ЛАЦИДОФОРТЕ КАПС.
Бозгашт ба маҳсулот"1,5×10⁹ КТҲ /39 мг/ 50 мг/ 0,5 мг/ 0,6 мг/ 0,6 мг"
| Шакл | Капсулаҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | "Бактерияҳои лиофилизатсияшуда: Lactobacillus spp. ва Bifidobacterium spp./ ФОС/ Витамин С/ Витамин В1/ Витамин В2/ Витамин В6" |
| Шакли пешниҳод | 10-то капсула |
| Категорияи табобат | Системаи хозима |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 капсула:
Микроорганизмҳои пробиотикӣ (на камтар аз 1,5 × 10⁹ КОЕ):
- Lactobacillus helveticus
- Lactococcus lactis ssp.
- Bifidobacterium longum
- Lactobacillus rhamnosus
- Bifidobacterium breve
- Streptococcus thermophilus
- Bifidobacterium bifidum
- Lactobacillus casei
- Lactobacillus plantarum
Компонентҳои иловагӣ:
- Фруктоолигосахаридҳо — 39 мг
- Кислотаи аскорбинӣ — 50 мг
- Витамини B1 — 0,5 мг
- Витамини B2 — 0,6 мг
- Витамини B6 — 0,6 мг.
НИШОНДОДҲО
- барқарор ва муътадил кардани микрофлораи рӯда, беҳтар кардани ҳазм
- табобати гастроэнтерит ва диспепсия
- пешгирӣ ва табобати дарунравии вобаста ба истифодаи антибиотикҳо
- табобати ихтилолҳои муваққатии кори рӯда (ҳам дарунравӣ ва ҳам қабзият), ки бо тағйири ғизо, сафар ва сабабҳои дигар вобастаанд
- баланд бардоштани таҳаммулпазирӣ ба лактозаи шир
- беҳтар кардани микрофлораи пӯст
- беҳтар кардани ҳолат дар синдроми хастагии музмин
- баланд бардоштани масуният ва муқовимати умумии организм
- ҳамчун манбаи иловагии витаминҳо
Препарат барои пешгирии сирояти Clostridium difficile махсус мебошад.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
- Лацидофорте ба таври даҳонӣ ҳангоми хӯрок бо миқдори кофии об қабул карда мешавад.
- Ба кӯдакони то 3-сола ва бемороне, ки капсуларо фурӯ бурда наметавонанд, капсула кушода шуда, мундариҷааш ба қошуқ рехта ва бо каме моеъ омехта карда мешавад.
Воя:
- Кӯдакони 1 то 3 сола: 1 капсула 1–2 маротиба дар як рӯз
- Кӯдакони 3 то 12 сола: 1 капсула 3 маротиба дар як рӯз
- Наврасон ва калонсолон аз 12 сола боло: 1–2 капсула 3 маротиба дар як рӯз
Давомнокии табобат аз сабаби дисбактериоз ва хусусиятҳои инфиродии организм вобаста аст.
шАКЛИ БАРОРИШ
Капсулаҳо №10
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Лацидофорте — пробиотики омехта мебошад, ки фаъолияти организмро ба танзим дароварда, тавозун ва таркиби микрофлораи рӯдаро муътадил мекунад.
· Бифидобактерияҳо ва лактобактерияҳо зидди бисёр микроорганизмҳои патогенӣ ва шартан-патогенӣ фаъолияти баланди антагонистӣ доранд. Онҳо шароити мусоид барои афзоиши микрофлораи фоиданок фароҳам меоранд ва тавозуни физиологии микрофлораи рӯдаро нигоҳ медоранд.
·Фруктоолигосахаридҳо нахи ферментшаванда мебошанд. Онҳо ҳазм намешаванд, аммо дар рӯдаи ғафс фермент шуда, кислотаҳои чарбии кӯтоҳзанҷир ҳосил мекунанд. Манбаи ғизо барои ҳуҷайраҳои эпителии рӯдаи ғафс мебошанд.
·Кислотаи аскорбинӣ дорои хосиятҳои барқароркунанда буда, ферментҳои безараркунандаи моддаҳои заҳрнокро фаъол мекунад.
·Витамини B1 манбаи энергия барои ҳуҷайраҳо буда, афзоиш ва инкишофи организмро дастгирӣ мекунад ва қобилияти ҷисмонӣ ва ақлиро зиёд мекунад.
·Витамини B2 катализатори муҳими нафаскашии ҳуҷайравӣ ва идроки биноӣ мебошад.
· Витамини B6 фаъолияти ҷисмонӣ ва ақлиро беҳтар намуда, сатҳи глюкозаи хунро танзим мекунад ва кори ғадуди сипаршаклро ба эътидол меорад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
Таъсири манфии препарати Лацидофорте ба қайд гирифта нашудааст.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Таъсирҳои номатлуб муайян карда нашудаанд.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Дар бораи таъсирҳои номатлуб ё реаксияҳои ғайрихуш ҳангоми ҳамкорӣ бо доруҳо маълумот мавҷуд нест.