ДЕКЛОСИД МАЛХАМ
Бозгашт ба маҳсулот0,25 мг / 10 мг / 1 мг / 20 мг - 1 г
| Шакл | Малӽам |
|---|---|
| Фаъол модда | "Беклометазон дипропионат / Клотримазол / Гентамицин сулфат / Клиохинол" |
| Шакли пешниҳод | Малӽам 30 г. |
| Категорияи табобат | Беморихои пуст |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 г малӽам:
беклометазон дипропионати беоб — 0,25 мг;
клотримазол — 10 мг;
гентамицин сулфат — 1 мг;
клиохинол — 20 мг.
НИШОНДОДҲО
· дерматитҳо;
· экзема;
· нейродермит;
· отомикозҳо;
· эпидермофитияи пой ва минтақаи каш;
· бемориҳои пустулавии пӯст;
·осебҳои занбӯруғии байни ангуштон ва дигар осебҳои занбӯруғии пӯсти ҳамвор.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Миқдори ками креми Деклосидро бо қабати тунук ба қисми осебдидаи пӯст 2 маротиба дар як шабонарӯз мемоланд. Давомнокии табобат 2–4 ҳафтаро ташкил медиҳад.
Бояд ба назар гирифт, ки дар пӯсти рӯй тағйироти атрофӣ пас аз истифодаи дарозмуддат нисбат ба дигар қисмҳои бадан бештар пайдо мешаванд, бинобар ин давомнокии табобат набояд аз 5 рӯз зиёд бошад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Малхам барои истифодаи берунӣ, 30 г.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Деклосид — доруи якҷояшуда барои истифодаи берунӣ буда, барои табобати бемориҳои пӯст истифода мешавад. Таъсири дору аз ҳисоби ҷузъҳои таркибӣ — беклометазон дипропионат, клотримазол, гентамицин сулфат ва клиохинол таъмин мегардад.
Беклометазон дипропионат — глюкокортикостероиди синтетикӣ буда, таъсири зиддиилтиҳобӣ, зиддиаллергӣ, зиддиэкссудативӣ ва зиддихориш дорад.
Клотримазол ҳосилаи имидазол буда, таъсири зиддизанбӯруғӣ дорад ва синтези эргостерини мембранаи ҳуҷайравии занбӯруғҳоро халалдор мекунад. Нисбат ба Trichophyton rubrum, Trichophyton mentagrophytes, Epidermophyton floccosum, Microsporum canis, Candida albicans, Malassezia furfur, инчунин Corynebacterium minutissimum, Streptococcus spp., Staphylococcus spp. ва Trichomonas vaginalis фаъол мебошад.
Гентамицин сулфат — антибиотики гурӯҳи аминогликозидҳои дорои спектри васеи таъсир буда, таъсири бактерисидӣ дорад. Нисбат ба бактерияҳои грамманфӣ ва граммусбат, аз ҷумла Pseudomonas aeruginosa, Escherichia coli, Klebsiella spp., Proteus vulgaris, Streptococcus spp. ва Staphylococcus spp. фаъол мебошад.
Клиохинол таъсири антибактериалӣ, антисептикӣ ва зиддизанбӯруғӣ дорад. Таъсири маҳаллӣ бо қобилияти йод барои таҳшин кардани сафедаҳои бофта вобаста аст.
ЗИДНИШОНДОДҲО
Таҳаммулнопазирии инфиродӣ ба ҷузъҳои таркибии дору; сили пӯст; зуҳуроти пӯсти сифилис; обилаи бодӣ; герпеси оддӣ; аксуламалҳои пӯст пас аз эмкунӣ; молидан ба сатҳи кушодаи захм; кӯдакони то 7-сола.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Аксуламалҳои маҳаллӣ: сурхшавии пӯст, эҳсоси сӯзиш ва хориш дар ҷойи молидани дору. Ҳангоми пайдо шудани ангезиш истифодаи дору бояд қатъ карда шавад.
Аксуламалҳои аллергӣ имкон доранд.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Таъсири мутақобилаи аз ҷиҳати клиникӣ аҳамиятноки дору бо дигар воситаҳои доруӣ муайян карда нашудааст.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Дору дар офтальмология истифода намешавад. Молидани дору ба пӯст дар минтақаи чашм манъ аст.
Бояд аз молидани дору ба пӯсти осебдида ва захмҳои кушода худдорӣ кард.
Ҳангоми пайдо шудани микрофлораи устувори бактериявӣ ё занбӯруғӣ истифодаи дору бояд қатъ гардида, табобати мувофиқ таъин карда шавад.
Имкони рушди резистентнокии байниҳамдигарӣ бо антибиотикҳои гурӯҳи аминогликозидҳо вуҷуд дорад.
Ҳангоми табобати дарозмуддат қатъи истифодаи дору бояд тадриҷан анҷом дода шавад.
Истифода дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ:
Истифодаи Деклосид дар давраи ҳомиладорӣ танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки фоидаи интизоршаванда барои модар аз хатари эҳтимолӣ барои ҷанин зиёд бошад.
Маълум нест, ки ҷузъҳои дору ба шири модар мегузаранд ё не, бинобар ин ҳангоми зарурати истифодаи дору дар давраи ширмаконӣ масъалаи қатъи ширмаконӣ бояд ҳал карда шавад.
Истифода дар педиатрия:
Ба кӯдакони аз 7-сола боло дору танҳо тибқи нишондодҳои қатъӣ ва таҳти назорати духтур таъин карда мешавад, зеро эҳтимоли пайдоиши таъсирҳои номатлуби системавии вобаста ба беклометазон вуҷуд дорад.
Ҳангоми истифодаи Деклосид, монанди дигар глюкокортикостероидҳои барои истифодаи берунӣ, дар сатҳҳои васеи пӯст мумкин аст фурӯнишонии фаъолияти системаи гипоталамус-гипофиз-ғадуди болои гурда, пастшавии ихроҷи гормони рушд ва баландшавии фишори дохили косахона мушоҳида гардад.
Доруро дар ҷои барои кӯдакон дастнорас нигоҳ дошта, пас аз анҷоми мӯҳлати истифода истеъмол накунед.