200 мкг / 400 мкг

Шакл Ҳабҳо
Фаъол модда Йодиди калий / Кислотаи фолий
Шакли пешниҳод 60-то ҳаб
Категорияи табобат Мубодилаи моддахо

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Ҳар як ҳаб дорои:

йодиди калий - 200 мкг 

кислотаи фолий - 400 мкг.

НИШОНДОДҲО 

·Пешгирӣ ва ҷуброни норасоии йод ва кислотаи фолий дар занон ҳангоми банақшагирии ҳомиладорӣ, инчунин дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ. 

·Пешгирии нуқсонҳои модарзодии рушди системаи асаб, дасту пой ва дил дар ҷанин. 

·Пешгирии вайроншавии рушд ва балоғати ҷинсӣ дар наврасон. 

·Ҳолати хастагии музмин ва сустшавии хотира. 

·Невропатияҳои периферӣ. 

·Пешгирии такроршавӣ пас аз табобати терапевтии ҷоғари норасоии йод.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Йодофол ба таври даҳонӣ, дар як рӯз 1 ҳаб ҳангоми хӯрокхӯрӣ ё баъд аз он бо миқдори кофии об қабул карда мешавад.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Ҳабҳо №60

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Йод ба фаъолияти муътадили ғадуди сипаршакл мусоидат намуда, ба таркиби гормонҳои он (тироксин ва трийодтиронин) дохил мешавад. Он рушди ҷоғари эндемикӣ ва кретинизмро пешгирӣ мекунад.

Норасоии кислотаи фолий боиси вайроншавии синтези ДНК дар ҳуҷайраҳое мегардад, ки барои такроршавии хромосомаҳо ва тақсимшавӣ омода мешаванд. Механизми таъсири кислотаи фолий ба иштироки он дар шакли тетрагидрофолат дар синтези кислотаҳои нуклеинӣ ва равандҳои тақсимшавии ҳуҷайраҳо, инчунин ба нақши он ҳамчун кофермент дар синтези пуринҳо ва пиримидинҳо вобаста аст. Ин хусусият кислотаи фолийро ба омили муҳим дар ташаккули системаи марказии асаб табдил медиҳад, ки дар инсон аз рӯзи 15 то 28-уми баъд аз бордоршавӣ инкишоф меёбад. Кислотаи фолий барои камолоти муътадили мегалобластҳо ва ташаккули нормобластҳо зарур аст. Норасоии он боиси зиёд шудани сатҳи гомосистеин дар плазмаи хун мегардад, ки нишондиҳандаи тағйироти атеросклерозӣ мебошад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

Ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору; гипертиреоз (фаъолияти аз ҳад зиёди ғадуди сипаршакл).

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Имконияти пайдо шудани аксуламалҳои аллергӣ ба ҷузъҳои дору вуҷуд дорад. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Доруи Йодофол набояд ҳамзамон бо анальгетикҳо, доруҳои зиддиташаннуҷӣ, антацидҳо, колестирамин, сулфаниламидҳо, антибиотикҳо ва ситостатикҳо истифода шавад, зеро онҳо ҷаббиши кислотаи фолийро коҳиш медиҳанд.

Ҳангоми истифодаи ҳамзамони Йодофол бо диуретикҳои калийнигоҳдоранда эҳтимоли рушди гиперкалиемия вуҷуд дорад.

Истифодаи ҳамзамони Йодофол ва доруҳои литий метавонад ба рушди ҷоғар ва гипотиреоз мусоидат намояд.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Ҳангоми мавҷуд будани бемориҳои ғадуди сипаршакл ё истифодаи дигар доруҳои дорои йод, пеш аз истеъмоли дору бо духтур машварат кардан лозим аст.

Таъсир ба қобилияти рондани воситаҳои нақлиёт ва идоракунии механизмҳо

 Дору ба қобилияти рондани нақлиёт ва кор бо механизмҳо таъсир намерасонад.