Л-ВИАВА
Бозгашт ба маҳсулот1,0 г/ 5 мл
| Шакл | Маҳлул барои тазриқ |
|---|---|
| Фаъол модда | Левокарнитин |
| Шакли пешниҳод | 5-то ампула 5 мл |
| Категорияи табобат | Гурухи умуми. |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 5 мл (1 ампула ):
Моддаи фаъол:
- левокарнитин — 1,0 г
НИШОНДОДҲО
· норасоии ибтидоӣ (генетикӣ)-и карнитин;
· норасоии дуюмдараҷаи карнитин дар бемороне, ки муддати дароз гемодиализ мегиранд ва нишонаҳои зерин доранд:
- ташаннуҷи шадид ва доимии мушакҳо;
- заъфи мушакҳои скелетӣ;
- миопатияҳо;
- кам шудани массаи мушакҳо;
- аломатҳои гипотензияи артериалӣ;
- камхунӣ;
- кардиомиопатия;
- набудани таъсир аз табобат ё зарурати истифодаи вояҳои баланди эритропоэтин.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Маҳлули тазриқии L-Виава барои воридкунии сусти дохиливаридӣ (дар давоми 2–3 дақиқа) ё инфузияи дохиливаридӣ пешбинӣ шудааст. Пеш аз инфузияи дохиливаридӣ, дору дар хлориди 0,9% ё маҳлули лактат Рингер барои ба даст овардани маҳлул бо консентратсияи левокарнитин 0,5-8 мг/мл омехта мешавад.
Воя вобаста ба синну сол ва вазни бадан ҳисоб карда мешавад.
Норасоии ибтидоӣ ва дуюмдараҷаи карнитин
Препарат ба таври сусти дохиливаридӣ дар давоми 2–3 дақиқа ворид карда мешавад. Вояи шабонарӯзӣ ба 3–4 қабул тақсим карда мешавад ё дар шакли инфузияи дохиливаридӣ истифода мегардад. Пеш аз воридкунӣ вояи зарурӣ дар 100–250 мл маҳлули изотонии натрий хлорид ё маҳлули 5%-и глюкоза ҳал карда мешавад.
Кӯдакони то 12-сола (аз ҷумла навзодон ва кудакони ширмак)
Одатан 100–200 мг/кг/рӯз таъин карда мешавад. Дар сурати набудани беҳбудӣ мумкин аст воя муваққатан зиёд карда шавад. Ҳангоми декомпенсатсияи шадиди метаболикӣ то 400 мг/кг/рӯз истифода мешавад.
Кӯдакони аз 12-сола боло ва калонсолон
Ҳангоми декомпенсатсияи шадид 50–100 мг/кг/рӯз таъин карда мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ метавон вояҳои баландтарро истифода бурд, аммо хавфи таъсирҳои номатлуб зиёд мешавад.
Норасоии дуюмдараҷаи карнитин ҳангоми гемодиализ
Препарат пас аз ҳар як тартиби гемодиализ ба таври сусти дохиливаридӣ ворид карда мешавад.
- Кӯдакони то 12-сола: 10–20 мг/кг/рӯз.
- Кӯдакони аз 12-сола боло: 1 г/рӯз.
- Калонсолон: 2 г/рӯз.
Ба бемороне, ки зиёда аз 1 сол гемодиализ мегиранд, 2,5 г таъин карда мешавад.
Давомнокии табобати дохиливаридӣ набояд аз 3 моҳ зиёд бошад. Зарурати курси такрорӣ аз рӯи сатҳи левокарнитин дар плазмаи хун муайян карда мешавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Ампулахои 5мл №5
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакокинетика
Пас аз воридкунии дохиливаридӣ левокарнитин ба осонӣ ба ҳамаи бофтаҳои организм мегузарад. Консентратсияи баланд дар мушакҳои скелетӣ ва миокард ба вуҷуд меояд. Консентратсияи максималӣ дар плазмаи хун то 9 соат нигоҳ дошта мешавад. Бо сафедаҳои плазма ва альбумини инсон пайваст намешавад. Пас аз воридкунии парентералӣ левокарнитин хеле кам метаболизм мешавад.
Асосан тавассути гурдаҳо дар шакли эфирҳои ацилӣ хориҷ мегардад. Миқдори хориҷшавӣ ба сатҳи левокарнитин дар плазмаи хун мутаносиб аст. Давраи нимхориҷшавӣ 17,4 соатро ташкил медиҳад. Дар давоми 24 соат тақрибан 76% дору тавассути гурдаҳо хориҷ мешавад.
Фармакодинамика
L-Виава — дору барои ислоҳи равандҳои мубодилаи моддаҳо мебошад.
Левокарнитин моддаи табиӣ буда, ба витаминҳои гурӯҳи B монанд аст. Он дар мубодилаи моддаҳо ҳамчун интиқолдиҳандаи кислотаҳои равғанӣ аз ситоплазма ба митохондрияҳо иштирок мекунад, ки дар он ҷо онҳо тавассути β-оксидшавӣ ба энергия (АТФ) табдил меёбанд.
Бо озод кардани коэнзими А, левокарнитин воридшавии метаболитҳоро ба давраи Кребс зиёд мекунад. Ҳамчунин фаъолияти пируватдегидрогеназаро дар мушакҳои скелетӣ ва оксидшавии аминокислотаҳои занҷираи шохадорро таҳрик медиҳад.
