ЦЕФАМЕД
Бозгашт ба маҳсулот1 г
| Шакл | Хокаи лиоф. б/тазр. |
|---|---|
| Фаъол модда | Цефтриаксон натрия |
| Шакли пешниҳод | Флакон №1+1 |
| Категорияи табобат | Маводхои зидиинфектсиони |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 флакон:
Цефтриаксон натрий — 1,0 г.
НИШОНДОДҲО
Цефамед барои табобати бемориҳои зерин дар калонсолон ва кӯдакон, аз ҷумла навзодони пурра (аз таваллуд) нишон дода мешавад:
- менингити бактериявӣ;
- пневмонияи берунбемористонӣ;
- пневмонияи бемористонӣ;
- отити миёнаи шадид;
- сироятҳои дохилишикам;
- сироятҳои мураккаби роҳҳои пешоб (аз ҷумла пиелонефрит);
- сироятҳои устухон ва буғумҳо;
- сироятҳои мураккаби пӯст ва бофтаҳои нарм;
- гонорея;
- сифилис;
- эндокардити бактериявӣ.
Цефамед метавонад истифода шавад:
- барои табобати шадидшавии бемории музмини обструктивии шуш дар калонсолон;
- барои табобати боррелиози паҳншудаи Лайм (марҳилаи II ва III) дар калонсолон ва кӯдакон, аз ҷумла навзодон аз 15-рӯза;
- барои пешгирии пеш аз ҷарроҳии сироятҳои маҳалли ҷарроҳӣ;
- барои табобати беморони нейтропения ва таб бо гумони сирояти бактериявӣ;
- барои табобати бактериемия, ки аз ин сироятҳо ба вуҷуд омадааст ё гумон меравад ба вуҷуд омада бошад.
Цефамед бояд дар якҷоягӣ бо дигар доруҳои зиддибактериявӣ истифода шавад, агар эҳтимол меравад ангезандаҳо ба спектри таъсири он дохил нашаванд.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Цефамед ба дохили мушак (в/м) ва инчунин ба дохили вена (струйно ё инфузия) ворид карда мешавад.
Вояҳои зерин вояҳои умумии тавсияшуда мебошанд. Ҳангоми бактериемия истифодаи вояҳои максималӣ дар доираи тавсияшуда бояд баррасӣ карда шавад.
Ҳангоми истифодаи зиёда аз 2 г дар як шабонарӯз, вояи умумӣ бояд ба 2 маротиба (ҳар 12 соат) тақсим карда шавад.
Калонсолон ва кӯдакони аз 12 сола боло (≥50 кг), схемаҳои махсус:
- Отити миёнаи шадид: 1–2 г ба дохили мушак 1 маротиба дар як рӯз дар давоми 3 рӯз.
- Пешгирии пеш аз ҷарроҳӣ: як маротиба 2 г пеш аз амалиёт.
- Гонорея: як маротиба 500 мг ба дохили мушак.
- Сифилис: 500 мг–1 г 1 маротиба дар як рӯз, дар нейросифилис то 2 г 1 маротиба дар як рӯз; давомнокӣ 10–14 рӯз. Тавсияҳо маҳдуданд, бояд дастурҳои миллӣ ё маҳаллӣ ба назар гирифта шаванд.
- Боррелиози паҳншудаи Лайм (марҳилаи II ва III): 2 г 1 маротиба дар як рӯз дар давоми 14–21 рӯз.
Кӯдакон
- Навзодон, тифлон ва кӯдакони аз 15 рӯз то 12 сол (<50 кг): вояҳои педиатрӣ истифода мешаванд.
- Кӯдакони ≥50 кг вояи калонсолонро мегиранд.
Норасоии гурда
- Одатан ислоҳи воя лозим нест, агар функсияи ҷигар муътадил бошад.
- Дар норасоии шадиди гурда (клиренси креатинин <10 мл/дақ) воя набояд аз 2 г/рӯз зиёд бошад.
- Дар беморони гемодиализ пас аз амалиёт вояи иловагӣ лозим нест.
- Цефтриаксон бо диализи перитонеалӣ хориҷ намешавад.
Норасоии шадиди гурда ва ҷигар
- Назорати клиникӣ барои бехатарӣ ва самаранокӣ зарур аст.
шАКЛИ БАРОРИШ
Флакон бо хока №1 бо маҳлули ҳалкунанда (лидокаин)
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Цефамед антибиотики гурӯҳи цефалоспоринҳои насли III бо спектри васеи таъсир мебошад. Он таъсири бактерисидӣ дошта, тавассути боздоштани синтези девори ҳуҷайравии бактерияҳо амал мекунад. Ба аксари бактерияҳои грамманфӣ, бисёр бактерияҳои грамммусбат ва баъзе анаэробҳо фаъол аст. Ба таъсири бета-лактамазаҳое, ки бактерияҳо ҳосил мекунанд, устувор мебошад.
