200 мг

Шакл Ҳабҳо
Фаъол модда Албендазол
Шакли пешниҳод 2-то ҳаб
Категорияи табобат Маводхои зидиинфектсиони

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар як ҳаб: 

албендазол 200 мг.

НИШОНДОДҲО 

нематодозҳо (аскаридоз, энтеробиоз, анкилостомидоз, некатороз, трихоцефалёз);

 • сироятҳои омехтаи кирмӣ;

 • стронгилоидоз;

 • нейроцистицеркоз, ки аз шакли личинкии Taenia solium ба вуҷуд меояд;

 • эхинококкози ҷигар, шуш ва перитонеум, ки аз шакли личинкии Echinococcus granulosus ба вуҷуд меояд;

 • лямблиоз;

 • токсокароз;

 • ҳамчун воситаи ёрирасон ҳангоми табобати ҷарроҳии кистаҳои эхинококк.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Дору ба дохил, ҳангоми ё баъд аз хӯрок бо об қабул карда мешавад. Тавсия дода мешавад, ки ҳамаи аъзои оила ҳамзамон табобат карда шаванд.

Миқдори дору инфиродӣ муайян карда мешавад. Ҳадди аксари вояи шабонарӯзӣ — 800 мг.

Барои нематодозҳо (аскаридоз, энтеробиоз, анкилостомидоз, некатороз, трихоцефалёз) барои калонсолон ва кӯдакони аз 2 сола боло — 400 мг якдафъаина.

Ҳангоми стронгилоидоз, тениоз ва гименолепидоз — 10 мг/кг як маротиба дар як рӯз дар давоми 3 рӯз. Баъд аз 1 ҳафта такрор кардан тавсия мешавад.

Ҳангоми эхинококкоз ва нейроцистицеркоз:

• зиёда аз 60 кг — 400 мг 2 маротиба дар як рӯз;

• камтар аз 60 кг — 15 мг/кг дар як рӯз ба 2 қабул (ҳадди аксар 800 мг).

Эхинококкоз: курси 28-рӯза, то 3 курс бо фосилаи 14 рӯз.

Нейроцистицеркоз: 7–30 рӯз.

Лямблиоз дар кӯдакон: 10–15 мг/кг як маротиба дар як рӯз 5–7 рӯз.

Токсокароз:

• >60 кг — 400 мг 2 маротиба дар як рӯз;

• <60 кг — 200 мг 2 маротиба дар як рӯз;

• кӯдакон — 10 мг/кг дар 2 қабул.

Давомнокии табобат: 7–14 рӯз.

шАКЛИ БАРОРИШ

Ҳабҳо №2

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Фармакодинамика

 Доруи зиддигельминтӣ мебошад. Механизми асосии таъсир ба ингибитсияи полимеризатсияи бета-тубулин вобаста буда, боиси вайроншавии микроканалчаҳои ҳуҷайраҳои рӯдаи гельминтҳо мегардад; ҷараёни метаболикиро халалдор мекунад (истифодаи глюкозаро бозмедорад), ҳаракати гранулаҳои секреторӣ ва органеллаҳоро дар ҳуҷайраҳои мушакии нематодҳо маҳдуд намуда, боиси марги онҳо мегардад.

Аз ҳама бештар бар зидди шаклҳои личинкии цестодҳо (Echinococcus granulosusTaenia solium) ва нематодҳо (Strongyloides stercoralis) фаъол аст.

Фармакокинетика

 Пас аз қабул ба дохил, аз роҳи меъдаю рӯда суст ҷаббида мешавад ва дар плазма дар шакли тағйирнаёфта муайян намегардад. Биодастрасӣ паст аст, бо истеъмоли хӯроки равғандор то 5 маротиба зиёд мешавад.

Дар ҷигар зуд ба метаболити фаъол — албендазол сулфоксид мубаддал мегардад (Cmax 2–5 соат). Бо сафедаҳои плазма ~70% пайваст мешавад. Дар бофтаҳо, аз ҷумла моеъи мағзи сар ва кистаҳо, хуб паҳн мешавад.

Нимҳарз (T½) 8–12 соат аст. Бо пешоб дар шакли метаболитҳо хориҷ мешавад.

Норасоии гурда таъсири ҷиддӣ ба клиренс надорад. Ҳангоми бемориҳои ҷигар биодастрасӣ ва Cmax зиёд шуда, нимҳарз дароз мегардад.

Албендазол CYP450-ро индуксия мекунад ва метаболизми як қатор доруҳоро метезонад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

• ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору ва дигар ҳосилаҳои бензимидазол;

• ҳомиладорӣ.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Ихтилоли фаъолияти ҷигар бо тағйирёбии санҷишҳои функсионалии ҷигар (афзоиши сабук ё миёнаи трансаминазаҳо), дарди шикам, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, лейкопения, гранулоцитопения, агранулоцитоз, тромбоцитопения, панцитопения, дарди сар, сарчархзанӣ, нишонаҳои менингеалӣ, алопесияи баргарданда, доғи пӯст, хориш, баландшавии ҳарорати бадан, баландшавии фишори хун, норасоии шадиди гурда, реаксияҳои аллергӣ.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Ҳангоми истифодаи ҳамзамон бо албендазол, дексаметазон ва циметидин консентратсияи албендазол сулфоксидро дар хун зиёд мекунанд.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Препарати Гелмадол бо эҳтиёт дар ҳолати ихтилоли хунсозӣ, вайроншавии фаъолияти ҷигар, давраи ширмаконӣ ва инчунин патологияи ретинаи чашм истифода мешавад.

Истифода дар ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ

 Истифодаи дору дар давраи ҳомиладорӣ манъ аст. Ҳангоми зарурати таъин дар давраи ширмаконӣ бояд масъалаи қатъи ширдиҳӣ баррасӣ карда шавад.

Истифода дар педиатрия

 Дору барои кӯдакони аз 2-сола боло пешбинӣ шудааст. Маълумоти клиникӣ оид ба истифода дар кӯдакони то 2-сола маҳдуд аст. Дар кӯдакон истифодаи дарозмуддати вояҳои баланд бояд то ҳадди имкон пешгирӣ карда шавад.