ДИОГЕС
Бозгашт ба маҳсулот3 г.
| Шакл | Хока б/сусп. |
|---|---|
| Фаъол модда | Диосмектит |
| Шакли пешниҳод | 30-то пакетчаҳо |
| Категорияи табобат | Системаи хозима |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Ҳар як халтача дорои:
- Диосмектит — 3 г.
НИШОНДОДҲО
· Табобати дарунравии шадид дар кӯдакони аз 2-сола боло (ҳамроҳ бо регидрататсияи даҳонӣ) ва калонсолон.
· Табобати симптоматикии дарунравии музмини функсионалӣ дар калонсолон.
·Табобати симптоматикии дарди вобаста ба бемориҳои функсионалии рӯда дар калонсолон.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Табобати дарунравии шадид:
- Калонсолон: дар як шабонарӯз 3 халтача дар давоми 7 рӯз. Дар оғози табобат вояи шабонарӯзиро метавон то 2 маротиба зиёд кард.
- Кӯдакони аз 2-сола боло: 2 халтача дар як шабонарӯз дар давоми 7 рӯз. Дар оғози табобат низ вояи шабонарӯзиро метавон 2 маротиба зиёд кард.
Тарзи истифода:
- Пеш аз истифода суспензия тайёр карда мешавад.
- Барои калонсолон: мундариҷаи як халтачаро дар ним истакон об ҳал намуда, тадриҷан хока рехта, хуб омехта кунед. Беҳтараш байни хӯрокхӯрӣ қабул карда шавад.
- Барои кӯдакон: мундариҷаи як халтачаро дар 50 мл об ҳал намуда, дар давоми рӯз ба чанд қабул тақсим кардан мумкин аст ё бо ғизои ниммоеъ (каша, пюре, компот ё ғизои кӯдакона) омехта карда дода мешавад.
Агар ҳангоми табобат беҳбудӣ ба назар нарасад, нишонаҳо шиддат ёбанд ё нишонаҳои нав пайдо шаванд, бояд ба духтур муроҷиат кард.
шАКЛИ БАРОРИШ
Хока барои тайёр кардани суспензия барои истеъмоли даҳонӣ, 3 г, №30
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Диосмектит дорои хусусиятҳои адсорбсионӣ ва муҳофизаткунандаи луобпардаи роҳи меъдаю рӯда мебошад.
- Газҳоро дар рӯдаи калонсолон ҷаббида мекунад.
- Гузаронандагии муқаррарии луобпардаи рӯдаро барқарор менамояд.
- Ба туфайли сохтори қабатӣ ва часпакии баланд луобпардаи роҳи меъдаю рӯдаро муҳофизат мекунад.
- Луобро устувор намуда, таъсири муҳофизаткунанда аз кислотаи гидрохлоридӣ, намакҳои сафро ва дигар омилҳои ангезанда мерасонад.
- Энтеротоксинҳо, бактерияҳо ва вирусҳоро ҷаббида мекунад.
- Монеаи муҳофизатии луобпардаи рӯдаро тақвият медиҳад.
- Ба барқарор шудани монеаи эпителиалии осебдида аз таъсири ситокини илтиҳобии TNF-α мусоидат мекунад.
ЗИДНИШОНДОДҲО
- Ҳассосияти баланд ба моддаи фаъол ё ягон ҷузъи ёридиҳандаи дору.
- Кӯдакони то 2-сола.
Бо эҳтиёт истифода бурда шавад:
- Дар бемороне, ки дар гузашта қабзияти музмини шадид доштанд.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
- Зуд-зуд: қабзият.
- Камтар: қайкунӣ.
- Нодир: боднокшавии рӯда (метеоризм).
- Басомадаш номаълум: аксуламалҳои ҳассосияти баланд (донача, хориш, занбӯруғчаи пӯст (крапивница), варами ангионевротикӣ).
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Диосмектит қобилияти баланди адсорбсионӣ дорад, бинобар ин метавонад ҷаббиши дигар доруҳоро ҳангоми истифодаи ҳамзамон кам кунад. Тавсия дода мешавад, ки байни қабули диосмектит ва дигар доруҳо на камтар аз 2 соат фосила нигоҳ дошта шавад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
· Ҳангоми табобати дарунравии шадид, доруро бояд ҳамроҳ бо регидрататсияи даҳонӣ истифода бурд, махсусан дар кӯдакон.
·Агар нишонаҳо зиёда аз 7 рӯз давом кунанд, шиддат ёбанд ё бо таби баланд, хун дар наҷосат ё аломатҳои беобшавӣ ҳамроҳ бошанд, бояд ба духтур муроҷиат кард.
· Ҳангоми табобат нӯшидани миқдори кофии моеъ тавсия дода мешавад.
· Дар бемороне, ки қаблан қабзияти музмини шадид доштанд, дору бояд бо эҳтиёт истифода шавад.
· Бо сабаби хусусиятҳои адсорбсионии диосмектит, байни қабули он ва дигар доруҳо на камтар аз 2 соат фосила нигоҳ доштан тавсия дода мешавад.