300 мг

Шакл Капсулаҳо
Фаъол модда Кислотаи урсодезоксихолӣ
Шакли пешниҳод 20-то капсула
Категорияи табобат Системаи хозима

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Дар 1 капсула:

кислотаи урсодезоксихолӣ — 300 мг.

НИШОНДОДҲО 

·  бемории санги талха бе мураккабӣ; 

·  стеатогепатити ғайриалкоголӣ; 

·  гепатити шадид ва музмини вирусӣ; 

·  осебҳои заҳрноки ҷигар; 

·  гепатити музмини фаъол; 

·  осебҳои ҷигар аз алкогол; 

·  сиррози ибтидоии билиарии ҷигар; 

·  холангити ибтидоии склерозкунанда; 

·  фибрози кистозӣ; 

·  атрезияи модарзодии роҳҳои талха дар дохили ҷигар; 

·  холестаз ҳангоми ғизодиҳии парентералӣ; 

·  гастрит ва эзофагити рефлюксии билиарӣ; 

·  синдроми диспепсияи билиарӣ; 

·  дискинезияи роҳҳои талха; 

·пешгирӣ: 

    • осеби ҷигар ҳангоми истифодаи контрасептивҳои гормонӣ ё цитостатикҳо; 
    • пайдоиши санги талха дар беморони фарбеҳ ҳангоми камшавии босуръати вазн.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Барои табобати бемориҳои шадид ва музмини ҷигар ва ҳал кардани сангҳои талха: 

    • воя: 10–15 мг/кг вазни бадан; 
    • давомнокии табобат: аз чанд моҳ то 2 сол. 

  Барои гастрити рефлюксии билиарӣ ва эзофагити рефлюксӣ: 

    • воя: 300 мг; 
    • давомнокии табобат: 10–14 рӯз.

шАКЛИ БАРОРИШ

Капсулахо №20.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Холудексан – аз гурухи гепатопротектор.

Таъсири фармакологӣ:

    • ҳалкунандаи сангҳои талха; 
    • холеретикӣ (афзояндаи ҷудошавии талха); 
    • гепатопротекторӣ; 
    • пасткунандаи холестерин; 
    • иммуномодуляторӣ. 

Фармакокинетика:

    • дар рӯда ҷаббида мешавад; 
    • Cmax = 5,5 ммоль/л баъди 1 соат; 
    • дар ҷигар ба конъюгатҳои таурин ва глицин мубаддал мешавад ва бо талха хориҷ мегардад; 
    • бо сафедаҳои плазма то 99% пайваст мешавад; 
    • аз плацента мегузарад; 
    • 50–70% тавассути рӯда хориҷ мешавад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

·  ҳассосияти баланд ба дору; 

·  бемориҳои шадиди илтиҳобии талхадон ва роҳҳои талха; 

·талхадони ғайрифаъол (фаъолиятнадошта).

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

. ·дарунравӣ; 

·дарди пушт.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Доруҳои зиддикислота, ки ионҳои алюминий доранд, инчунин қатронҳои ионтаъминкунанда (масалан, колестирамин) ҷаббида шудани доруро кам мекунанд.

Доруҳои пасткунандаи липидҳо (махсусан клофибрат), эстрогенҳо, неомицин ва прогестинҳо метавонанд қобилияти доруро барои ҳал кардани сангҳои холестеринии талха коҳиш диҳанд..  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

·  Доруҳои зиддикислота, ки ионҳои алюминий доранд, инчунин қатронҳои ионтаъминкунанда (масалан, колестирамин) ҷаббида шудани доруро кам мекунанд. 

·Доруҳои пасткунандаи липидҳо (махсусан клофибрат), эстрогенҳо, неомицин ва прогестинҳо метавонанд қобилияти доруро барои ҳал кардани сангҳои холестеринии талха коҳиш диҳанд.