5 мг / 20 мг - 5 мл

Шакл Суспензия
Фаъол модда Домперидон / Симетикон
Шакли пешниҳод Флакон 60 мл
Категорияи табобат Системаи хозима

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 мл суспензия :

Домперидон – 1 мг,

Симетикон – 4 мг.

НИШОНДОДҲО 

·  Маҷмӯи нишонаҳои диспепсӣ, ки аксаран бо суст шудани холишавии меъда, рефлюкси гастроэзофагеалӣ ва эзофагит алоқаманд мебошанд (эҳсоси пуршавӣ дар минтақаи эпигастрӣ, дамиши шикам, дард дар қисми болоии шикам, оруғзанӣ, метеоризм, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, сӯзиши дил ва регургитатсия); 

·  дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ бо пайдоиши функсионалӣ, органикӣ ё сироятӣ, ки аз радиотерапия, терапияи доруӣ ё вайроншавии парҳез ба вуҷуд омадаанд; 

·  дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ, ки аз ҷониби агонистҳои допамин ҳангоми истифода дар бемории Паркинсон (ба монанди L-допа ва бромокриптин) ба вуҷуд омадаанд; 

·синдроми қайти ғизо (срыгивание), қайкунии даврӣ, рефлюкси гастроэзофагеалӣ ва дигар ихтилолҳои моторикаи меъда дар кӯдакон.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Барои калонсолон ва кӯдакони аз 12-сола боло:

    • Ҳангоми диспепсияи музмин — 10 мл суспензия 3 маротиба дар як шабонарӯз, 15–30 дақиқа пеш аз хӯрок ва пеш аз хоб. 
    • Ҳангоми дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ — 10–20 мл суспензия 3–4 маротиба дар як шабонарӯз пеш аз хӯрок ва пеш аз хоб. 

Барои кӯдакони то 12-сола:

    • Ҳангоми диспепсияи музмин — 2,5 мл суспензия ба ҳар 10 кг вазни бадан 3 маротиба дар як шабонарӯз пеш аз хӯрок ва пеш аз хоб. 
    • Ҳангоми дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ — 5 мл суспензия ба ҳар 10 кг вазни бадан 3–4 маротиба дар як шабонарӯз пеш аз хӯрок ва пеш аз хоб. 

Пеш аз истифода шишачаи суспензия бояд хуб такон дода шавад. Вояи максималии шабонарӯзии домперидон набояд аз 80 мг (80 мл дору) зиёд бошад.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Допрокин-С суспензия дар шишача бо ҳаҷми 60 мл ҳамроҳ бо стакончаи ченкунанда. 

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Допрокин-С доруи зиддиқайкунӣ ва ангезандаи моторикаи рӯдаи меъда мебошад.

Домперидон антагонисти селективии ретсепторҳои периферии допамин буда, дорои таъсири зиддиқайкунӣ мебошад. Таъсири зиддиқайкунӣ бо якҷояшавии таъсири периферӣ (гастрокинетикӣ) ва антагонизм нисбат ба ретсепторҳои допамин дар минтақаи триггерии хеморетсепторҳо вобаста аст. Ба секресияи меъда таъсир намерасонад ва аз монеаи гематоэнсефалӣ суст мегузарад. Ҳангоми қабули даҳонӣ ҷамъ намешавад ва метаболизми худро индуксия намекунад. Пайвастшавӣ бо сафедаҳои плазма 91–93%-ро ташкил медиҳад. Дар ҷигар тавассути гидроксилшавӣ ва N-дезалкилизатсия метаболизм мешавад. Дар шакли бетағйир бо наҷосат (10%) ва пешоб (1%) хориҷ мегардад. Нимҳаёти хориҷшавӣ (T1/2) 7–9 соатро ташкил медиҳад.

Симетикон дорои хусусиятҳои сатҳфаъол буда, миқдори газҳоро дар рӯда коҳиш медиҳад. Шиддати сатҳии ҳубобчаҳои газро дар роҳҳои ҳозима паст намуда, боиси кафидани онҳо мегардад; газҳои озодшуда тавассути девори рӯда ҷаббида мешаванд ё бо ёрии перисталтика хориҷ мегарданд. Аз ҷиҳати химиявӣ ғайрифаъол буда, дар ковокии рӯда паҳн мешавад, дар организм метаболизм намешавад ва бо наҷосат дар шакли бетағйир хориҷ мегардад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

Ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору; хунравии роҳҳои меъдаю рӯда; монеаи механикӣ ё перфоратсияи роҳҳои меъдаю рӯда; омоси гипофиз, ки пролактин ҳосил мекунад.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Таъсирҳои номусоид кам мушоҳида мешаванд; дар ҳолатҳои алоҳида эҳтимоли пайдоиши спазмҳои гузарандаи рӯда вуҷуд дорад.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Доруҳои антихолинергӣ метавонанд таъсири зиддидиспепсии Допрокин-С-ро безарар гардонанд. Антацидҳо ва доруҳои антисекреторӣ набояд ҳамзамон бо Допрокин-С истифода шаванд.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Допрокин-С бояд бо эҳтиёт ба беморони гирифтори норасоии ҷигар таъин карда шавад, зеро домперидон дар ҷигар ба дараҷаи баланд метаболизм мешавад. Ҳангоми норасоии гурда зиёд кардани фосилаи байни қабули дору тавсия дода мешавад.

Дору барои истифода дар кӯдакони то 1-сола тавсия дода намешавад.

Допрокин-С ба қобилияти идора кардани воситаҳои нақлиёт ва кор бо механизмҳо таъсир намерасонад.

Истифода дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ:

 Истифодаи дору дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ танҳо дар ҳолате мумкин аст, ки фоидаи интизоршавандаи табобат барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин ва кӯдак зиёдтар бошад.