунад.

Фармакокинетика

Таъсири препарати «Лангена» аз маҷмӯи умумии компонентҳояш вобаста аст, бинобар ин омӯзиши алоҳидаи фармакокинетикӣ имконнопазир мебошад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  Ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору 

·  Ҳомиладорӣ 

·  Давраи ширдиҳӣ 

·Кӯдакони синни то 14-сола.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Дору одатан хуб таҳаммул карда мешавад, таъсирҳои номатлуб кам ба назар мерасанд.

Дигар: коҳиши лахташавии хун (ҳангоми истифодаи дарозмуддат). 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Препарат таъсири доруҳои хобовар, доруҳои дардкаҳкунанда ва спазмолитикҳоро зиёд мекунад.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

·  Аз меъёри тавсияшудаи рӯзона зиёд истифода набаред. 

·Иловаи парҳезӣ набояд ҳамчун ивазкунандаи ғизои пурра истифода шавад.