ФЕРСИНОЛ
Бозгашт ба маҳсулот50 мг/мл
| Шакл | Қатраҳои даҳонӣ |
|---|---|
| Фаъол модда | Комплекси полималтозии гидроксиди оҳани (III) |
| Шакли пешниҳод | Флакон 30 мл |
| Категорияи табобат | Системаи хунофари |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 мл :
Комплекси гидроксиди оҳани (III) полималтозат- 50 мг.
НИШОНДОДҲО
Табобати ҳолати норасоии оҳан бе камхунӣ (сидеропенияи латентӣ) ва камхунии норасоии оҳан (сидеропенияи манифестӣ). Ташхис ва дараҷаи норасоии оҳан бояд бо таҳқиқоти лаборатории мувофиқ тасдиқ карда шаванд.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Ферсинол ба таври даҳонӣ ҳангоми хӯрок ё фавран баъд аз хӯрок қабул карда мешавад. Миқдори шабонарӯзӣ бояд якбора ё ба якчанд қабул тақсим карда шавад.
Доруро метавон бо афшураҳои мевагӣ ва сабзавотӣ ё бо омехтаи ширӣ дар шиша омехта кард. Ранги каме тағйирёфта пас аз омехта ба таъм ё самаранокӣ таъсир намерасонад.
Ба кӯдакони бармаҳал (недоношенный) 2,5–5 мг оҳан/кг вазни бадан (1–2 қатра) ҳар рӯз дар давоми 3–5 моҳ таъин карда мешавад. 1 мл (20 қатра) дору дорои 50 мг оҳан мебошад
Барои таъмини дақиқи воя, флаконро чаппа карда, дар ҳолати амудӣ нигоҳ доштан лозим аст. Қатраҳо бояд фавран баъд аз чаппа кардани флакон оғоз ба чкчк кардан кунанд. Агар ин рӯй надиҳад, флаконро оҳиста тап-тап задан лозим аст, то қатра ҳосил шавад. Флаконро такон додан манъ аст.
Миқдори дору ва давомнокии табобат аз дараҷаи сидеропения вобаста аст. Ҳангоми норасоии ошкори оҳан бо камхунӣ, табобат то ба меъёр расидани гемоглобин ба ҳисоби миёна 3–5 моҳ давом мекунад. Баъдан табобат чанд ҳафтаи дигар бо вояҳои барои норасоии латентии оҳан истифодашаванда идома дода мешавад, то захираҳои оҳан пур карда шаванд.
Табобати норасоии латентии оҳан бе камхунӣ тақрибан 1–2 моҳ давом мекунад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Қатраҳо барои қабули даҳонӣ, 30 мл дар флакон.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика
Ферсинол аз декстрин ва пайвастагии ғайриорганикии оҳани (III) ҳосил карда мешавад. Ферсинол оҳани севалентаро дар шакли комплекси органикӣ дар бар мегирад.
Механизми таъсир
Оҳан барои синтези гемоглобин истифода мешавад. Мисли ҳамаи доруҳои оҳан, Ферсинол ба эритропоэз ва камхуние, ки бо норасоии оҳан вобаста нестанд, таъсир намерасонад.
Оҳани ҷаббидашуда асосан дар ҷигар захира мегардад, ки дар он ҷо бо ферритин пайваст мешавад. Баъдан он ҳангоми синтези гемоглобин дар мағзи устухон ба таркиби он дохил мешавад.
Фармакокинетика
Ҷаббиш ва тақсимшавӣ
Тадқиқотҳо бо оҳани нишондодашуда (радиоактивӣ) нишон додаанд, ки ҷаббиш (қисми оҳане, ки ба гемоглобин дохил мешавад) бо воя муносибати баръакс дорад. Миқдори ҷаббидашудаи оҳан аз дараҷаи сидеропения вобаста аст (чӣ қадар норасоӣ бештар бошад, ҷаббиш ҳамон қадар зиёдтар аст).
Ҳангоми истифодаи табобатӣ ҷаббиши оҳан тақрибан 10% мебошад. Дору дар рӯдаи борик, асосан дар дувоздаҳангушта ва рӯдаи борик (jejunum) ҷаббида мешавад. Дар марҳилаи аввал биодастрасии комплекси гидроксиди оҳан (III) ва полималтоза нисбат ба доруҳои оҳани (II) пасттар аст.
Метаболизм ва хориҷшавӣ
Оҳани ҷаббида нашуда бо наҷосат хориҷ мешавад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· ҳассосияти баланд ба моддаи фаъол ё ягон компонентҳои ёрирасон;
· зиёдатии оҳан дар организм (масалан, гемохроматоз, гемосидероз);
· вайроншавии истифодаи оҳан (камхунӣ ҳангоми заҳролудшавӣ бо сурб, камхунии сидероахрестикӣ, талассемия);
·камхуниҳое, ки бо норасоии оҳан алоқаманд нестанд (масалан, камхунии гемолитикӣ ё камхунии мегалобластӣ, ки аз норасоии витамини B12 ба вуҷуд омадааст).
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
· хеле кам — реаксияҳои аллергӣ;
· хеле зиёд — тағйири ранги наҷосат;
· зуд-зуд — дарунравӣ, дилбеҳузурӣ, диспепсия;
· камтар — дарди шикам, қайкунӣ, қабзият, тағйири ранги дандонҳо, хориш, донача (сыпь), дарди сар.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Истифодаи ҳамзамони доруҳои оҳани парентералӣ ва даҳонӣ бояд пешгирӣ карда шавад, зеро ҷаббиши доруи даҳонӣ ба таври назаррас кам мешавад. Доруҳои оҳани парентералӣ танҳо дар ҳолатҳое истифода мешаванд, ки табобат бо доруҳои даҳонӣ мувофиқ нест.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Дар бемороне, ки хунгузаронии такрорӣ мегиранд, бояд эҳтиёт риоя карда шавад, зеро бо эритроситҳо оҳан ворид мешавад, ки метавонад ба зиёдатии оҳан дар организм оварда расонад.
Тибқи маълумоте, ки аз шумораи маҳдуди занони ҳомила пас аз семоҳаи якуми ҳомиладорӣ ба даст омадааст, ягон таъсири манфӣ ба ҷараёни ҳомиладорӣ, саломатии ҷанин ё навзод муайян карда нашудааст.