Дору мубодилаи сафедаҳо ва чарбҳоро ба эътидол меорад, захираи ишқории хунро барқарор мекунад, ташаккули кетокислотаҳо ва гликолизи анаэробиро бозмедорад, дараҷаи лактацидозро коҳиш медиҳад, фаъолияти ҷисмониро беҳтар мекунад ва тобовариро ба сарбориҳои ҷисмонӣ зиёд менамояд. Инчунин ба сарфакорона истифода шудани гликоген ва зиёд шудани захираи он дар ҷигар мусоидат мекунад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба левокарнитин ё ягон ҷузъи ёридиҳандаи дору;
· барои маҳлули инфузионӣ: гипернатриемия ва гиперволемия;
·маҳлули инфузионӣ, ки бо истифода аз глюкоза ҳамчун ҳалкунанда омода шудааст, барои беморони гирифтори диабети қанд манъ аст.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
· дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди шикам, дарунравӣ (ҳангоми истифодаи дарозмуддати левокарнитини даҳонӣ);
· сустии мушакҳо, ташаннуҷ (судорга) дар беморони гирифтори уремия;
· реаксияҳои аллергӣ (хориши пӯст, доначаҳои пӯст, занбӯруғак, варами Квинке, шоки анафилактикӣ);
· пайдо шудани бӯи хоси бадан. Кам кардани воя аксар вақт ин бӯй ва нишонаҳои меъдаю рӯдаро коҳиш медиҳад ё бартараф мекунад;
· ҳангоми воридкунии босуръати дохиливаридӣ эҳтимоли пайдо шудани дард дар масири раг вуҷуд дорад, ки бо кам кардани суръати воридкунӣ аз байн меравад.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Таъйини доруи L-Виава, маҳлули тазриқӣ, ба беморони гирифтори диабети қанд, ки инсулин ё доруҳои пасткунандаи қанди хунро қабул мекунанд, метавонад боиси гипогликемия гардад, зеро ҷаббиши глюкоза зиёд мешавад. Аз ин рӯ, ҳангоми табобат сатҳи глюкоза дар плазмаи хун бояд мунтазам назорат карда шавад, то вояи доруҳои гипогликемикӣ сари вақт ислоҳ карда шавад.
Ҳангоми истифодаи ҳамзамон:
- глюкокортикостероидҳо ба ҷамъшавии левокарнитин дар бофтаҳо (ғайр аз ҷигар) мусоидат мекунанд;
- кислотаи липоӣ ва воситаҳои анаболикӣ таъсири левокарнитинро пурзӯр мекунанд;
- карнитин метавонад сатҳи кислотаи озоди валпроатро дар хун баланд карда, таъсири онро ҳатто дар вояҳои миёнаи табобатӣ зиёд намояд;
- истифодаи вояҳои зиёди холин метавонад фаъолияти карнитинро коҳиш диҳад.
Бемор бояд духтурро дар бораи истифодаи ҳамаи дигар доруҳо ҳамзамон бо L-Виава огоҳ намояд.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Препарат вобастагӣ ё одатро ба вуҷуд намеорад, зеро L-карнитин ҷузъи табиии организм мебошад.
Таҳаммулпазирии дору бояд дар ҳафтаи аввали табобат ва пас аз ҳар зиёд намудани воя назорат карда шавад.
Агар як воя фаромӯш шавад, вояи дукарата қабул накунед. Табобатро мувофиқи реҷаи муқаррарӣ идома диҳед.
Воридкунии дохиливаридӣ бояд суст (дар давоми 2–3 дақиқа) анҷом дода шавад.
L-Виава, маҳлули тазриқӣ, бояд бо эҳтиёт истифода шавад дар беморони гирифтори:
- норасоии музмини дил;
- норасоии шадиди гурда;
- варамҳое, ки бо нигоҳдории намакҳо вобастаанд;
- бемороне, ки кортикостероидҳо ё гормонҳои кортикотропӣ қабул мекунанд.
Истифодаи дарозмуддат бе қабули иловагии калий метавонад боиси гипокалиемия гардад.
Дар бемороне, ки таърихи аллергия доранд, дору бояд бо эҳтиёт истифода шавад.
Азбаски карнитин ҷабби глюкозаро беҳтар мекунад, дар беморони гирифтори диабети қанд сатҳи глюкоза бояд мунтазам назорат карда шавад.
Воридкунии дохиливаридии вояҳои баланди дору ба беморони гирифтори норасоии шадиди гурда ё беморони диализшаванда боиси ҷамъшавии метаболитҳои эҳтимолан заҳрноки TMA ва TMAO намегардад. Ин ҳолат метавонад ҳангоми истифодаи дарозмуддати вояҳои баланди даҳонӣ ба вуҷуд ояд.
Ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ
L-Виава, маҳлули тазриқӣ, танҳо дар ҳолатҳои зарурии фавқулода ва пас аз арзёбии дақиқи фоида барои модар ва хатари эҳтимолӣ барои ҳомила ё кӯдак таъин карда мешавад.
Таъсир ба қобилияти идоракунии нақлиёт ва механизмҳо
Шахсоне, ки пас аз истифодаи дору сустии мушакҳоро эҳсос мекунанд, бояд аз идоракунии воситаҳои нақлиёт ва кор бо механизмҳои хатарнок худдорӣ намоянд.