ДРОНЕДА
Бозгашт ба маҳсулот400 мг
| Шакл | Ҳабҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | Дронедарон |
| Шакли пешниҳод | 60-то ҳаб |
| Категорияи табобат | Системаи дилу рагҳо |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
1 ҳаб дар бар мегирад:
дронедарон — 400 мг.
НИШОНДОДҲО
· фибриллятсияи пешдилҳо ё флаттери пешдилҳо (дар анамнез ё дар айни замон) — барои кам кардани хатари бистаришавӣ вобаста ба бемориҳои дилу раг;
·экстрасистолияи меъдачаҳо.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Табобат метавонад дар шароити амбулаторӣ оғоз карда шавад.
Дору ба таври даҳонӣ ҳангоми хӯрокхӯрӣ (ҳангоми субҳона ва шомона) бо ним истакон об қабул карда мешавад.
Пеш аз оғози табобат бо Дронеда истифодаи дигар доруҳои зиддиаритмиявӣ (аз ҷумла флекаинид, пропафенон, хинидин, дизопирамид, дофетилид, амиодарон ва соталол) бояд қатъ карда шавад.
Вояи тавсияшаванда барои калонсолон — 1 ҳаб (400 мг) 2 маротиба дар як рӯз (як ҳаб ҳангоми субҳона ва як ҳаб ҳангоми шомона).
Вояи максималии тавсияшавандаи шабонарӯзӣ — 800 мг мебошад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Ҳабҳо №60
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Дронедарон — доруи зиддиаритмиявӣ буда, якчанд намуди каналҳои иониро маҳкам мекунад.
- каналҳои калий-ро бозмедорад (таъсири зиддиаритмиявии синфи III), ки боиси дароз шудани потенсиали амал ва давраи рефрактерии ҳуҷайраҳои миокард мегардад;
- каналҳои натрий-ро бозмедорад (таъсири зиддиаритмиявии синфи I);
- каналҳои калсий-ро бозмедорад (таъсири зиддиаритмиявии синфи IV);
- антагонисти ғайрирақобатии фаъолияти адренергӣ мебошад (таъсири зиддиаритмиявии синфи II).
Бо шарофати механизми маҷмӯии таъсир, дору барои нигоҳ доштани ритми синусӣ ва кам кардани хатари такроршавии фибриллятсияи пешдилҳо мусоидат мекунад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
- ҳассосияти баланд ба дронедарон ё дигар ҷузъҳои дору;
- блокадаи атриовентрикулярии дараҷаи II ё III ё синдроми сустии гиреҳи синусӣ (дар набудани кардиостимулятор);
- брадикардияи шадид;
- фосилаи QTc ≥ 500 мс;
- норасоии музмини дил (синфи III–IV);
- истифодаи ҳамзамон бо кетоконазол, итраконазол, вориконазол, кларитромицин ва ритонавир;
- истифодаи ҳамзамон бо фенотиазинҳо, цизаприд, бепридил, антидепрессантҳои трицикликӣ, терфенадин, баъзе макролидҳои даҳонӣ ва доруҳои зиддиаритмиявии синфҳои I ва III;
- норасоии шадиди ҷигар;
- норасоии шадиди гурда;
- ҳомиладорӣ;
- давраи ширмаконӣ;
- кӯдакони то 18-сола.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Таъсирҳои номатлуби бештар мушоҳидашаванда инҳоянд:
- дарунравӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди шикам, диспепсия;
- заифӣ ва хастагии зиёд;
- брадикардия;
- дарозшавии фосилаи QT;
- баландшавии сатҳи креатинин дар хун;
- баландшавии фаъолияти ферментҳои ҷигар (АЛТ, АСТ);
- доғи пӯст, хориш, аксуламалҳои аллергӣ;
- вайроншавии фаъолияти ҷигар, аз ҷумла ҳолатҳои нодири осеби шадиди ҷигар;
- норасоии дил ё бадшавии ҷараёни он;
- бемории интерстисиалии шуш (хеле кам).
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
· Доруҳои зиддиаритмиявии синфҳои I ва III (амиодарон, соталол, флекаинид, пропафенон, хинидин, дизопирамид, дофетилид) — истифодаи ҳамзамон манъ аст.
· Ингибиторҳои пурқуввати CYP3A4 (кетоконазол, итраконазол, вориконазол, кларитромицин, ритонавир) — консентратсияи дронедаронро зиёд мекунанд ва истифодаи якҷоя манъ мебошад.
· Доруҳое, ки фосилаи QT-ро дароз мекунанд (фенотиазинҳо, цизаприд, бепридил, антидепрессантҳои трицикликӣ, терфенадин ва баъзе макролидҳо) — хатари аритмияҳои вазнини меъдачаро зиёд мекунанд ва истифодаи ҳамзамон манъ аст.
· Дигоксин — дронедарон консентратсияи онро зиёд мекунад; назорати бемор ва ислоҳи воя дар ҳолати зарурӣ лозим аст.
· Варфарин ва дигар антикоагулянтҳо — дар оғози табобат назорати нишондиҳандаҳои лахташавии хун тавсия дода мешавад.
· Статинҳо, ки тавассути CYP3A4 метаболизм мешаванд (масалан, симвастатин) — эҳтимоли баланд шудани консентратсия ва таъсирҳои номатлуб вуҷуд дорад.
· Шарбати грейпфрут консентратсияи дронедаронро зиёд мекунад ва ҳангоми табобат бояд истифода нашавад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
· Пеш аз оғози табобат истифодаи дигар доруҳои зиддиаритмиявӣ бояд қатъ карда шавад.
· Ҳангоми табобат мунтазам ЭКГ барои назорати ритми дил ва фосилаи QT гузаронида шавад.
· Дар беморони гирифтори шакли доимии фибриллятсияи пешдилҳо, норасоии шадиди дил ё халалдоршавии шадиди фаъолияти систолавии меъдачаи чап истифода бурда намешавад.
· Пеш аз оғози табобат ва дар ҷараёни он фаъолияти ҷигар ва гурдаҳо бояд назорат карда шавад.
· Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои осеби ҷигар, норасоии дил ё аритмия табобат бояд аз нав арзёбӣ карда шавад.
·Ҳангоми табобат аз истеъмоли шарбати грейпфрут худдорӣ намоед.