Микроорганизмҳои грамманфии аэробӣ, ки ҳассосанд: Aeromonas spp., Alcaligenes spp., Branhamella catarrhalis, Citrobacter spp., Enterobacter spp. (баъзе штаммҳо устуворанд), Escherichia coli, Haemophilus ducreyi, Haemophilus influenzae, Haemophilus parainfluenzae, Klebsiella spp. (аз ҷумла K. pneumoniae), Moraxella spp., Morganella morganii, Neisseria gonorrhoeae, Neisseria meningitidis, Plesiomonas shigelloides, Proteus mirabilis, Proteus vulgaris, Providencia spp., Pseudomonas aeruginosa (баъзе штаммҳо устуворанд), Salmonella spp. (аз ҷумла S. typhi), Serratia spp. (аз ҷумла S. marcescens), Shigella spp., Vibrio spp. (аз ҷумла V. cholerae), Yersinia spp. (аз ҷумла Y. enterocolitica).
Баъзе штаммҳои ба дигар антибиотикҳо (пенициллинҳо, цефалоспоринҳои насли I–II ва аминогликозидҳо) устувор метавонанд ба Цефамед ҳассос бошанд.
Бактерияҳои граммусбати аэробӣ, ки ҳассосанд: Streptococcus agalactiae, Staphylococcus aureus (аз ҷумла штаммҳои тавлидкунандаи пенициллиназа), Streptococcus bovis, Staphylococcus epidermidis, Streptococcus pneumoniae, Streptococcus pyogenes, Streptococcus viridans.
Staphylococcus spp. бо муқовимат ба метициллин ба цефалоспоринҳо, аз ҷумла Цефамед, устувор мебошанд. Аксари Enterococcus spp. низ ба дору устуворанд.
Анаэробҳои ҳассос: Bacteroides spp., Clostridium spp. (ғайр аз C. difficile), Fusobacterium spp. (ғайр аз F. mortiferum ва F. varium), Peptococcus spp., Peptostreptococcus spp. Баъзе штаммҳои Bacteroides spp. (масалан B. fragilis), ки бета-лактамаза ҳосил мекунанд, устуворанд.
ЗИДНИШОНДОДҲО
· Ҳассосияти баланд ба цефтриаксон.
· Реаксияҳои шадиди ҳассосият (масалан, анафилаксия) дар таърих ба дигар доруҳои антибактериалии гурӯҳи бета-лактамҳо.
· Навзодони пешазмӯҳлат таваллудшуда
· Навзодони пурмӯҳлат (то 28 рӯз) бо:
- гипербилирубинемия,
- зардпарвин,
- гипоальбуминемия,
- ацидоз.
·Зарурати воридкунии дохиливенаи калсий ё инфузияҳои дорои калсий, бо сабаби хатари ташаккули намакҳои калсийи цефтриаксон.
· Истифодаи дохиливенаи маҳлулҳои цефтриаксон, ки лидокаин доранд, манъ аст.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Реаксияҳои эҳтимолии номатлуб:
Бисёр вақт/имконпазир:
- дарунравӣ
- дилбеҳузурӣ
- стоматит
- глоссит
- эозинофилия
- лейкопения
- реаксияҳои аллергӣ
Кам-кам:
- дарди сар
- сарчархзанӣ
- баланд шудани фаъолнокии трансаминазаҳои ҷигар
- баланд шудани креатинин дар зардоби хун
Ҳолатҳои алоҳида:
- колити псевдомембранозӣ
- вайроншавии лахташавии хун
- дард дар рафти раг ҳангоми воридкунии дохиливенаӣ.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Цефамедро набояд дар як флакон ё сӯзандору бо дигар антибиотикҳо омехта кард.
Цефамед ва аминогликозидҳо нисбат ба бисёр бактерияҳои грамманфӣ синергизм нишон медиҳанд.
Бо сабаби номувофиқӣ истифодаи маҳлулҳои дорои калсий барои ҳал кардани цефтриаксон иҷозат дода намешавад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Дар ҳолати пайдо шудани реаксияҳои шадиди ҳассосият, табобат бо цефтриаксон бояд фавран қатъ карда шуда, чораҳои фаврии мувофиқ андешида шаванд.
Ҳангоми таъйини цефтриаксон ба бемороне, ки дар таърих реаксияҳои сабуки ҳассосият ба дигар доруҳои бета-лактам доштаанд, эҳтиёткорӣ лозим аст.
Истифода дар кӯдакон
Миқдори бехатар ва самараноки доруи Цефамед барои навзодон, ширхорҳо ва кӯдакон муайян шудааст . Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки цефтриаксон, мисли баъзе дигар цефалоспоринҳо, метавонад билирубинро аз пайвастшавӣ бо альбумин ҷудо кунад.
Цефамед дар навзодони пешазмӯҳлат ва пурмӯҳлат бо хатари инкишофи энсефалопатияи билирубинӣ манъ аст.
Табобати дарозмуддат
Ҳангоми табобати дарозмуддат бояд таҳлили умумии хун дар фосилаҳои мунтазам гузаронида шавад.